СиёсатҶаҳон

Олмон ҷузъиёти амнияти Навалнийро ифшо кард

Сиёсатмадори мухолифи русиягӣ Алексей Навалний аз лаҳзаи ба Олмон оварда шудан то ҳини рафтанаш дар зери ҳимояи хадамоти махсуси Олмон ба ҳайси меҳмони шахсии канслер Ангела Меркел қарор дошт.

Дар ин бора РИА Новости бо такя ба посухи Ҳукумати ФО ба дархости фраксияи “Ҷойгузини Олмон ” дар Бундестаг хабар медиҳад.

Аз 22 то 31 августи соли 2020 Навалний тавассути нерӯҳои дастаи амнияти федеролии пулиси ҷиноятӣ ҳимоят мешуд. Ҳангоми табобат дар клиникаи Берлин “Шарите” кормандони полис дар атрофи бинои  дармонгоҳ ва дар ошёнаи назди утоқи бемор навбатдорӣ мекарданд. Ин амрро пулиси Берлин ва Вазорати корҳои дохилии Олмон низ тасдиқ карданд.

Пас аз тархис аз клиника ва то охири бозгашташ ба Русия 17 январ, шуъбаҳои пулиси ҷиноии минтақа барои амнияти Навалний ва хонаводааш масъул буданд. Алексей ва Юлия Навалнийро бо мошини чароғакаш фурӯзон мустақиман ба зинапояи ҳавопаймо ба фурӯдгоҳ бурданд. Сабти номи ҳамсарон барои парвоз низ тавассути пулис ҳал шуд.

Ёдовар мешавем, ки Алексей Навалний рӯзи 20 август дар ҳавопаймо бемор шуд. Ӯро дар беморхонаи Омск бистарӣ карданд ва сипас ба Олмон интиқол доданд. Табибони Омск бемории ӯро ихтилоли мубодилаи моддаҳо бо коҳиши шадиди қанди хун ташхис доданд. Се озмоишгоҳи мустақили аврупоӣ бошанд, дар бадани сиёсатмадори мухолиф ва ашёи ӯ осори заҳри гурӯҳи Новичокро пайдо карданд. Русия то ба ҳол ҳодисаи заҳролӯд шудани ӯро рад мекунад.

Алексей Навалний рӯзи 17 январ пас аз хатми давраи барқарорсозӣ ба Русия баргашт ва  ҳангоми тафтиши шиноснома аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дастгир шуд.  2 феврал  Додгоҳи шаҳри Маскав  бо дархости Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо( ФСИН)  ҳукми шартии парвандаи ” Ив Рочер” – ро ба ҳукми воқеӣ табдил дода, ӯро ба муддати ду солу ҳашт моҳ аз озодӣ маҳрум намуд, ки ин боиси сар задани мавҷи шадиди эътирози мардум дар саросари Русия гардид.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *