Илм ва фарҳангСиёсатҶаҳон

Доктор Латиф Пидром: Баъзе доираҳо пайи дурии мардум аз ҳувияти забони форсияшон ҳастанд

26 феврал аз ҷониби Муассисаи мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии “ Аброр”,  бо иштироки Гурӯҳи мутолиоти АфПоки Маркази мутолиоти стратегии Ховари Миёна ва Муассисаи ҳунарии “ Шонасарак” дар Теҳрон таҳти унвони “ Чашмандози сулҳ дар Афғонистон” бо ҳузури доктор Латиф Пидром, собиқ намояндаи Порлумон ва раиси феълии Ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон нишасти илмӣ баргузор гардид.

Бино ба гузориши хабаргузории “Шафақно Афғонистон”, Латиф Пидром дар бахши аввали суханрониаш дар бораи “мероси бузурги фарҳангии муштарак”, ба вижа забон ва адабиёти форсӣ барои мардуми минтақае, ки аз он  ба унвони минтақаи ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, Хуросони Бузург ва Эрони Бузург таъбир мешавад,  бо мурури иҷмолии таърихи муштараки мардумони ин минтақа аз нақшу аҳамияти ин “мероси фарҳангии муштарак” дар ростои ҳамгироии минтақавӣ сухан гуфт ва ҳифзи ин меросро вазифаи тамоми мардумони ин минтақаи васеъ донист. Вай аз нақш ва саҳми тамоми мардуми минтақа, аз  қабили паштунҳо ва узбакҳо дар рушди забон ва адабиёти форсӣ ёдовар гардида,  ба ҷараёнҳое ишора кард, ки мехоҳанд Афғонистонро аз “ҳувияти забони форсияш” дур кунанд ва ҳамаи ҳувиятҳоро зери ҳегемонияи ҳувияти паштунӣ дохил кунанд.

Латиф Пидром дар бахши дигари суханронии худ  ба равобити нухбагон ва мардуми Эрону Афғонистон, ҳамчунин ба истиқомат ва таҳсилоташ дар Эрон ишора карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ин нукта ҷалб кард, ки забони форсӣ дар Афғонистони муосир танҳо дар соҳаи” шеър ва адабиёт ” пешрафтҳои хубе доштааст, дар сурате, ки  зарфиятҳои” забони форсӣ “дар дигар ҳавзаҳои улуми  инсонӣ аз сабаби набудани заминаву шароит ва инчунин бозиҳои сиёсӣ дучори рукӯд ва ақабмондагӣ шудааст. Дар ҳоле, ки дар Эрон  забони форсӣ дар ин заминаҳо низ  пешрафтҳои чашмгире доштааст, ки мавҷудияти чунин зарфиятҳо дар Эрон барои рушди муносибатҳои ду кишвар бисёр роҳкушост, ҳамчунин, ки то ҳол будааст.

Ӯ инчунин ибрози умедворӣ кард, ки рӯзе ба мисли “Иттиҳоди Аврупо” мо ташаккулёбии “Иттиҳоди Осиё” -ро дар атрофи мероси фарҳангии муштарак дар байни минтақа хоҳем дид, ки сарфи назар аз марзҳои сиёсӣ ва мустақил ҳамкориҳо ва иртиботи халқҳо дар атрофи мероси умумӣ шакл бигирад  ва хориҷиён аз берун моро идора накунанд. Доктор Педрам, ки яке  ҷонибдорони ғояи федерализм дар Афғонистон аст, дар посух ба савол дар бораи дурнамои сулҳ ва субот дар Афғонистон гуфт: “Мо дар Афғонистон ба вақт ниёз дорем, то бо ҳамдигар беҳтар ва беҳтар шинос шавем ва то он даме, ки мо якдигарро напазирем, буҳрон  идома хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, дар шароити феълӣ беҳтарин роҳи ҳал ва беҳтарин  сохтори сиёсӣ барои бурунрафти Афғонистон аз бӯҳрон эҷоди як намунаи федеролизм дар Афғонистон аст, зеро тарзи зиндагии мардум дар Бамиён, Тахор ва Ҷузҷон аз шаҳрҳои ҷанубӣ ва ҷанубу шарқӣ ба куллӣ фарқ мекунанд ва ҳеҷ яке аз онҳо намехоҳад сабки дигарро бипазирад ва ҳар гуна иҷбор сабаби эҷоди буҳрони ҷиддӣ ва  печидатар шудани буҳрони қаблӣ мегардад”.

Дар ин нишаст, доктор Муҷтабо Наврӯзӣ, мушовири собиқи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон  низ дар бораи аҳаммияти бознигарии эътирофи кишварҳои Шарқ сухан гуфт ва камбизоатии маърифатиро муҳимтарин мушкилот дар равобити Эрону Афғонистон донист .

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *