Илм ва фарҳангСиёсат

Ман “Рӯзи артиш”-ро ба касе табрик намегӯям..

Арафаи “ Рӯзи артиш” буд. Дар бозори маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе чашмам ба устоди равоншод, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ афтод, ки аз тангкӯчаи паҳлӯи мактаб ба самти истгоҳи кӯчаи калон мерафтанд. Филфавр ба сӯяшон шитофтам ва хостам “Рӯзи артиш” –ро барояшон муборакбод гӯям. Вале чун табрикотамро оғоз кардам, устод суханамро буриданд ва бо ҳамон нармиву оромие, ки барояшон хос буд, гуфтанд:
-Ин ҷашнро барои ман, ва агар тавонед барои дигарон низ зинҳор табрик нагӯед, зеро он барои мо тоҷикон ҷашн нест, балки фоҷеаи миллист.
Ман аз ин оҳанги суханони устод озурдахотир шудам ва дигар чизе нагуфта рафтам.
Рӯзи дигар устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, ки он ҷо дар шуъбаи адабиёти муосир кор мекардам, маро ба утоқашон даъват карда, як нусха китоби тозанашри худ: “ Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон”- ро ҳадя намуданд ва афзӯданд:
– Маҳз ҳамин Артиши сурх буд, ки миллионҳо нафар мардуми рус ва дигар миллатҳои Русияи подшоҳиро бегуноҳ ба қатл расонид, маҳз ҳамин Артиши сурх буд, ки Бухороро чаҳор рӯз бомбаборон карда, ёдгориҳои таърихияшро тахриб намуд, маҳз ҳамин Артиши сурх буд, ки даҳҳо ҳазор мардуми Фарорӯдро кушт ва табъид кард, масоҷидҳоро баст, китобҳоро сӯхт ва боиси тарки Ватан намудани садҳо ҳазор нафар олимону равшанфикрон гардид. Пас рӯзи таъсиси ин гуна артиш баро мо рӯзи муборак нест, балки рӯзи наҳс аст.
Устод дигар чизе нагуфтанд ва мо то дер гоҳ хомӯш будем. Ман идомаи суханони устоди фарзона Муҳаммадҷон Шакуриро аз китобашон хондам ва ҳарчанд дар ин бора андак маълумот доштам, боз бароям саҳифаҳои нави таърихи на чандон дӯрамон ва ҷинояти болшавикону “ Артиши Сурх” равшан шуд.
Бале, маҳз болшавикон ва “Артиши сурх” буданд, ки ба Варорӯд ҳамла карда, даст ба қатлу ғорат заданд, босаводонро маҳв, мардумро бедину беимон ва манқурт сохтанд, ҳофизаи таърихиямонро нобуд, моро аз гузаштаи пурғановатамон ва бародарони ҳамхуну ҳамзабону ҳамфарҳангамон ҷудо намуданд. Маҳз болшавикон ва Артиши сурх буд, ки фарзандони боору номӯси миллатро дар солҳои сиюму чиҳилум бо ҷурми “душмани халқ” эъдом карданд ва ё барои солҳои тӯлонӣ ба зиндонҳои Сибир табъид намуданд. Маҳз сиёсати зиддитоҷиконаи онҳо буд, ки сарзаминҳои аҷдодиямонро аз мо гирифта, ба бегонагон доданд. Охир ин ҳама ва боз садҳо ҷиноятҳои дагарашонро чӣ гуна метавон фаромӯш кард.
Дуруст аст, ки дар замони шӯравӣ мафкураи расмӣ тахрихи сохтаву дурӯғини худро ба мо таҳмил намуда буд ва мо ба ҷуз аз ранги сиёҳу сафед ранги дигареро намедидем. Вале ҳоло чӣ? Ҳоло кӣ ба мо иҷозат намедиҳад, ки таърихро холисонаву воқеъбинона бинависем, онро бозназарӣ намоем, аз он сабақ бигирем.
Не! Не! Ман ҳаргиз бар зидди ҷашн гирифтани Рӯзи муҳофизони Ватан нестам. Ман бо камоли майл Ҷашни пирӯзӣ бар Олмони фошистиро ба иштирокчиёни он ва рӯзи аз Афғонистон хориҷ шудани артиши Шӯравиро ба ҷанговарони интернатсиёналист ба хотири хатми ҷанг табрик мегӯям. Воқеан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на Атиши сурх, балки мардуми шӯравӣ ва иродаи халқ ба душман пирӯз шуд. Баръакс Артиши Сурх бисёре аз ҷанговарони ҷабҳа ва онҳоеро, ки ба асорат афтода буданд, бегуноҳ эъдому табъид карда буд. Онҳо воқеан ҳам арзандаи табрик кардан ва ситоиш намудан ҳастанд. Гап дар сари ҷашн гирифтан ё нагирифтани “ Рӯзи артиш” ҳам намеравад, гап дар сари санаи ин рӯз-23 феврал аст. Охир рӯзи артиши миллии Тоҷикистон бо ин рӯз чӣ муносибат дорад? То чанд мо аз паси “бародари калонӣ” қадам мениҳем? Магар мо кишвари соҳибистиқлол нестем ва худамон бар асоси таърихи худ, ки саршор аз саҳнаҳои қаҳрамонист, наметавонем як рӯзеро интихоб кунем, ки бо гузашта пайванд ва воқеан ҳам рӯзи артиши миллиямон бошад. Оё дар рӯзи 23 феврал ҷашн гирифтани “Рӯзи артиш” маънои онро надорад, ки мо то ба ҳол худро ворисони “ Артиши Сурх” меҳисобем? Магар мо ба мисли Спитамену Деваштич, Сарбадорону Темурмалик ё Восеи диловар фарзандони қаҳрамон кам дорем, ки дар паҳлӯи халқ истода, ба муқобили аҷнабӣ ҷангидаанд?
Не! Ҳаргиз! Саҳифаҳои таърихи мо пур аз саҳнаҳои ҷоннисориву садоқат ба обу хоки ин сарзамини муқаддас буда, ҳар рӯзи таърихи мо арзандаи садҳо “Рӯзи артиш” ва дигар рӯзҳост. Вале ин кор ҳоло иҷроношуданист, зеро онро ҳокимияте метавонад анҷом диҳад, ки ин марзу бум ва халқро дӯст дорад ва ва дар ҳақиқат ҳокимияти мардумӣ бошад.
Аз ин рӯ, ман то он замон, ки мо рӯзи асили артиши миллиямонро барқақарор накунем ва дар артиш на фақат фарзандони халқ, балки фарзандони соҳибдавлатон низ ба хидмат раванд, то он даме, ки фарзандони мардум дар хидмати Ватан дар замони осоишта бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳанд , “Рӯзи Артиш”- ро ба касе шодбош намегӯям! Маро бубахшед!

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *