Илм ва маорифТоҷикистон

Пешниҳодҳои Умеди Ҷайҳонӣ дар робита ба ҷойномҳо

Донишманди фарҳехтаи тоҷик Умеди Ҷайҳонӣ бо нашри як нома дар саҳифаи фейсбукиаш  аз Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ хостааст, ки дар паи иҷрои “Барномаи давлатии  рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” минбаъд “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе»-ро расман «Шаҳрдории Душанбе» биноманд”. “Зеро,- афзудааст ӯ,- истилоҳи «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» бо талаботу меъёрҳои забони тоҷикӣ мувофиқ нест, чунки баргардони ҳарф ба ҳарф аз истилоҳи русии «Исполнительный орган государственной власти города Душанбе» аст. «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр» таърифе барои истилоҳи «Шаҳрдорӣ» аст ва ин истилоҳ дар забони мо камобеш 1300 сол пешина дорад”.

Умеди Ҷайҳонӣ “ҳамзамон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе дар ислоҳи номҳои носозгор бо Қонуни забон ва номгузории созаҳои шаҳрӣ” эълом намудааст.

Забоншиноси тоҷик қаблан пешниҳод намуда буд, ки номи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ( собиқ Қайроққум) ба Афсоншаҳр бадал карда шавад. Ӯ бо назардошти дар гузаштаи наздик туркӣ будани номи ин шаҳр ( Қайроққум) ва такя бар қолабҳои калимасози порсии миёна ба хулосае омадааст, ки “ин шаҳрро мешавад “Афсоншаҳр” номид, ки “афсон” дар он ҳамон “қайроқ” аст, яъне “санге, ки бад-он корду шамшеру монандашонро тез кунанд”. “Афсон”-ро дар порсии миёна ҳам “афсон” [afsān] мегуфтанд ва он аз “*abi-sāna-“ дар эронии бостон рӯидааст, ки “abi-“ пешванд ва “*sāna-“ аз √sāy- “соидан; тез кардан” аст. “Сӯҳон” низ аз ҳамин реша рӯидааст.Чунин номгузорӣ торихи ин шаҳрро дар номаш бозтоб медиҳад”.

Умеди Ҷайҳонӣ  бо истинод ба маълумоти академик Муҳаммадюсуф Имомов, ки дар портали иттилоотии” Нуқтаи назар” нашр шудааст, аз такрор шудани як теъдод ҷойномҳо ҳангоми тағйир додани номҳои ҷуғрофиёӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Тибқи ин маълумот ” ҳоло дар Тоҷикистон аз ҷумлаи маҳаллаву ноҳия номҳои Ваҳдат дар 31 деҳу шаҳрак, Истиқлол – 25, Баҳористон – 15, Бӯстон – 26, Лолазор – 17, Заннисор – 15, Меҳробод – 16, Навобод – 38, Тоҷикистон – 4, Файзобод – 17, Чашмасор – 15, Тоҷикобод – 8, Пахтакор – 15, Иттифоқ – 11, Дӯстӣ – 19, Кӯҳдоман дар 10 мавзеъ ва ғайра расман арзи вуҷуд карданд”.

Донишманди забоншиноси тоҷик таъкид намудааст, ки ” номгузорӣ илм аст ва бояд равишҳои номгузории тоҷикиро омӯхту ба кор бурд…Акнун бояд Панҷакент Панҷиканд ва Левикант Леваканд шаванд. Нависиши ин ду ҷойноми таърихӣ ҳам бояд қонунан дуруст  шавад: -кент ва –кант гунаҳои узбакии пасванди ҷойномсози тоҷикии –канд ҳастанд”.

Посухи расмии ниҳодҳои марбутаи кишвар дар робита ба ин пешниҳодҳои Умеди Ҷайҳонӣ дастраси мо нест. Чунин пешниҳодҳои судманд маъмулан нодида гирифта шуда, бе ҷавоб мемонанд.

Ёдовар мешавем, ки Умеди Ҷайҳонӣ қаблан гузинаҳои миллии рутбаҳои низомии Артиши Тоҷикистонро бар асоси осори илмиву таърихӣ ва адабии гузашта таҳия намуда, ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пешниҳод намуда буд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *