АхборТоҷикистон

Оё Тоҷикистон воқеан ҳам ба бемории КОВИД-19 пирӯз шудааст?

Сомонаи расмии Ҳукумати Русия хабар дод, ки мутахассисони “Роспотребнадзор” барои арзёбии вазъи эпидемиологӣ ба Тоҷикистон ташриф хоҳанд овард. Ин тасмим дар ҷаласаи 17-уми Кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Федерасиюни Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст, ки он тибқи барномаи “Сайёҳат бидуни COVID-19” масъалаи  вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия баррасӣ мекунад.

 Раисҷумҳури Тоҷикистон 26 январ дар Паёми солонааш ба Порлумони кишвар эълом кард, ки Тоҷикистон ба бемории КОВИД-19 пирӯз омад. Ин матлабро 12 феврал Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ бори дигар таъкид кард ва бо исрор гуфт, ки аз оғози моҳи январ дар кишвар ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории КОВИД-19 тасдиқ нашудааст. Вале бархе ба ин даъвои вазир ва умуман ба омори гирифторон ва қурбониёни вируси куруно дар Тоҷикистон бо чашми шубҳа менигаранд. Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13 308 нафар, яъне 0,015% аҳолӣ ба ин беморӣ мубтало шудаанд ва  90 нафар, яъне 0,001% шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

 Ин дар ҳолест, ки дар Амрико бо беш аз 329 млн аҳолӣ ҳудуди 27 млн нафар, яъне 7% сокинони кишвар ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва то ба имрӯз ҳудуди 475 ҳазор, яъне 0, 15% сокинон ҷони худро аз даст доданд. Ин омор дар дигар кишварҳои олам чунин ба назар мерасад: Бразилия- ҳудуди 210 млн нафар аҳолӣ, мубтало- ҳудуди 9, 8 млн нафар (5 %), марг- ҳудуди 236 ҳазор ( 0,12%); Олмон-ҳудуди 83 млн аҳолӣ, мубтало- беш аз 2 млн нафар ( 2,8%), марг- беш аз 64 ҳазор ( бештар аз 0,7%); Бритониё- 66 млн аҳолӣ, ҳолати гирифторӣ- ҳудуди 4 млн нафар ( 6%), ҳолати марг- 116 ҳазор нафар ( ҳудуди 0,6%); Русия – аҳолӣ 146 млн, ҳолати гирифторӣ- 4 млн ( 3%), ҳолати марг 77 ҳазор ( 0,05%); Узбакистон – аҳолӣ 35 млн, ҳолати гиоифторӣ- 79303 нафра ( 0,2%), ҳолати марг- 622 ( 0,002%).

    Илова бар ин, бисёре аз ин кишварҳои олам бо сатҳи баланди иқтисод ва тибби муосир ҳоло мавҷи сеюми шуюъи бемориро аз сар мегузаронанд ва бо он муборизаи беамон мебаранд. Дар Тоҷикистон мавҷуд будан ё набудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории КОВИД-19- ро мутахассисони Русия маълум хоҳанд намуд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *