Илм ва маорифСиёсат

Номаи Умар Илёсӣ ба Исфандиёри Одина

Бародари гиромӣ, Исфандиёри Одина!

Маро водор кардед то ба лаҳни начандон гӯшнавоз бо шумо сӯҳбат оғоз кунам. Гарчӣ ҳанӯз ҳам эҳтироми зиёд бар шумо дорам.

Вақте, ки дар фейсбук чанде дар ҳаққи шумо носазо гуфтанд, шуморо худписанду худдонам гуфтанд, сахт ошуфта шудам. Вале мебинам, ки онҳо чандон ноҳақ ҳам набудаанд.

Мегӯянд, ки ба ду тоифа мардум гап фаҳмонидан мушкил аст. Яке ба мардуми хеле донишманд, дигаре ба мардуми хеле нодон. Умедворам, ки шумо аз тоифаи якум ҳастед. Фақат ҳамин, ки аз Ватан ва аз минтақа дуреду аз вазъ бехабаред. Пофишории шумо аз ҳамин сабаб аст.

Оё медонед, ки мардуми форсизабони Ӯзбакистон доранд оҳиста-оҳиста маъюсу навмед мешаванд? Медонед чаро? Зеро умеди бузурге, ки ба роҳбари нави кишварашон доштанд, барбод меравад.

Давраи Ислом Каримови худкома гузашт. Ӯ то тавонист, байни тоҷику ӯзбек ҷудоӣ андохт. Худованд сазои аъмолашро диҳад. Ба як гуфтае, Каримов аслан тоҷиктабор буд. Дарахт гуфтааст, ки агар дастаи табар аз ҷисми ман намебуд, табар маро наметавонист бибурад. Ана ҳамин Каримов аз зумраи тоҷиконе буд, ки узбек шудаву ҳуввияти миллии худро гум кардааст.

Шароф Рашидов роҳбари Ӯзбакистон буд. Дар давраи ӯ бастани мактабҳои тоҷикӣ ба авҷи олӣ расид. Ҳол он, ки ӯ ӯзбак набуд, балки эронӣ буд. Яъне, аслан форсизабон буд, мисли мо.

Бубинед, узбеки асил нисбати тоҷик душманӣ надорад. Балки тоҷики узбекшуда душмани ашаддии тоҷик аст. Ва шумо мехоҳед, ки тоҷикони Бухоро минбаъд ҳам узбекӣ хонанду ҳуввияти миллии худро гум кунанд, узбек шаванд, душмани тоҷик шаванд.

Шавкат Мирзиёев умеди зиёдеро дар дилҳо зинда кард. Мепиндоштем, ки инак, тоҷикону узбекон дарвоқеъ бародар мешавад, ба ҳамдигар арҷ мегузоранд. Вале афсус, ки воқеият дигар аст. Ба ном олимони таърихшиноси он кишвар оғоз кардаанд ба таҳрифи таърих . Ин, ки Абуалӣ Синоро аз они худ карданд, кам будааст. Акнун мегуянд, ки тоҷикон дар Вароруд мардуми таҳҷоӣ нестанд. Рассоми номии мо Беҳзодро мегӯянд, ки турк буд. Мегуянд, ки бобоёни Исмоили Сомонӣ аслан турк буданд . Мегуянд, ки Абдулқодири Бедил турк буд. Хайрият , ки устод Садриддин Айнӣ худ миллати худро тоҷик номид, вагарна ӯро ҳам мегуфтанд ӯзбак аст, узбаке, ки ба форсӣ эҷод карда…

Роҳбари Ӯзбакистон магар аз ин сохтакориҳои олимонаш хабар надорад? Дорад, албатта. Вале хомӯш асту бепарво. Чаро? Муаммоест барои ҳамагон.

Оё шумо медонед, ки устодони забону адабиёти тоҷик аз чандин минтақаи Ӯзбакистон ба Шавкат Мирзиёев муроҷиат карданд, адолат хостанд. Гап дар ин ҷост, ки соатҳои тадриси забони тоҷикиро кам карда, аз ҳисоби он тадриси забони русиро афзудан доранд. Афсус, ки президент хомӯш аст, ба додхоҳии тоҷикони кишвараш ҷавоб намедиҳад. Ин ва дигар ноҷӯриҳо боис шуда, ки тоҷикон ба ояндаи неке чашмдор нестанд, ба кушодани мактабҳо ва синфҳои тоҷикӣ чандон ҳавасманд нестанд.

Дар чунин ҳолат гап дар бораи густариши фазои маънавиёти тоҷикӣ намеравад, балки дар бораи боздоштани ҷараёни таназзули он меравад. Шумо бояд хуб бидонед , ки расман дар Ӯзбакистон камтар аз 2 милюн нафар тоҷик аст, гарчӣ амалан то 10-15 милюн тахмин зада мешавад. Қисми зиёди тоҷикон дар санадҳо ӯзбеканд. Агар аз тоҷикони узбекшуда қисме иҷборан узбек шуда бошанд, қисме ихтиёран ӯзбек шудаанд. Чун даҳсолаҳои зиёд ба бар онҳо талқин шуд, ки шумо ӯзбеконе ҳастед, ки забон гум карда, форсизабон шудаед ва бояд ба асли худ, ба забони ӯзбакӣ баргардед, онҳо акнун худро тоҷик намешуморанд. Яъне, мактаби ӯзбакӣ онҳоро аз асли худ бегона намуд.

Бародарони бухорӣ мегуянд, касе, ки мактаби русӣ хонд, забони тоҷикиро гум кард, вале ҳуввияти миллии тоҷикиро гум накард.

Фаромуш набояд кунем , ки Темур Пӯлодов (Тимур Пулатов) – нависандаи русзабони Ӯзбакистон, худро бо ифтихор тоҷик меномад…

Вале касе, ки мактаби ӯзбакӣ хонд, ҳам забон гум карду ҳам ҳуввияти миллии тоҷикиро.

Бародари мо Сиёвуши Бухороӣ мегӯяд, вазъи забон ва маънавиёти тоҷикони Ӯзбакистон хеле бадтар аз он аст, ки ҳамтаборон дар Тоҷикистон мепиндоранд. Бубинед, бародар Исфандиёр, мо дар ҳамсоягӣ қарор дорему аз вазъ огоҳии комил надорем. Чӣ расад ба шумо, ки ҳазорон фарсах дуртар, дар Аврупо қарор доред?!

Тасаввур кунед, ки мошин босуръат меравад. Оё метавон онро дар як лаҳза ба қафо гардонд? Не. Онро қарор мекунед, баъд мегардонед ба самти муқобил. Мисли ҳамин, аввал бояд таназзули забону маънавиёти тоҷикони Ӯзбакистонро боздошт, пас ба рушди он кӯшид.

Чун бозсозӣ оғоз шуд, тоҷикони Ӯзбакистон нафаси озоде кашиданд. Мактабҳои тоҷикӣ кушоданд, матбуоти тоҷикӣ доман густурд. Ҳатто гуфта мешуд, барои рушди ҳуввияти миллӣ ва маънавиету забони модарӣ, ният доранд, ки Мухторият талаб кунанд. Вале дар Тоҷикистон ҷанги бародаркуш сар заду ин баҳонаи хубе гардид , то Каримов тоҷиктаборони кишварашро саркӯб ва забонкӯтоҳ намояд. Бастани мактабҳои тоҷикӣ дубора авҷ гирифт, фаъолону ташаббускорони ҳифзи забону фарҳанги тоҷикӣ зери фишори сахт қарор гирифтанд. Беҳуда намегӯянд бародарони тоҷики узбакистонӣ: “ҷанги дохилии Тоҷикистон миёни моро шикаст” (((((….

Акнун онҳо ҷуръат надоранд, ки садо баланд кунанд. Кӣ медонад, ки ин дафъа чӣ баҳона мешаваду онҳо боз зери фишори пантуркистон мемонанд?!

Шояд ин ҷо кор танҳо тавассути ҳамкории роҳбарони ду кишвари ҳамсоя пеш равад. Бояд бештар дар мавриди қонеъ гардондани талаботи маънавии тоҷикони Ӯзбакистон ва узбекони Тоҷикистон гуфтушунид намоянд. Лозим ояд, ба якдигар гузаштҳо кунанд. Ба пархошҷӯён (провокаторҳо) роҳ надиҳанд, ки дӯстии ӯзбеку тоҷикро халалдор кунанд. Ба олимтарошон, ки шири сафедро сиёҳ мегӯянду исбот ҳам мекунанд, имкони сафсатафурӯшӣ надиҳанд. Балки таърихдонони ду кишварро сари як миз нишонанд, ки ҳамкорӣ кунанд ва воқеъиятро ба омма бирасонанд. Шояд вақти он расидааст, ки забони форсии тоҷикӣ ва забони ӯзбекӣ дар ҳарду кишвар мақоми давлатӣ дошта бошанд…

Вале афсӯс, ки алҳол вазъ нохуб аст. Ин, ки Ӯзбакистон кишвари босубот аст, боиси хурсандии мост. Вале умед бастан, ки роҳбарони он аз руи инсофу адолат ба маънавиёти

тоҷикон диққат медиҳанду даст пеши бар гирифта интизор бояд шуд, мутаассифона, хаёли хом аст. Пас, ақадаи Сиёвуши Бухороӣ, ки тоҷикони Ӯзбакистон дар қадами аввал фарзандони худро ба мактабҳои русӣ диҳанду дар қадами дуввум мактаби тоҷикӣ кушоянд, чандон фикре, ба қавли шумо, “аҳмақона” нест. Боз ҳам хоҳиш мекунам, лутфан, аз осмон ба замин фароед. Дуруст мегӯяд ё нодуруст , ба фикри ҳамсӯҳбат оромона ва боодобона гӯш фаро диҳед. Хусусан, агар ӯ ҳамсоли падар ё бародарбузурги шумо бошад.

Ба ин муносибат, воқеае ба ёдам меояд. Солҳои ҷанги дохилӣ буд. Аз телевизиюни тоҷик ҷараёни ҷаласаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро намоиш медоданд. Бояд нишону парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешуд. Як рӯҳонии воломақоми давлатӣ фақат ба як нукта сахт часпида гирифта буд, ки дар парчами миллии мо бояд 8 ситора бошад, на 7. Зеро, мегуфт ӯ, 7- рақами бехосият аст, ишора ба 7 дари дузах аст… Аҷаб хандаовар ва дар айни замон нафратовар буд суханони ӯ. Устоди шодравон Муҳаммад Осимӣ бо тамкини ба худ хосе гуфтанд:

-Домуллои мӯҳтарам, ман ташвиши шуморо мефаҳмам, вале осуда бошед, ба ман бовар кунед, ин ҷо ғалате нест…

Ва дигарон ӯро дастгирӣ карданд. Магар ӯ наметавонист, мисли шумо бигӯяд : ин суханони шумо аҳмақона аст?!

Агар шумо донишманди забоншиносед, бояд ба Сиёвуши Бухороӣ, ки донишманди илмҳои дақиқ аст, бояд муносиби сатҳи донишмандон сӯҳбат кунед.

Гоҳо мо дар вазъи ба амал омада худи тоҷикони Ӯзбакистонро гунаҳкор медонем . Вале ин нодуруст аст. Аввалан, шароити номусоиди таърихӣ , душмании бегонагон, хиёнати худиҳо сабаб шуд, ки бузургтарин шаҳрҳои таърихии тоҷикон аз даст рафтанд. Дуввум, агар ҳамон фишоре ки болои тоҷикони Ӯзбакистон аст, дар ҳамон шароит мо мебудем, шояд мову шумо батамом ӯзбак мешудем. Ба бухориён осон доштан дуруст нест.

Мо-тоҷикони дунё, бояд муттаҳид бошем. Ин, ки дар кишварҳои гуногун зиндагӣ мекунем, бо амри тақдир аст. Мо ба сиёсат дахолат надорем. Вале дар соҳаи фарҳангу забони форсии тоҷикӣ бояд ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ намоем. Ба ҳамдигар гӯш диҳем, дарди ҳамдигарро дарк намоем, вазъиятро воқеъбинона баҳо диҳем, роҳи ҳалли мушкилотро биҷӯему пайдо намоем.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *