Илм ва фарҳангСиёсат

АЗ АЛИФБЕ ТО АЛИФБО

                                                                     Додоҷони Атовуллоҳ,                                                                                                   сиёсатмадор, рӯзноманигор                                                                                        муассиси ҷунбиши “ Ватандор”

АГАР ман тоҷик намебудам, агар дар нахустин алифбоям ҳарфҳо дар як пора тахтачӯби бурсие, ки тағоям бароям сохта буданд, намебуд ва номашро АЛИФБЕ гуфта буданд, намебуд, боз ҳам бозгашт ба дабираи ниёгонамро, ки алифбои арабӣ мегӯед ё арабиасос, мепарастидам.

Ин тахтача бо ҳарфҳои ҳатто сураташон зебо нахустин моли муқаддаси ман буд, ки онро бе гуфтани “бисмиллоҳ” модарам манъ мекард, ки ба даст гирам.

Аз “мактаби нав” ҳам пештар ба “мактаби куҳна” рафта будам. Нахустин устодонам кампири Хадича ва апаи Катта буданд. Ҳанӯз дар гӯшам овози онҳо садо медиҳад: “Алиф бо лом забар ал, ҳе бо мим забар ҳам, дол пеш ду…

Нахустин шахсе, ки ҳасад бурдаам, бобоям буданд, ки бо ҳарфҳое, ки ман нав ошно мешудам, китоб мехонданд. Чунин мутолиъаро ман ҳеч гоҳ надидаам. Ҳар рӯз соатҳо машғули хондан буданд. Ва баъдтар чун бузургтар гаштам, ҳайрон мешудам, ки “ба ин кас 18 сол дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро кам буд, ки боз мехонанду мехонанд”. Агар ман шавқе ба хондан пайдо кардаам решааш аз ҳамон ҷост.

АГАР ман тоҷик намебудаму Самарқанду Теҳрон, Бухорову Ҳирот, Шерозу Кобулро медидам, орзу мекардам, ки аз сокинони ин шаҳрҳои қадимитарини дунё бошам.

АГАР ман тоҷик намебудам, Мавлоною Бедилу Ҳофизу Иқболро мехондам ва ҳатман мехостам, ки ба забони онҳо бигӯям, бисароям, бигирям.

Калимаи форс, перс, Persian, Persisch як калимаи ифтихоровар аст. Аз Африқову Амрико то Аврупо баробари ба забон овардани ин ҳадис ба соҳибон ё донандагони ин забон муносибати одамон дигар мешавад.

АГАР миллатпарастӣ мешуморед, бишморед! Аммо ин забон ин қадар зебост. Ин қадар тавоност. Ин қадар бепаҳност. Ин забон забони ишқ аст, забони шеър аст, забони илму ирфон аст, забони набард аст, забони озодист.

Номи садҳо андешамандон ва мутафаккирони ҷаҳонро метавонам биёварам, ки ошиқи форсу форсӣ будаанд. Аммо моро чӣ бало задааст, ки аз гузаштаи худ на танҳо мегурезем, балки ба рағмаш меситезем?

АГАР қаблан баҳона доштем, ки Шӯравӣ моро ҷудо кард, ҳоло чӣ? Бе форсиву дабираи форсӣ мо ҳаминем, ки мебинед.

Як дарахти тӯфонзада.

Як чашмаи хушкида.

Форсӣ бо дабираи пириллик мисли маризест, ки дар сари сакарот пизишки ноогоҳе ба ӯ шитобон хун гузаронидааст. Хуне, ки ресусаш (резус) дигар аст. Бо ин хун метавон боз чанде зист, аммо оқибаташ марг аст! Ягона роҳи наҷот хуни худиро гузаронидан, яъне ба дабираи форсӣ гузаштан аст. Дигар роҳе нест.

Имрӯз мо маризем.

Ҷомеъаи мо мариз аст.

Ҳукумати мо мариз аст.

Мухолифати мо мариз аст.

Ватани мо мариз аст.

Мо тифлем, ки аз синаи модар кандаанд.

Мо як канал ё ҷӯйбори сунъием, ки аз дарёи хурӯшон бурун кашидаанд. Мо ба дарё мепайвандем ё дар саҳро фано мегардем?!

Ин аст суол…

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *