АхборТоҷикистон

Сомонаи хабарии “Равзан” (www.ravzan.com) оғози фаъолияти хешро эълом медорад!

“ Равзан”  расонаи таҳлиливу иттилоотӣ буда, фаъолияти худро дар доираи қавонини байналмилалии матбуот ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Воситаҳои ахбори омма ба роҳ монда, рӯйдодҳо ва ҳаводиси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳонро холисона ва воқеъбинона инъикос менамояд.  “Равзан” расонаи мустақил ва озод буда, ба ягон ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ марбут нест ва аҳдофаш ҳимояи  арзишҳои демократӣ ва манфиатҳои миллист. Расона бо истинод ба манбаъ ҳама гуна маводи расонаҳои ҳукуматӣ ва мухолифи дохил ва хориҷи кишвар, минтақа ва ҷаҳон, ниҳодҳои давлатӣ, рӯзноманигорони озод ва мустақил, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро мавриди  истифода ва баррасӣ қарор дода, онҳоро ба ҳамкории мутақобили судманд даъват менамояд.

Муассиси сомонаи хабарии “ Равзан”:  Шаҳобуддини Шуҷоъ 

                         Маълумот дар бораи муассис

 

Шаҳобуддини Шуҷоъ, хатмкардаи шуъбаи форсии факутаи Забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 1982-1983 ва 1985-1987 дар кишвари Афғонистон ба сифати тарҷумони низомӣ ифодаи вазифа кардааст. Солҳои 1988-1991 дар шуъбаи тоҷикистонии Агентии Навигариҳои Матбуот ( АПН) дар вазифаи хабарнигор кор кардааст. Солҳои 1992-1995 аспиранти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, солҳои 1995-2000 устоди Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон будааст. Аз соли 2000 то 2012 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вазифаҳои ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи адабиёти муосир ва аз соли 2012 то соли 2018 ба ҳайси директори нашриёти “ Бухоро” фаъолият намудааст.

      Номзади илмҳои филологӣ (с.2000); узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (с. 2013); узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (с.1999); Аълочии матбуоти Тоҷикистон (с.2008). Муаллифи рисолаи илмии “ Бозтоби анъана дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода” (2011),  маҷмӯаҳои шеърии “ Сафири кишвари нур”(2015), “ Соли гули зардолу” (2018) ва беш аз сад мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ мебошад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *