СиёсатТоҷикистон

Мулоқоти доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо раиси КДАМ Тоҷикистон Саидмуъмин Ятимов

14 феврали раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шаҳри Кобул бо раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Саидмуъмин Ятимов мулоқот намуд. Дар ин бора дар саҳифаи фейсбукии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ хабар дода шудааст. Гуфта мешавад, ки “ дар ин дидор дар мавриди талошҳои сулҳ, охирин таҳаввулот дар музокироти Дуҳа, вазъияти амниятӣ, равобити дуҷониба ва авзоъи марзӣ миёни Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳс ва табодули назар сурат гирифт”.

  Дар  мумулоқот тарафҳо аз  талошҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  барқарории сулҳи доимӣ дар ин кишвар  изҳори қадрдонӣ намуданд.

   Масъалаи сулҳ миёни Ҳукумати Афғонистон ва “Гурӯҳи Толибон”  ахиран ба мушкилот рӯ ба рӯ гардид ва ин кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро бе тараф намегузорад.

  Ёдовар мешавем, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ зимни сафараш дар нимаи дуввуми соли гузашта ба Тоҷикистон бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоҷот намуда буд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *