Илм ва маорифТоҷикистон

Дар забон эътидол ва миёнаравиро бояд ҳифз ва риъоят кард

Вомвожаҳои ъарабӣ ба далоили торихӣ ва ъайнӣ (объективӣ) вориди забони мо шудаанд ва онҳоро намешавад аз забон берун андохт. Албатта, тайи сад соли гузашта талошҳое барои поксозии забон аз луғоти нолозими ъарабӣ анҷом шуда ва ин фароянд идома дорад. Масалан ҳар рӯз барои мафоҳими тоза дар Эрон вожаҳои сара ва ноби порсӣ эҷод мешавад.

Вале вомвожаҳои бисёр роиҷ ва забонзади ъарабиро наметавон аз забон ба дур андохт, ва набояд ба дур андохт, чиро ки ин вожаҳо дар осори гузаштаи мо ба таври фаровон ба кор рафтаанд ва дур андохтани онҳо боъис мешавад, ки мо осори гузаштаро дуруст нафаҳмем ва иртиботамон бо гузашта қатъ шавад.

Дигар ин ки вожаҳои ъарабӣ дар забони порсӣ ҳамон маъноҳоеро надоранд, ки дар ъарабӣ доранд. Масалан, мо ба обшество ҷомеъа мегӯем, аъроб ба донишгоҳ ҷомеъа мегӯянд. Мо дар мавриди дӯстдорӣ ъишқро ба кор мебарем, ъарабҳо аз вожаи “ҳуб” истифода мекунанд.

Дар забони порсӣ ин вожаҳо маъноҳои дигаре гирифтаанд ва на ҳар ъарабу ъарабидоне онҳоро мефаҳмад. Ҳамон тур, ки вомвожаҳои лотин дар ҳар кудоме аз забонҳои Урупо маъноҳои хоссе доранд, ки дар забони дигар надоранд.

Аз ин ҷо, Нуъом Чомскӣ мегӯяд як вожа аз замоне, ки аз марзи як забон мегузарад ва вориди забони дигар мешавад, дигар ҳувияти пешини худро аз даст медиҳад ва ҳувияти нав касб мекунад ва дигар моли забоне мешавад, ки онро ба кор мебарад.

Ба ъилова, дар забони порсӣ бисёр вожаҳои наве бар асоси вомвожаҳои ъарабӣ сохта шудаанд, монанди ислоҳталаб, ки аз ду вожаи ъарабии ислоҳ ва талаб ъиборат аст, вале маънои мушаххасе дорад, ки дар забони ъарабӣ надорад.

Ё китобхон, ки аз як ҷузъи ъарабӣ ва як ҷузъи форсӣ ъиборат аст. Ин гуна вожаҳои сохташуда аз вомвожаҳои ъарабӣ дар забони мо фаровон аст. Ҳатто мо вожаҳое дорем монанди дахолат ё таъомул, ки ъарабиянд, вале аъроб ин вожаҳоро намедонанд ва ҳаргиз ба кор намебаранд, дар забонашон вуҷуд надоранд.

Аз ин рӯ, ифроту тафрит дар ин маврид лозим нест. То ҷои мумкин бояд порсии фасеҳ бинвисем, яъне на ъарабии зиёд дошта бошад ва на дар сарагароӣ ифрот кунем. Эътидол ва миёнаравиро бояд ҳифз ва риъоят кард, чунончи ҳамзабонони мо мекунанд. Дар ғайри ин сурат, ба забон латма мезанем.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *