Илм ва маорифТоҷикистон

Муъзали хатту забон Саргузашти порсӣ дар Шӯравии пешин ( бахши1)

Дориюши Раҷабиён,
БиБиСӣ
24 баҳмани 1399 / 14 февриеи 2021
Аз нахустин талошҳо барои ислоҳу тағйири расмулхатти форсӣ беш аз сад сол мегузарад, аммо боби ин баҳс ҳамчунон гушуда аст. Бо вуруд ба ъасри роёна ин гуфтмони куҳан дубора ҷон гирифта ва доман паҳн кардааст. Ҳанӯз ҳам ҳастанд соҳибназароне, ки ба шеваи Мирзо Фатҳъалии Охундзода дар авосити садаи 19-уми мелодӣ бо ишора ба мушкилоти нивишторӣ аз хайри дабираи форсӣ гузаштаанд ва ба зарурати ҷойгузинии он бо хатте дигар имон доранд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба ъунвони намоишгоҳи зиндаи ин ислоҳу тағйир дар забони порсӣ вуҷуд дорад. Сад сол пеш Иморати Бухоро ба дасти Артиши Сурх тасхир шуд ва нуҳ сол баъд расмулхатти порсӣ дар ин хитта ба лотин табдил шуд. Дабираи лотин даҳ сол ъумр кард, пеш аз ин ки ҷои худро ба расмулхатти сириллик бидиҳад.
Охундзода ва Шоҳномаи ранҷҳояш
Чун ишорае ба Охундзода доштем, достонро аз зиндагӣ ва корномаи ҳамӯ оғоз кунем.
Мирзо Фатҳъалӣ соли 1812 мелодӣ дар шаҳраки Нӯха аз тавобеъи шаҳри Шакии Озарбойҷон зода шуд, ки акнун дар наздикии марзи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Доғистони Русия ва кишвари Гурҷистон аст. То он замон Нӯха ва Шакӣ аз тавобеъи Эрон буданд ва як сол баъд бо имзои Ъаҳдномаи Гулистон ҷузъи қаламрави Русия шуданд. Падараш Мирзо Муҳаммадтақӣ аҳли Табрез буд ва кадхудои рустои Хомина, ки акнун шаҳрест дар устони Озарбойҷони Шарқии Эрон. Як сол пеш аз таваллуди Мирзо Фатҳъалӣ падараш аз ин мақом барканор шуда буд.
Мирзо Фатҳъалӣ дар дунёе мутафовит бузург шуд; дунёе эронӣ, ки дар ишғоли Русия роҳу равиши дигаре мепаймуд. Дар натиҷа дар ъайни ҳифзи эронияти худ пайрави ниҳлаҳои фикрии зодбумаш буд, ки дигар бахше аз импротурии Русия ба шумор мерафт.
Мирзо Фатҳъалии Охундзода, ки дар Иттиҳоди Шӯравии пешин бо номи Фатҳъалӣ Охундуф шинохта мешавад, ъумри худро вақфи ислоҳу тағйири расмулхатти турку тоҷик (турку эронӣ) кард; ҳарчанд то поёни ъумраш ин талошҳо бор надод. Ӯ нахуст хоҳони ислоҳи алифбои ъарабӣ барои милали турку форс буд; баъд бар мабнои алифбои русию лотин расмулхатти тозаеро барои ҳамаи онҳо пай рехт.
Худи ӯ дар манзумае, ки ба сабки “Шоҳнома” ба порсӣ суруда, ҷузъиёти талошҳояш дар ростои ислоҳу тағйири расмулхатро таъриф мекунад. Пораҳое аз ин манзума соли 1928 дар шумораҳои чаҳоруму панҷуми маҷаллаи “Раҳбари дониш” дар Тоҷикистони шӯравӣ мунташир шуд. Дуруст дар буҳбӯҳаи баҳси тағйири алифбои форсӣ ба лотин дар Осиёи Миёна нивисандае бо имзои “Раҳими Мим” дар ин маҷаллаи порсизабон пораҳое аз он чакомаи Охундзодаро овардааст.
Тоҷикистони шӯравӣ, ки бахши шарқии иморати пешини Бухоро буд, бино ба дастури Кремлин бояд ба тағйири хат тан медод. Расонаҳои давлатӣ барои табйини манзури давлати шӯроҳо ниҳояти талоши худро мекарданд. Мақолаи Раҳими Мим ҳам дар панҷоҳумин солгарди даргузашти Фатҳъалии Охундзода порае аз он талошҳо буд:
“Мирзо Фатҳъалии Охундзода дар бораи тағйири алифбои ъараб дар соли 1858 ба забони форсӣ китобчае менивисад ва дар соли 1863 барои эълон намудани ин хиёли худ ба Истонбул меравад ва китобчаи худро ба садри аъзами Туркия Фуодпошшо пешниҳод мекунад. Ин китобчаи Мирзо Фатҳъалиро дар ҷамъияти ъилмии Туркия музокира карда, аз ҳар ҷиҳат мақбул мешуморанд.
Дар ин китобча Мирзо Фатҳъалӣ алифбои ъарабиро ислоҳ ва шаклҳои ислоҳкардаи худашро нишон дода будааст. Мирзо Фатҳъалӣ дар манзумае, ки дар бораи алифбои нав нивиштааст, чунин мегӯяд:
Сафар кардам аз роҳи дарё ба Рум,
Алифбои навро дар он марзу бум
Намудам ба аркони давлат тамом,
Хиёлам басе пухта буду на хом.
Якояк бигуфтанд “сад офарин!”,
Ҷаҳон шуд ба чашмам чу хулди барин.
Маро пойгаҳ бештар сохтанд,
Ба инъоми шоҳона бинвохтанд.”
Идомаи достон дар ин манзума ба ин шодобию хушбинӣ нест. Вазири мухтори вақти Эрон дар Истонбул бо баҳраварӣ аз нуфузи худ ҷилави пазируфта шудани ислоҳоти Охундзода дар расмулхатти ъарабии ъусмониро мегирад. Фатҳъалии Охундзода, ки дар оғоз ба фикри ислоҳи дабираи ъарабӣ буд, ҷаритар (далертар) мешавад ва ба фикри барандохтани алифбои роиҷ меуфтад. Бо таркиббандии алифбои русию лотин расмулхатти тозаеро барои забонҳои форсию туркӣ ибдоъ мекунад ва дубора суроғи мақомҳоеро мегирад, ки ин тағйирро таъйид кунанд.
Кӯтоҳсухан, пайкори Фатъалии Охундзода дар тӯли зиндагии 66-солааш ба ҷое намерасад ва саранҷом месарояд:
Ба андӯҳу ҳасрат маро рӯзгор
Сар омад дар ин дайри нопойдор.
Ба бисёр тадбирҳо чангзан
Басо будам аз фарти ҳубби Ватан.
Набахшид саъям, вале, ҳосиле,
Надидам дар ин ъаср соҳибдиле.
Бузургони туркону Эронзамин
Ҳама хуфта буданд чун халқи Чин.
Ҷавоним рафту забун гашт зӯр,
Ҷавонӣ надидам або завқу шӯр.
Орзуи Охундзода
Ин ормонро Фатҳъалии Охундзода бо худаш ба гӯр набурд, балки бисёре онро пай гирифтанду ба мансаи зуҳур расонданд.
Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки Мирзо Фатҳъалии Охундзодаро аз фарзандони худ медонад, пеш аз ҳама дастабкор шуд. Боку дар соли 1922 кумитаеро барои гузор ба хатти лотин созмон дод ва чаҳор сол баъд бакуллӣ хатти ъарабиро пушти сар гузошт ва батамом лотин шуд. Лотинӣ шудани расмулхат дар Ҷумҳурии Туркия ду сол баъд ба вуқӯъ пайваст.
Албатта, пештар аз он дар худи Русия ҳам иттифоқе дар ҳамин росто рух дода буд. Ҷумҳурии Худмухтори Ёқутистон нахустин бахши Шӯравӣ буд, ки дар соли 1920 алифбои лотинро ба расмият шинохт. Пас аз Ҷумҳурии Озарбойҷон раванди лотинӣ кардан дар ҳамаи ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Шӯравӣ калид хурд ва расмулхатти ҳамаи онҳо лотинӣ шуд. То соли 1930 алифбои 70 забони хурду бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ лотинӣ шуда буд ва умури тағйири хатро кумитае вежа дар Маскав идора мекард. Тасмими гузор ба хатти лотин аз пойтахти импротурӣ дикта мешуд.
Чиро лотинӣ?
Дар авони пайдоиши Шӯравӣ мафҳумҳои “сусиёлисм” ва “кумунисм” сайёл буданд ва тасаввур мерафт, ки Иттиҳоди Шӯравӣ хишти аввали борӯест, ки саранҷом тамоми ҷаҳонро бо аҳдофи кумунисм гирди ҳам хоҳад овард. Табъан, ҳамаи ҳукуматҳое, ки савор бар амвоҷи инқилобе рӯи кор омадаанд, ба хиёли судури он мавҷҳо ба ақсо-нуқоти ҷаҳон будаанд.
Дар оғози погирии Иттиҳоди Шӯравӣ тасаввур бар ин буд, ки “инқилоби Уктубр” дар марзҳои импротурии тезорӣ (Русия) мутаваққиф нахоҳад шуд. Пиндори хиёлпардозони булшевик тамоми ҷаҳонро дарменавардид. Ва бар мабнои он пиндор хатти лотин чи барои Шарқу чи барои Ғарб хатти шоиставу писандида буд, ки метавонист ниёзи ҳамаи забонҳоро бароварда созад.
Он авоил ҳатто дар Петругроду Маскав ҳозир буданд хатти сирилликро ба қурбонгоҳи кумунисм бибаранд ва забони русӣ ҳам ба хатти лотин нибишта шавад; ба монанди забонҳои исломвии дигари чекию лаҳистонӣ. Ҳаяҷони инқилобӣ шӯру шавқи миллиро кушта буд. Ҳадаф дастрасӣ ба як алифбо ва дар ниҳоят як забони воҳид дар миёни милале буд, ки “инқилоби ранҷбарон”-ро таҷруба кардаанд. Ба гунае, ки дар матбӯъоти он рӯзгор расмулхатти лотиниро “алифбои Уктурб” меномиданд.
Аммо рафта-рафта ин нукта барҷаста шуд, ки мушкили ъақидатии Иттиҳоди Шӯравӣ ъумдатан бо милали мусалмону ғайримасеҳист. Дар натиҷа танҳо домани “алифбои ъарабӣ” аз Иттиҳоди Шӯравӣ барчида шуд. Гурҷиҳову арманиҳо, ки алифбои куҳани худро доранд, даргири ин моҷаро нашуданд. Чун ғолибан масеҳӣ буданд. Аммо алифбои озариҳо, туркманҳо, тоторҳо, тоҷикҳо, узбакҳо, қирқизҳову қазоқҳо ва ҳамаи ақвоми кӯчактари мусалмон ҳатман бояд ъиваз мешуд, чун бахши аъзами ин мардумон мусалмон буданд ва расмулхатти пешинашон ъарабӣ буд.
Тағйири алифбо дар Иттиҳоди Шӯравӣ батамом ангезаи сиёсию ъақидатӣ дошт.
Баҳои газофи ҳамзабонӣ
Тақрибан ҳамзамон бо Ъаҳдномаи Гулистон ҳукумати тезории Русия Паймони Бухорестро ҳам имзо карда буд; бо импротурии Ъусмонӣ дар соли 1812. Дар натиҷа Мулдовӣ бахше аз импротурии Русия шуд ва баъд аз пирӯзии булшевиҳо – бахше аз Иттиҳоди Шӯравӣ.
Тафовути Мулдовӣ бо соири бахшҳои Шӯравӣ ин буд, ки дар берун аз марзҳои Шӯравӣ ҳамсояе дошт ҳамзабону ҳамтабор. Забони миллии мардуми Мулдовӣ румониёӣ аст. Аммо дар даврони ишғоли Шӯравӣ номи забони миллии ин кишвар табдил ба “мулдовиёӣ” шуд ва хатти он ҳам баъд тағйир кард. Мулдовӣ танҳо ҷумғурии ғайримусалмони Шӯравӣ буд, ки маҷбур ба тағйири номи забони миллии худ шуд.
Далели ин тасмим равшану мубарҳан аст. Кишвари румонӣ бо забони расмии румониёӣ ҳамсояи Мулдовӣ буд. Бино ба мулоҳизоти сиёсатгузорони Шӯравӣ, ин ҳамзабонию ҳамтабории ду қавм дар ду сӯи марз кор дасти иттиҳоди навпо медод ва метавонист барои тамомияти арзии импротурӣ гарон тамом шавад. Дар натиҷа рӯйкарди “тафриқа биандозу ҳукумат кун”-ро пеша карданд. Номи забони ба “мулдовиёӣ” ъиваз шуд ва баъд расмулхатташ ҳам тағйир кард, то ҳеч ташобуҳи ошкоре миёни мардумони ду сӯи марз боқӣ намонад. Ҳамзамон тазриқи вожагони “советӣ” (шӯравӣ) дар таркиби ҳамаи забонҳои Шӯравӣ идома дошт, то тафовутҳо барҷастатар ба чашм бирасанд.
Порсӣ – устухоне дар гулӯи Шӯравӣ
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ин тазриқоту дахлу тасарруф дар забони порсӣ дучандон буд; забоне, ки на танҳо муҳимтарин василаи иртиботи ақвоми мухталифи минтақаи фарохи Осиёи Миёна буд, балки пешинае ғанитару деринатар аз русӣ ва ҳамаи забонҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ дошт. Дар ъайни ҳол, забони форсӣ дар ду кишвари дигар дар он сӯи марзҳои Шӯравӣ – Эрону Афғонистон – забони расмӣ буд. Дар Ҳиндустон ҳам забони форсӣ то соли 1843 забони расмӣ буд ва пас аз он ҳам мақоме шохис дошт. Пеш аз тасарруфи Иморати Бухоро ба дасти Артиши Сурх дар соли 1920 мардумони Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон ва Ҳиндустон ба забони форсӣ бо ҳам муровида доштанд ва осору нашрияҳои ҳамдигарро мехонданд. Иттиҳоди Шӯравӣ омада буд, ки бо тағйири хатти форсӣ ба лотин ва табдили номи забон аз “форсӣ” ба “тоҷикӣ” дар соли 1929 ин пайвандро аз ҳам бигсалад.
Ҳифзи тамомияти арзӣ танҳо дағдағаи сардамдорони Шӯравӣ набуд.
(Дунбола дорад)

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *