СиёсатҲуқуқи башарҶаҳон

Ба Навалний ҷоизаи “Шуҷоат”-и Маҷмаи ҳуқуқи башари Женев эҳдо шуд

Сиёсатмадор Алексей Навалний бо ҷоизаи “Шуҷоат”-и Маҷмаи Женев оид ба ҳуқуқи башар ва демократия мукофотонида шуд. Дар ин бора  сомонаи Навалний хабар медиҳад.

Ҷоизаи “Шуҷоат” баландтарин мукофоти Маҷмаи Женев ҳисобида мешавад.

“Ҷаноби Навалний ба далели  ҷасорати фавқулоддааш дар ҳимояи адолат ва ҳуқуқи башар ба унвони илҳомбахши ҷаҳонӣ интихоб шудааст”, – гуфта мешавад дар номаи ҷоиза.

Маросими супоридани ҷоиза дар моҳи июн ба тариқи онлайн баргузор мешавад. Созмондиҳандагони ин маҷмаъ ибрози умедворӣ карданд, ки Навалний ба зудӣ раҳо шавад ва тавонад шахсан  ҷоизаро дарёфт кунад.. Агар ин иттифоқ наяфтад, як узви оилаи сиёсатмадор ба маросими супоридани ҷоиза  даъват карда мешавад.

Дар ин нома ишора шудааст, ки барандагони қаблии ҷоизаи “Шуҷоат” мухолифи чинӣ Чен Гуанченг, блогнависи маҳкумшуда аз Арабистони Саудӣ Рауф Бадавӣ ва  раиси Ҷумҳурии Молдив, раҳбари мухолифин Муҳаммад Нашид буданд.

Маҷмаи Женев оид ба ҳуқуқи башар аз соли 2009 инҷониб қабл аз ҷаласаи солонаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ доир мегардад. Баргузоркунандагони маҷмаъ – 25 ташкилоти ғайридавлатти ҳуқуқи инсон ҳастанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *