СиёсатҶаҳон

Толибон мехоҳанд ҳокими мутлақи Афғонистон бошанд

Бахши форсии Би Би Си хабар дод, ки дар остонаи яксолагии “Тавофуқномаи Дуҳа” миёни “Гурӯҳи Толибон” ва Амрико ин гурӯҳ эълом кард, ки бисёре аз маводи ин тавофуқнома амалӣ нашуд ва раҳбарони он то ба ҳол дар “ Феҳристи сиёҳ”-и Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд. Амрико ва “Гурӯҳи Толибон” 29 феврали соли гузашта дар бораи сулҳ ба мувофиқа расиданд, ки мутобиқи он қисме аз нирӯҳои Амрико ва НАТО  аз Афғонистон бояд хориҷ мешуданд. Вале пас аз ба мақоми раисҷумҳури Амрико интихоб гардидани Ҷо Байден ва тағйир ёфтани сиёсати хориҷии Амрико нисбат ба Афғонистон хурӯҷи ин нирӯҳо ба таъхир афтоданд. Дар ин робита  “Гурӯҳи Толибон” бо нашри як эъломия ба нирӯҳои НАТО ҳушдор доданд, ки “ давоми ҳузури нирӯҳои шумо ва идомаи ҷанг на ба нафъи шумо ва миллатҳои шумо ва на  ба нафъи миллати мост!”

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи оянда вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО дар бораи идомаи ҳузури тақрибан 10 ҳазор нафар нирӯи ин созмон дар Афғонистон тасмим хоҳанд гирифт. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ҳам бино ба афзоиши хушунат аз ҷониби “Гурӯҳи Толибон” масъалаи ихроҷи низомиёни кишварашро таҷдиди назар намуд.

Ҳамзамон “ Гурӯҳи Толибон” ба даври навбатии музокирот ҳозир нашуданд. Мушовири амнияти миллии Афғонистон ҷаноби Муҳиб гуфт, ки “ Толибон ба музокира ҳозир нестанд ва хоҳони идомаи ҷанг ҳастанд. Онҳо мехоҳанд, ки дар Афғонистон ҳокимияти мутлақ дошта бошанд”.

Ёдовар мешавем, ки Толибон соли 1996 Ҳукумати Бурҳониддин Раббониро сарнагун карда, ба сари ҳокимият омаданд. Соли 2001 нирӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО  Афғонистон ишғол намуда, аввал Ҳамид Карзай ва баъд Ашраф Ғаниро ба сари қудрат оварданд. Вале бо гузашти 20 сол онҳо натавонистанд  ба Толибон пирӯз шаванд ва ҳамоно ҷанг идома дорад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *