Илм ва фарҳангТоҷикистон

Муъзали хатту забон Саргузашти порсӣ дар Шӯравии пешин ( бахши 2 )

Дориюши Раҷабиён

БиБиСӣ

Порсӣ – устухоне дар гулӯи Шӯравӣ

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин тазриқоту дахлу тасарруф дар забони порсӣ дучандон буд; забоне, ки на танҳо муҳимтарин василаи иртиботи ақвоми мухталифи минтақаи фарохи Осиёи Миёна буд, балки пешинае ғанитару деринатар аз русӣ ва ҳамаи забонҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ дошт. Дар ъайни ҳол, забони форсӣ дар ду кишвари дигар дар он сӯи марзҳои Шӯравӣ – Эрону Афғонистон – забони расмӣ буд. Дар Ҳиндустон ҳам забони форсӣ то соли 1843 забони расмӣ буд ва пас аз он ҳам мақоме шохис дошт. Пеш аз тасарруфи Иморати Бухоро ба дасти Артиши Сурх дар соли 1920 мардумони Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон ва Ҳиндустон ба забони форсӣ бо ҳам муровида доштанд ва осору нашрияҳои ҳамдигарро мехонданд. Иттиҳоди Шӯравӣ омада буд, ки бо тағйири хатти форсӣ ба лотин ва табдили номи забон аз “форсӣ” ба “тоҷикӣ” дар соли 1929 ин пайвандро аз ҳам бигсалад.

Ҳифзи тамомияти арзӣ танҳо дағдағаи сардамдорони Шӯравӣ набуд. Низоми шӯравӣ дар ҳоли муҳандисии миллате тоза бо идеулужие навин буд ва бояд марзҳояшро ба рӯи андешаву ъақоиде, ки аз хориҷ меомад, мебаст. Рӯйкарди хасмонаи Шӯравӣ ба дин дар кулл ва билахас ба дини ислом заминаи ҷудоии ҳарчи тамомтари форсии Осиёи Миёна аз форсии бурунмарзиро фароҳам кард. Дар миёни равшанфикрони маҳаллӣ ҳам буданд касоне, ки аз идеи табдили алифбои форсӣ ба лотин истиқбол карданд. Нивисандагоне чун Турақул Зеҳнӣ, Манофзодаи Собит, Ъабдуррауфи Фитрат, Рустоӣ ва Раҳими Мим дар нашрияҳои ҳукуматии “Овози тоҷик”, “Раҳбари дониш” ва “Тоҷикистони сурх” мақолоте нивиштанду нуқоти заъфи “хатти ъарабӣ” ва нуқоти қуввати алифбои лотинро барҷаста карданд.

Барои намуна, нивисандае бо имзои “О. Дол” дар шумораи ҳафтуми маҷаллаи “Раҳбари дониш” (1928) аз талошҳои мардумони Ховарзамин барои гузор ба хатти лотин нивишта буд, бо ин иддиъо, ки ин ҷунбиш дар Сурияву Эрону шимоли Офриқо қавитар аст ва ин ки Ризошоҳи Эрон асноду далоили марбутаро ба ниҳодҳои зирабт таҳвил дода, то заминаҳои гузор ба хатти лотинро бисанҷад. Ба тасаввури О. Дол ин талошҳо дар Жопун ҳам аз соли 1978 оғоз шуда буд ва аз Ҳиндустон ҳам, ки “169 забону 20 алифбо” дорад, садои ҳаводорони алифбои лотин расотар ба гӯш мерасид. Нивисанда муддаъӣ буд, ки ҷунбиши гузор ба хатти лотин дар Чин аз 80 сол пеш оғоз шуда ва пазируфтани “ҳуруфоти лотин яке аз вазифаҳои бисёр муҳимми инқилоби Чин аст”.

Порсии лотинӣ

Нашрияҳои ҳукуматӣ байни солҳои 1926-1928 фазоеро тарсим карданд, ки гӯё ҳамаи сарзаминҳои Шарқ ташнаи дастёбӣ ба ъулуму фунуни навин аз тариқи пазируфтани алифбои лотин буданд. Манофзодаи Собит дар мақолаи “Тоҷикон ва алифбои нав” дар соли 1927 зарурати гузор ба дабираи лотинро ингуна тавҷеҳ мекунад:

“Алифбои ъарабӣ, ки тоҷикон (ва дигар мамлакатҳои мусалмони Шарқ) онро баробари дини ислом ба зӯри шамшер қабул карда ва баъд кам-кам ислоҳу такмилаш намудаанд, то қарнҳои ахир эҳтиёҷоти худашонро кам ё беш бо он “алифбои ъараб” рафъ мекардаанд. Вале ъаср (қарн)-и нӯздаҳум бо тараққиёти фикрӣ, фаннӣ ва санъатии худ аҳволи иҷтимоъии инсонҳоро дигаргун сохт ва дар тарзи зиндагии башар инқилобҳои наверо ба вуҷуд овард.

Албатта, ҳамин инқилобҳои нав эҳтиёҷоти наверо эҷод кард. Ҳар қавме, ки ин эҳтиёҷоти ъилмию иҷтимоъии навро бахубӣ ва ба таври лоиқ рафъ намуд, дар майдони муборизаи зиндагонӣ аз ҳар ҷиҳат ғолиб омад. Миллатҳои Осиё, хусусан мусалмонони Шарқ, дар ин майдони иҷтимоъӣ, дар ин муборизагоҳи бузург ҳар вақт мағлуб мешуданд. Чиро? Барои ин ки аслиҳаву яроқ (абзор)-и онҳо ба шакли қадим ва системи куҳна буд”.

Дар ин таблиғоти ҳизбӣ “алифбои ъарабӣ” модари ҳамаи мушкилоти ҷомеъа муъаррифӣ мешуд; бесаводию камсаводӣ, пойбандӣ ба дину хурофот, тангназарӣ, фақру бенавоӣ, ҳама ва ҳама зери сари хатти ъарабӣ буд ва ҳарчи зудтар бояд аз шарри он халос шуд. Ин танини сиёсати Кремлин дар рӯзномаҳои чопи Бухоро, Самарқанд ва Тошканду Душанбе буд. Гуфта мешуд, ки алифбои форсиро басахтӣ мешавад фаро гирифт ва ба ҳамин далел ҳам саводи ҷамъият кам аст. Ин ки як садо чанд ъаломат дорад, аз ҷумлаи нуқоти заъфи ъумдаи “алифбои ъарабӣ” буд, ки ҳамаи нивисандагони ҳаводори алифбои лотин дар мақолаҳое, ки ба хатти форсӣ нивиштаанд, рӯи он ангушт гузоштаанд. Дар ъиваз, таъкид мешуд, ки хатти лотинро метавон дар муддате кӯтоҳ фаро гирифт ва роҳандозии чопхонаҳо ба ин хат бисёр осонтар аст.

Нашрияҳои ҳукуматӣ саршор аз дидгоҳҳои мувофиқи гузор ба хатти лотин буданд. Баҳсҳое, ки гоҳ ба чашм мехурд, марбут ба эҷоди созгорӣ миёни ҳуруфи лотин ва асвоти форсӣ буд ё ин ки чи гӯише аз гӯишҳои форсӣ бояд меъёр бошад. Чун дар имлои форсӣ гӯиш мунъакис намешавад ва, масалан, “шунидан”-ро яке бо замми шин (шанидан) ва дигарӣ ба касри шин (шинидан) ва севумӣ ба фатҳи шин (шанидан) мехонад; дар ҳоле ки ҳар се онро شنیدن менивисанд. Ҳоло ки қарор буд хатти воканигори лотинро бипазиранд, бояд яке аз садҳо гӯиши форсиро бар маснади расмию меъёр менишонданд. Бар сари гӯишҳои Бухорову Самарқанд ба иҷмоъи назар расиданд, ки бузургтарин шаҳрҳои тоҷикнишин дар минтақа дар он давра буданд.

Созгории ҳуруфи лотин бо асвоти форсӣ ҳам баҳси доманадоре буд, ки муҳимтарин нукоташ марбут ба вокаҳо (мусаввитҳо, садонокҳо) мешуд. Равшанфикрони форсизабон аз қабили Садриддини Ъайнӣ, Абулқосими Лоҳутӣ ва Ъабдуррауфи Фитрат дидгоҳҳои наздике доштанд ва, масалан, бар ин бовар буданд, ки садои алифи мамдуд (آ) ба хатти лотин бояд ҳамон “А” бошад. Аммо Олександр Семйунуф, ховаршиноси рус ва гумоштаи Кремлин дар амри тағйири хат дар Осиёи Миёна, назари мутафовите дошт. Ӯ муътақид буд, ки ҳарфи лотини “А” баробари алифи мафтӯҳ (اَ)-и форсӣ аст ва “О” ҳамон алифи мамдуд (آ) аст. Бо вуҷуди истидлолҳои мукаррари равшанфикрони соҳибназар, табиъӣ буд, ки тарҳи фиристодаи Маскав пазируфта шавад. Ин чирагии ховаршиноси рус бар равшанфикрони маҳаллӣ дар таъйини расмулхатти ҷадид барои тоҷикон ба алифбои сириллики тоҷик ҳам роҳ ёфт. Аз инҷост, ки تاجیکستان ҳамчунон “Тоҷикистон” нивишта мешавад.

Паёмадҳои гузор ба хатти лотин

Гузор ба хатти лотин, ки якбораву табарвор ба шеваи истолинӣ сурат гирифт, якшаба бахши аъзами ҷомеъаро бесавод кард. Албатта, пас аз фурӯ уфтодани ҷомеъа дар чоҳи бесаводии м утлақ талоши ҳукумати шӯравӣ барои тазриқи алифбои лотин чашмгир буд. Лашкари омӯзгорон ба ақсо-нуқоти минтақа сафар кардан ва корзори “маҳви бесаводӣ” (шабеҳи “неҳзати саводомӯзӣ” дар ҶИЭ) ба роҳ уфтод. Интишори китобу аснод ба хатти форсӣ мамнӯъ шуд ва китобҳои форсӣ ба коми оташ рафт. Мардум китобҳои динию “Шоҳнома”-и Фирдавсию Девони Ҳофизу “Гулистон”-и Саъдию “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавию рубоъиёти Хайём ва дар кул осори форсиро зери хок дафн мекарданд, то мабодо ба чашму дасти маъмурон биуфтанду муҷозот шаванд.

Истилои Артиши Сурх бар Осиёи Миёна бузургтарин латмаро ба забону фарҳанги форсӣ ворид кард. Забоне, ки замоне дар бештари кишварҳои минтақа расмият дошт, аз фардои ишғоли Иморати Бухоро аз маснаду макнат уфтод ва рафта-рафта ба гӯшае кӯҳистонӣ аз шарқи Иморати Бухорои пешин бо номи расмии “тоҷикӣ” паноҳ бурд. Ба гунае, ки дар Самарқанду Бухоро такаллум ба забони форсӣ дар идороти давлатӣ ҷарима дошт ва тоҷикони бумии ин шаҳрҳо маҷбур буданд забонҳои узбакию русиро фаро бигиранд, то бо мақомҳои маҳаллӣ суҳбат кунанд.

Бо гузор ба хатти лотин ин зарба дучандон шуд. То замони ишғоли Осиёи Миёна ба дасти Артиши Сурх дар тӯли беш аз ҳазорон сол бахши аъзами осони минтақа ба забони форсӣ офарида шуда буд. Пушт кардан ба дабираи порсӣ ба масобаи пушт кардан ба тамоми он пешинаи ҳазоронсола буд. Ин гусасти иртибот ҳам шомили гузашта мешуду ҳам ҳол. Бахши аъзами порсизабонон дар берун аз марзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ монда буданд ва бо гузори Тоҷикистон ба хатти лотин пайванду муровида бо ҳамзабонони бурунмарзӣ тақрибан бакуллӣ қатъ шуд.

Маскав барои гузори Тоҷикистон ба хатти лотин ҳазинаи зиёде накард, чун ниёзе ба баргардони бештари осори гузаштаи порсӣ намедид. Аз диди ҳукумати шӯравӣ, он осор бо “ҷаҳонбинии навин” ҳамхонӣ надошт ва ҳамон беҳ, ки дар мағоки торих бимонад. Агар Маскав дар ъарзи муддате кӯтоҳ корзори лотинихон кардани тоҷиконро анҷомшуда эълом кард, ба ҳамин далел буд.

Алифбои нав барои интишори идеҳои нав буд; барои чопи китобҳои Ленину Истолин ва саромадони дигар Шӯравӣ ва осори адабии навин, ки дар чорчӯби идеулужии ҳоким бигунҷанд; аммо шумори онҳо бисёр камтар аз адабиёти ҳазорсолаи порсӣ буд.

Сириллик аз роҳ расид

Бо гузор ба хатти сириллик ҳам ин авзоъ идома дошт. Сирфан осоре аз бузургони адабиёти порсӣ ба хатти русӣ мунташир мешуд, ки нармишпазиртар буд ва мешуд онҳоро ба ъунвони намунаҳое аз “талоши мардуми форсизабон барои расидан ба баробарӣ ва дурӣ аз дину хурофот” ъарза кард. Пораҳое аз Девони Рӯдакию ғазалиёти Ҳофизу бахшҳое аз осори Саъдию рубоъиёти Хайём мунташир ва ҳамаи онҳо ба ъунвони пешгомони дастёбӣ ба кумунисм қаламдод мешуданд. Чопи осоре, ки ёде аз Худову дин мекарданд, дар ин давра аз таҳаввули Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаром буд.

Хатти сириллик дар авохири даҳаи 1930 ва дар оғози 1940 ба суроғи порсигӯёни Осиёи Миёна омад; дар даврае, ки Иттиҳоди Шӯравии Истолин хаста аз пайкору каланҷор бо сармоядории Ғарб ба худаш баргашт ва тасмим гирифт, ки пеш аз ҳама сусиёлисму кумунисмро дар як шашуми кураи Замин, ки қабза карда буд, пиёда кунад.

Бо афзоиши ихтилофоти сиёсии Шӯравию ҷаҳони Ғарб ва наздик шудани Ҷанги Ҷаҳонии Дувум судури “Инқилоби Уктубр” ба кишварҳое ғарбӣ таклифи сонавӣ шуда буд. Дар натиҷа ҳамаи милали ъумдатан мусалмони Шӯравӣ дар оғози соли 1940 гӯё ба иродаи худашон хатти сирилликро баргузиданд ва марзи дигаре ҳам миёни Шӯравӣ ва ҷаҳони Ғарб кашида шуд; дар ҳоле ки аз таҷрубаи хатти лотинашон фақат даҳ сол мегузашт.

Ҳамаи милали ъумдатан мусалмони Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1940 ба баъд хатти лотинро канор гузоштанд ва ба сириллик мутавассил шудангд. Забони русӣ, ки забони расмии ҳамаи бахшҳои Иттиҳоди Шӯравӣ шуда буд, батадриҷ ҷои забонҳои бумиро мегирифт ва гузори ҳамаи забонҳои ин иттиҳодия ба хатти сириллик (русӣ) корро осонтар мекард.

Гузашта аз ин, бо гузор ба хатти русӣ хатари барқарории иртибот миёни ақвоми турктабори Иттиҳоди Шӯравию Туркия ва ҳамчунин пайванди порсигӯёни ин иттиҳодия бо ҳамзабонони бурунмарзишон ҳам хунсо мешуд. Аммо тағйири дубораи алифбо барои порсигӯёни Шӯравӣ ба масобаи бозканда шудан аз решае буд, ки тоза медавонданд.

Алифбои сириллике, ки барои форсизабонон сохта шуд (ва акнун бо талфиқи вожаҳои “порсӣ” ва “сириллик” гоҳ “пириллик” хонда мешавад), ҳамаи 33 ҳарфу ъаломати алифбои русиро дарбар дошт, афзун бар ъаломатҳое барои шаш садои вежаи порсӣ: ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ.

Ин тағйири алифбо ҳам ба монанди тағйири аввалия худҷӯш набуд. Дастури Маскав буд ва бояд иҷро мешуд. Дубора мардум бесавод шуданд ва дигарбора лашкарҳои “маҳви бесаводӣ” дар ақсо-нуқоти кишвар ба гардиш уфтоданд. Баъд аз чанд сол эълом шуд, ки мардуми Тоҷикистон “дар дарсад” босавод шудаанд. Дар воқеъ, бояд саводи форсӣ аз даст мерафт, то саводи шӯравӣ ҳосил шавад.

Лубби саводе, ки ҳосил мешуд, ҳамон 39 ҳарфе буд, ки ховаршиносони шӯравӣ сохта буданд. Мешуд он 39 ъаломатро фаро гирифт ва ба осоре ба ин дабира даст ёфт, ки бо хатти машйи Шӯравӣ созгории тамому камол доштанд.

Ин алифбо барои нигаҳ доштани порсигӯёни Иттиҳоди Шӯравӣ дар чорчӯби ъақидатии Шӯравӣ тарроҳӣ шуда буд. Бо пазириши алифбои пириллик кӯчактарин иртиботе ҳам, ки миёни порсигӯёни Шӯравӣ ва бурунмарз вуҷуд дошт, гусаста шуд.

Кунтрули Иттиҳоди Шӯравӣ бар дастрасии тоҷикон ба осори гузаштагонашон то поёни ъумри ин импротурӣ идома дошт. Масалан, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ барои касоне, ки фақат хатти пириллик балад буданд, асаре ношинохта буд; аз ҷумла барои худи ман. Нахустин боре, ки дар навҷавонӣ тавонистам бо муҳтавои он то ҳадде ошно шавам, дар авони марги импротурӣ буд ва он ҳам ба забони русӣ, на забони аслӣ.

Дар соли 1986 пораҳое аз “Маснавии маънавӣ” таҳти ъунвони “Поэма о скрытом смысле” ба тарҷумаи Наъум Гребнеф (Naum Grebnev) мунташир шуд ва аз он роҳ буд, ки бисёре аз тоҷикони Осиёи Марказӣ пас аз ҳудуди як қарн дубора Мавлавиро шинохтанд. Аммо “Маснавии маънавӣ”-и комил пинҳон монд, то Шӯравӣ фурӯ бипошад ва баъд ба хатти пириллик дар шаҳри Душанбе мунташир шавад.

Поён ва идомаи импротурӣ

Бо таҳкими марзбандии сиёсию фарҳангии Шӯравӣ миёни порсигӯёни ҳавзаи импротурӣ ва ҳамзабонони бурунмарзии онҳо эътимод ба нафси Шӯравӣ боло рафт ва дар соли 1984 китоби “Сад рубоъӣ”-и Хайёмро ба забони русӣ ва ба ду хатти порсию пириллик мунташир кард. Ин аз маъдуди мавориде буд, ки тоҷикони шӯравизодае чун ман метавонистанд бо татбиқу муқоисаи мутуни порсию пириллик хатти порсиро то ҳадде фаро бигиранд. “Сад рубоъӣ”-и Ъумари Хайём чопи интишороти “Ирфон”-и Тоҷикистон нахустин омӯзгори хатти порсӣ барои ману ҳазорон тани дигар буд.

Чолишҳои русӣ нивиштану порсӣ хондан

Иттиҳоди Шӯравӣ рафт, аммо мурдарег (мерос)-и он боқист. Акнун ҳаштод сол аст, ки тоҷикони Осиёи Марказӣ порсиро ба хатти русӣ менивисанду мехонанд.

Бисёре ба ин пиндоранд, ки ошноии тоҷикон бо хатти русӣ боъиси гушоиш дар роҳи расидан ба ъулуму ҳунарҳои роиҷ дар Русияву Ғарб будааст. Ва ин бисёре маъмулан рӯи ҳунарҳое чун уперову боле ангушт мегузоранд, ки имрӯза дар Тоҷикистон нисбатан шукуфост.

Чи басо порсигӯёне, ки ба ин ъулуму ҳунарҳои Ғарб бидуни табдили расмулхатти модарии худ ба лотин ё русӣ расидаанд. Бавежа ин ки ин ъулуму ҳунарҳо мухтасси русҳо набуда ва аз роҳҳои дигар ҳам мешуд ба онҳо расид. Ба монанди Сангопур, ки ҳаргих расмулхатташ русӣ нашуд, аммо акнун тамошохонаи уперо ва болеи он шуҳраи офоқ аст.

Ошноӣ бо осори нивисандагони барҷастаи рус ҳам наметавонад зоеъаи дабираи порсиро барои тоҷикони Шӯравии пешин ҷуброн кунад. Лозимаи хонадни он осор тағйири расмулхатти миллӣ набуд. Як берзилӣ ҳам метавонад дар ъайни ҳифзи хатту забони пуртуғолии худ аз осори Достоефскию Тулстуйу Чехуф шинохти хубе дошта бошад. Ошноии наздики тоҷикони Шӯравии пешин бо ин осор ҳам баҳои сангини бохтани расмулхатти худиро намепӯшонад.

Воқеъияте, ки бо он рӯбарӯ ҳастем, бисёр ъурёнтар аст. Ҳудуди нуҳ милюн тан дар Тоҷикистон ба забони порсӣ суҳбат мекунанд ва ба хатти русӣ менивисанд. Дар ҳоле ки даҳҳо милюн инсони дигар дар ҷаҳон ба забони ҳамин “ҳудуди 9 милюн тан” суҳбат мекунанду ба хатти порсӣ менивисанд.

Девори Чин барои тоҷикони Шӯравии пешин ва ҳамзабононашон ҳамоно хаттест, ки Иттиҳоди Шӯравӣ 80 сол пеш бар онҳо таҳмил кард. Дар натиҷа на онҳо ба осори ҳамзабонони бурунмарзии худ дастрасӣ доранд, на порсигӯёни хориҷӣ метавонанд нивиштаҳои онҳоро бихонанд.

Хатти пириллик боъиси ин инсидод шудааст.

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш

Ин пурсишҳо боъис шуд, ки соли 1989, ду сол монда ба поёни ъумри Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, тазоҳуроте дар эътироз ба нодида гирифтани забони миллӣ барпо шавад. 31 сол пеш муътаризони тоҷик на танҳо хоҳони расмияти забони худ буданд, балки ҳамзамон мекӯшиданд, ки номи торихии ин забон (форсӣ)-ро дубора бар маснади расмӣ бирасонанд.

Давлати вақти Тоҷикистон, ки дар тори ъанкабути сиёсатҳои “переструйко” ва “глоснуст”-и Гурбочеф гирифтор монда буд, ба хостаи мардум тан дод ва 22 жуие (июл)-и ҳамон сол Қонуни забони Тоҷикистон тасвиб шуд. Дар он қонун номи расмии забони миллӣ “тоҷикӣ (форсӣ)” марқум шуд. Яъне бо гузашти беш аз 70 сол дубора номи “форсӣ” дар як санади ҳукуматӣ зикр шуд.

Дар соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ фурӯ пошид ва давлати вақти Тоҷикистон баночор “Эъломияи истиқлол”-ро имзо кард, ки Тоҳири Ъабдулҷаббор, раҳбари ҷунбиши “Растохез” ва аз мухолифони аслии ҳукумати Тоҷикистони шӯравӣ, тадвин карда буд. Чанд моҳ баъд аз он ҷанге дар Тоҷикистон даргирифт, ки Русияву Узбакистону Эрон ҳам оташбиёраш буданд, аммо “дохилӣ” ъунвон шуд. Ин ҷанг панҷ сол ба дарозо кашиду ҷони беш аз 60 ҳазор танро рабуд. Дар ҳамон авоили ҷанг ба салоҳдиди Русия Эмомъалӣ Раҳмонуф, раиси як мазраъаи иштирокии шӯравӣ, ба раҳбарии кишвар баргузида шуд, ки ҳамчунон раисҷумҳури Тоҷикистон аст; бо ин тафовут, ки пасванди русии номи хонаводагии “-уф” (ов)-ро ҳазф карда ва акнун бо номи Эмомъалии Раҳмон шинохта мешавад.

Дар соли 1994, ки Қонуни Асосии Тоҷикистон ба ҳамапурсӣ гузошта шуд, Шуҳрат Султонуф, яке аз намояндагони маҷлис, пешниҳод кард, номи забони расмии Тоҷикистон сирфан “тоҷикӣ” бошад; бидуни афзудаи “форсӣ”. Ин пешниҳод пазируфта шуд ва баъдан Шуҳрат Султонуф раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва солҳо сафири Тоҷикистон дар Туркияву Укроин буд.

Дар соли 1989 пешбинӣ мешуд, ки дар ъарзи панҷ сол Тоҷикистон батадриҷ ба хатти форсӣ баргардад. Ба ҳамин манзур тадриси дабираи форсӣ дар мадорис роҳандозӣ шуд ва нивиштаҳои кӯчаву хиёбонҳову даккаҳо ба ду хатти русию форсӣ буд. Аммо пас аз пирӯзии “Ҷабҳаи халқӣ”-и Раҳмон нивиштаҳое ба хатти порсӣ, ки дар ҷой-ҷои кишвар дида мешуд, сутурда шуд ва дубора ҷои он нивиштаҳоро вожаҳову ъибороте ба хатти русӣ гирифт.

Эмомъалии Раҳмон шахсан на як бору ду бор гуфтааст, ки қарор нест Тоҷикистон ба хатти форсӣ баргардад.

Қиёсу татбиқи порсию пириллик

Ҷустуҷӯгари Google ҳам дар ин бора ҳарфе барои гуфтан дорад.

Ҳатто мавзӯъҳое, ки марбут ба Осиёи Марказист, дар ҷустуҷӯгари Гугл имтиёзи бештарро ба хатти форсӣ медишад. Барои намуна, ҷустуҷӯи ъиборати “шаҳри Бухоро” дар Гугл ба хатти пириллик ҳудуди 10 ҳазору 400 натиҷа медиҳад ва ба хатти форсӣ беш аз 57 ҳазор натиҷа.

Натоиҷи ҷустуҷӯи вожаи “китобхонӣ” ба ду хатти пириллик ва порсӣ дар Гугл нишон медиҳад, матолибе, ки ин вожаро дар таркиби худ доранд, ба хатти пириллик 20 ҳазору 700 ъадад ҳастанд ва ба хатти порсӣ 11 милюну чаҳорсад ҳазор ъадад.

Донишномаи озоди Википедиё мегӯяд, ки ба хатти форсӣ ҳудуди 750 ҳазор мақола дорад ва ба хатти пириллик – беш аз 100 ҳазор.

Яъне воқеъиятҳои дунёи диҷитол ҳам пойбандии форсизабонони Осиёи Миёна ба хатти русиро зери суол мебарад. Вақте ки фазои Интернет мамлувв аз матолибе ба забони тоҷикон аст ва онҳо фақат хатташро намехонанд, табъан пурсише падид меояд, ки чиро намехоҳанд ба хатти худӣ баргарданд ва аз ин донистаниҳо файз бибаранд.

Бисёре аз соҳибназарон далели ин худдориро сирфан сиёсӣ арзёбӣ мекунанд. Хуруҷи Тоҷикистон аз ҳавзаи сирилликро бисёре ба масобаи хуруҷи Тоҷикистон аз ҳавзаи нуфузи Русия медонанд. Дар Русия ҳам ин дидгоҳ роиҷ аст.

Аммо дар мабоҳиси дохилии Тоҷикистон дар бораи тағйири хат ҳамчунон ин лаффозии Шӯравии пешин чирагӣ дорад, ки “хатти ъарабӣ бисёр сахт аст ва як садо чанд ъаломат дорад”. Шояд бишавад онро талоше барои тавҷеҳи мантиқии як тасмими сиёсӣ талаққӣ кард, чиро ки ҳамаи дабираҳои решадори ҷаҳон чунин “сахтӣ”-ҳоеро доранд.

Масалан, дар забони инглисӣ як ъаломати “а” ҳафт садо дорад ва дар вожагони мухталиф ба ҳафт шеваи гуногун талаффуз мешавад. Ё як вожаи фаронсавии parfaitement, ки 12 ҳарф дорад, фақат бо ҳашт садо ба забон меояд.

Шигифто, ки ҳеч як аз ин “истисноот”-ро дар нигориши порсӣ надорем. Пас мешавад ба ин натиҷа расид, ки “сахтӣ”-ҳои алифбои порсӣ ҳам ба андозае нест, ки Шӯравӣ мегуфту бархе дар ҷаҳони имрӯз тасаввур мекунанд.

Тасаввури рӯзномаҳои бадви Шӯравӣ дар Бухрои тасхиршуда дар даҳаи 1920 бар ин буд, ки чиниҳо барои пушти сар гузроштани “душворӣ”-и нивисаҳои чинӣ базудӣ чанг ба домони хатти лотин хоҳанд зад. Тасаввур ин буд, ки вожанигоштҳои печидаи чинӣ монеъ аз рушди мардум мешавад ва маҳкум ба фаност. Аммо чунин нашуд.

О. Дол дар соли 1928 дар маҷаллаи “Раҳбари дониш”-и Тоҷикистон мегуфт, қарор аст базудӣ алифбои жопунӣ ва ҳиндӣ ҳам табдил ба лотин шавад, ки боз ҳам чунин нашуд.

На танҳо чунин нашуд, балки ҳамаи ин милал бо расмулхатҳои “душвор”-и худ ба маротиби буландтари ъилмию фаннӣ ҳам дас т ёфтаанд.

Рӯдакӣ ба алифбои русӣ

Ба бовари бисёре аз коршиносон, таҷрубаи талхи Тоҷикистон дар заминаи тағйири хат нишон медиҳад, ки китобати забони порсӣ ба ҳар хатти дигаре ба масобаи ҷудо кардани рӯҳ аз тан аст.

Китобати он ба дабираи лотину сириллик на танҳо иртибот бо гузаштаро мегусалад, балки мумкин аст пайванд бо ҳамзабонони имрӯзиро ҳам бибурад ва забони воҳиди форсиро ба забонакҳои мухталиф таҷзия кунад. Тавассул ба дабираҳои воканигоре чун лотину сириллик баночор тафовути гӯишҳоро ҳам мунъакис мекунад; дар ҳоле ки дар нигориши порсӣ ҳамаи онҳо якпорча ҳастанд. Ба ёд оваред намунаи имлову талаффузи شنیدن (шунидан)-ро.

Пештар ишора шуд, ки дар дунёи диҷитоли имрӯз форсии Тоҷикистон, ки ба хатти русӣ нивишта мешавад, ба гарди нармафзорҳои форсӣ ҳам намерасад. Аммо дар дунёи пешодиҷитол ва чопӣ ҳам ин тафовут беандоза маҳсус буду ҳаст.

Тоҷикистон бо ҷамъияти нисбатан андакаш наметавонад ҳамаи осори муҳимми ҷаҳонро ба хатти пириллик мунташир кунад. Аммо бештари он осор ба забони мардуми Тоҷикистон дар дастрас ҳастанд, агар 32 ъаломати алифбои форсиро фаро бигиранд.

Шигарфу дарднок аст, ки наводагони Рӯдакӣ дар сарзамине, ки Одамуушуъароро ба дунё оварда, ба далоиле комилан сиёсӣ наметавонанд осори ниёи худро ба хатти худи ӯ бихонанд ва танҳо ба осоре дастрасӣ доранд, ки ба хатти русӣ мунташир шудааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *