СиёсатҶаҳон

Нирӯҳои шӯравӣ 32 сол пеш Афғонистонро тарк карданд, вале ҷанг ҳанӯз идома дорад

Аз хурӯҷи нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон 32 сол сипарӣ мешавад, вале оташи ҷанги  хонумонсӯз дар ин кишвари азияткашида то ба имрӯз идома дорад ва ҳамасола ҷони ҳазорҳо нафар мардуми бегуноҳро мерабояд. Ин ҷанг пас аз  вуруди нирӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ – 25 декабри соли 1979  оғоз шуд ва бо гузашти беш аз чил сол то кунун   идома дорад.

Тибқи омори расмӣ дар ин ҷанг ҳудуди 15 ҳазор нафар низомиёни Шӯравӣ ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 53 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои гуногун  дар ин муддат ҳудуди 1 млн низомиёни артиш, амният ва корҳои дохилии Афғонистон, муҷоҳидин ва мардуми маҳаллӣ қурбон шуданд ва беш аз 1, 5 млн нафар ҷароҳат бардоштанд. Беш аз 1,5 млн нафар мардум бехонумон шуданд ва дар Эрону Покистон ва дигар кишварҳои олам пагоҳ бурданд.

Хисороти умумии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин ҷанги даҳсола дақиқ нест. Бар асоси баъзе маълумот рақами ниҳоӣ метавонад  36,7 миллиард рублро ташкил диҳад. Мувофиқи маълумоти коршиносони амрикоӣ  хароҷоти умумии ИМА барои дастгирии мухолифини мусаллаҳи Афғонистон дар солҳои ҷанг метавонад ба 3,7 миллиард доллар бирасад ва ҳадди аққал 12,2 миллиард доллар барои мусаллаҳ кардани Покистон аз буҷаи ИМА харҷ шудааст.

Пас аз хурӯҷи нерӯҳои шӯравӣ Ҳукумати доктор Наҷибулло се сол ҳам напоид ва пас аз қатъи кӯмак аз ҷониби Русия  16 апрели соли 1992 суқут кард. Пас аз ба даст овардани ҳокимият аз ҷониби муҷоҳидин аз 28 июни соли 1992 то 28 сентябри соли 1996 Бурҳониддин Раббонӣ дар мақоми раисҷумҳури Афғонистон ифои вазифа намуд. Соли 1996 Толибон дар Афғонистон ҳокимиятро ғасб намуданд ва то соли 2001 дар сари қудрат буданд. Соли 2001 нирӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО  ба хоки Афғонистон ворид шуда, Толибонро сарнагун намуда, аввал   Ҳамид Карзай ва баъд Ашраф Ғаниро ба сари қудрат оварданд. Вале то ба имрӯз дар  Афғонистон оташи ҷанг хомӯш намешавад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *