АхборҶаҳон

Писари Бердимуҳаммедов муовини Сарвазир таъин гардид

Раисҷумҳури Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писари 39-солаи худ Сардор Бердимуҳаммадовро муовини Сарвазир ва раиси Палатаи олии назорати кишвар таъин намуд.

Тибқи иттилои Turkmenportal Сардор Бердимуҳаммадов ҳамчунин ба ҳайати Шӯрои Амнияти Туркманистон ворид гардид.

Дар фармон омадааст, ки вазифаи нав “бо мақсади такмили минбаъдаи кори Девони вазирон ва Шӯрои амнияти давлатӣ, инчунин пурзӯр кардани назорат аз болои моликияти давлатӣ, аз ҷумла истифодаи иқтисодии захираҳои молиявӣ ва амалиётҳои литсензиядор” ҷорӣ карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки ба вазифаи муовини нави Сарвазир рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар системаи тартиботи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, молия ва иқтисод дохил мешавад.

То ин замон Сардор Бердимуҳаммадов ба ҳайси Вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмонии Туркманистон кор мекард

Дар вазифаҳои калидӣ кор кардани хешовандон яке аз хусусиятҳои низомҳои истибдодӣ ба шумор меравад. Дарига Назарбоева- духтари калонии Нурсултон Назарбоев, ки чандин сол дар вазифаи раиси Палатаи болоии Порлумони Қазоқистон ифои вазифа намуд,  моҳи марти соли 2019 аз вазифааш истеъфо дод ва роҳбари Шӯрои Амнияти кишвар шуд.

Тибқи баъзе хабарҳо хоҳари раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин Ким Йо Чон дуввумин шахси раҳбарии кишвар ба ҳисоб меравад ва бахши амниятро назорат мекунад. Писари раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко Виктор Лукашенко аз соли 2005 инҷониб дар вазифаи ёвари раисҷумҳур оид ба амнияти миллӣ кор мекунад.

Дар Тоҷикистон духтари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Озода Раҳмон аз соли 2016 инҷониб дар вазифаи раҳбари Дастгоҳи президент ва писараш Рустами Эмомалӣ аз соли 2020 дар мақоми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ифои вазифа менамоянд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *