СиёсатТоҷикистон

Баёнияи ҲНИТ дар робита бо муноқишаи блогерони тоҷик

Раёсати Олии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон18 феврал бо нашри як баёния муноқишаи хушунатомези миёни блогерони тоҷики муқими Олмонро шадидан маҳкум намуда, таъкид кардааст, ки  ҳеҷ яке аз онҳо ба ҲНИТ рабте надоранд. Дар матни баёния, ки дар сомонаи ҳизб чоп шудааст, аз ҷумла омадааст, ки “дар фазои маҷозӣ шахсиятҳои гуногуне  мустақилона амал мекунанд ва мубориза бар зидди зулму беадолатиро ҳаққи худ медонанд, аммо аксарияти онҳо ба наҳзат рабте надоранд ва масъулияти амал ва гуфтаҳои онҳо бар души худашон” буда  “ робитаҳои хешовандӣ ва шахсии инсонӣ наметавонад муайянкунандаи  робитаи сиёсии афрод ва рабти онҳо ба ҳизбу гурӯҳҳои мухталиф бошад”.

Дар баёния таъкид гардидааст, ки “мутаассифона, бархе доираҳо пайваста бо сӯистифода аз чунин фурсатҳо нисбати ҲНИТ  сиёҳнамоӣ мекунанд. Ҳодисаи охир ҳам истисно набуд ва бархеҳо бидуни ҳеҷ далеле талош доранд дар шабакаҳо таблиғоти зиддинаҳзатиро роҳандозӣ намоянд. Раёсати Олии ҲНИТ таъкид мекунад, ки ҳеҷ яке аз иштирокдорони муноқиша дар ҳеҷ замоне узви ин ҳизб набуда ва нестанд.  ҲНИТ ҳамеша таъкид кардааст, ки мавқеъи ин ҳизбро аз сомонаи расмии ҲНИТ ва саҳифаи расмии он дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонед пайгирӣ кунед ва амалу гуфтори ҳеҷ кас ба мавқеъи наҳзат рабте надорад”.

Ёдовар мешавем, ки ба сар задани ин муноқиша навори блогнависи тоҷики муқими Олмон Музаффар Давлатов бо тахаллуси “ BorodaTJ” сабаб гардид. Ӯ дар ин навор ба Сулаймони Орзу, писари узви аршади ҲНИТ Абдукарими Орзу муроҷиат карда, бо лаҳни хашин ва тунд мегӯяд, ки номбурда ӯро пас аз баргаштанаш аз Тоҷикистон ва васфу ситоиши кишвар аз “рушду ободӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум” ба дурӯғгӯйӣ ва таҳрифи воқеият гунаҳкор намуда, таҳқир кардааст. Музаффар Давлатов дар ин навор дар маҷмӯъ мухолифини табъидиро “ хоинони миллат” номида, Сулаймони Орзуро ба “ мулоқоти як ба як” даъват менамояд. Нашри ин навор боиси он мешавад, ки рӯзи 17 феврал Сулаймони Орзу бо ҳамроҳии 7 нафар аз тоҷикҷавонони муқими Олмон ба назди Музаффар Давлатов рафта, бо ӯ муноқишаи лафзӣ ва ҷисмонӣ анҷом медиҳанд, ки дар он Музаффар Давлатов аз зарби тири тапончаи осебзо ҷароҳат мебардорад. Сипас Музаффар Давлатов навори аввалаи худро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазф карда, бо нашри навори дигар аз мухолифини табъидӣ пӯзиш хоста, мегӯяд, ки мухотаби ӯ танҳо Сулаймони Орзу мебошад.

  Тафсилоти муноқишаро пулис мавриди баррасӣ қарор додааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *