АхборВарзишТоҷикистон

Куштигирони тоҷик ба ҷамъи 20 куштигири беҳтарини ҷаҳон дохил шуданд

Sputnik хабар медиҳад, ки United World Wrestling рӯйхати навшудаи рутбабандии ( рейтинг) куштии тарзи озод ва юнонӣ-румиро нашр кард, ки ба он намояндагони Тоҷикистон низ шомиланд.

Ин рутбабандӣ бо назардошти натиҷаҳои мусобиқаҳои байналмилалии  моҳҳои охир тартиб дода шуда, дар он пеш аз ҳама  натиҷаҳои баланди мусобиқоти қаҳрамонии қитъавӣ ва мусобиқаҳои Гран-При  ба инобат гирифта шудаанд, ки дар ҳар як вазн 20 варзишгар ҳузур доранд. Қаблан рутбабандии расмии варзишгарон дар кӯштӣ вуҷуд надошт, аммо роҳбарияти нави  United World Wrestling дар пайравӣ аз дигар федератсияҳои байналмилалии ҳунарҳои размӣ, тасмим гирифт, ки таснифоти паҳлавононро аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаҳои байналмилалӣ тартиб диҳад.

Дар рутбабандии ҷаҳонӣ оид ба куштии озод се намояндаи Тоҷикистон шомиланд. Дар вазни 57 кг Ҳикматулло Воҳидов дар мақоми 13-ум қарор дорад. Дар вазни 61 кг Муҳаммад Икромов мақоми 12 ва Искандари Рустам дар  вазни 97 кг  мақоми 17 – ро ишғол менамоянд. Дар рутбабандии беҳтарин паҳлавонони ҷаҳон аз рӯи услуби юнониву румӣ  намояндаи Тоҷикистон  Мубинҷон Аҳмадов дар вазни 63 кг мақоми 20-умро касб кардааст.

Қаблан United World Wrestlin тақвими таҷдидшудаи мусобиқаҳоро барои соли 2021 муаррифӣ кард. Пеш аз ҳама он мусобиқаҳое, ки дар онҳо варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд, мавриди таваҷҷӯҳ қарор  доранд. Мавсими мусобиқот  моҳи март оғоз мешавад. Рӯйхати мусобиқаҳои асосие, ки паҳлавонон метавонанд холҳои рейтингӣ ба даст оранд ва литсензияи олимпиро ба даст оранд, инҳоянд:

– мусобиқаи рутбабандии Matteo Pellicone – 4-7 март – Рим, Итолиё;

–  интихоби Осиё ба Бозиҳои олимпӣ – 9-11 апрел – Алмото, Қазоқистон;

– мусобиқоти қаҳрамонии  Осиё – 12-17 апрел – Алмаато, Қазоқистон;

–  интихоби ҷаҳонӣ барои бозиҳои олимпӣ – 6-9 май – София, Булғористон; –  мусобиқоти радабандии Poland Open – 8-13 июн – Варшав Лаҳистон.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *