Илм ва фарҳангТоҷикистон

Умед Ҷайҳонӣ: Тоҷикон ниёз ба нон доранд, на ба забон

Ахиран Кумитаи забон ва истилоҳот гузинаҳои тоҷикии рутбаҳои низомии артишро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар таҳияи он забоншиноси тоҷик Умед Ҷайҳонӣ саҳми бориз дорад. Дар ин робита Умед Ҷайҳонӣ дар мусоҳибае бо мо фикру андешаҳояшро иброз дошт.  

Ш.Ш. То ҷое огаҳӣ дорем, Шумо муддатҳост ба ҳайси яке аз пуштибонони забони тоҷикӣ ва пархошгарони баргардонидани асолати он кору фаъолият доред ва дар ин роҳ корҳои шоистаеро анҷом додаед. Яке аз корҳои пурарзиш ва муҳими шумо таҳияи рутбаҳои низомӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ аст, ки он аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ ташаббуси кӣ буд ва шумо сари ин масъала чанд муддат кор кардед?

У.Ҷ. Сипосгузорам аз арзёбиву арҷгузориятон ба кӯшишу талошҳоям. Тоҷикисозии рутбаҳои низомӣ ибтикори Вазорати дифоъи Тоҷикистон буд, ки дар соли 2018 аз Кумитаи забону истлоҳоти Тоҷикистон дархост кард баробарҳои тоҷикӣ барои дараҷаҳои низомии русӣ пешниҳод кунад. Ин ду ниҳод коргурӯҳи муштараки вожагузинӣ ташкил карда буданд ва  Кумитаи забону истилоҳот аз ман ҳам даъват кард, ки ба он бипайвандам, зеро аз даҳ сол пеш дар ин мавзуъ ҷустору пажӯҳиш доштам.

Ш.Ш. Кумитаи забон ва истилоҳот бар асоси кадом далоил баъзе аз гузинаҳои шумо, аз ҷумла “гурӯҳ”-ро ба “даста”, “сарвашт”-ро ба “таҳамтан” ва рутбаҳои сержантиро пурра тағйир додааст?

У.Ҷ. Ҳеч далиле надошт. Кумитаи забону истилоҳот куллиёти тарҳи пешниҳодии маро нигаҳ дошта, вале чанд рутбаро тағйир додаву назмеро барҳам задааст, ки ман бо истилоҳоти ҳамреша тартиб дода будам. Ман дар пайравӣ аз равиши вожасозии ниёконамон рутбаҳоро аз номи воҳидҳои низомӣ сохта будам. Чунончи, «отделение»-ро «гурӯҳ» номида ва аз он барои дараҷаҳои сержантӣ ба тартиб гурӯҳвар, гурӯҳдор, гурӯҳбон ва саргурӯҳбонро пешниҳод дода будам. Аммо Кумита «отделение»-ро «даста» номидаву аз он барои дараҷаҳои сержантӣ баробарҳое чун даставар, дастаёр, дастабон ва сардастаро сохтааст, ки на бо равишҳои вожасозӣ созгор ҳастанду на бо корбурди истилоҳоти низомӣ дар забони форсӣ.

Ҳамчунин Кумита прапоршикро бо силаҳбон ва прапоршики калонро бо сарсилаҳбон ҷойгузин кардааст, ки вожаҳои муносибе нестанд. Беҳтар аст ҳамон размовар ва размсоз ҷойгузини прапоршик ва прапоршики калон шаванд, ки аз «Шоҳнома» гирифта шудаанд.

Кумита ин нуктаро ҳам дар назар нагирифта, ки «даста» баробар бо «взвод» аст, ки онро лейтенант фармондеҳӣ мекунад. Ман ба ҷои «взвод» ва «лейтенант» «таҳм» ва «таҳмдор»-ро пешниҳод карда будам, ки истилоҳоте торихӣ ва баргирифта аз сипоҳи Ашкониён ва Сосониён ҳастанд. Дар қиёс бо таҳмдор барои лейтенанти хурд таҳмовар ва барои лейтенанти калон таҳмбонро пешниҳод карда будам. Кумита ин вожаҳоро таҳамвар, таҳамдор ва таҳамбон кардааст, ки дуруст нестанд. Дараҷаҳои лейтенантӣ бояд таҳмовар, таҳмдор ва таҳмбон номида шаванд, то хӯшавожае, ки бо таҳм сохтаем, аз миён наравад.

Кумита ҳамчунин дар гузиниши баробар барои рутбаи капитан иштибоҳи фоҳиш кардааст. Кумита «вашт»-ро, ки низ истилоҳи торихӣ ва баргирифта аз сипоҳи Ашкониён ва Сосониён асту ба ҷои «рота» пешниҳод шуда, пазируфта, вале капитанро, ки ба ҷояш сарвашт пешниҳод шуда буд, таҳамтан кардааст, ки коршинос набудани он вожагузинро ошкор мекунад. Капитан фармондеҳи рота аст ва мақому рутбааш болотар аз лейтенантҳо аст, аз ин рӯ рутбаашро наметавон таҳамтан номид, ки лақаби Рустами Дастон аст ва усулан наметавонад рутба бошад. Ҳамон «сарвашт», ки дар қиёс бо сарвон, саргурд ва сарҳанг сохта шуда, дурусту дақиқ аст.

Ҳаминҷо аз Кумитаи забону истилоҳот дархост мекунам, ки аз пешниҳоди ҷойгузинҳо барои рутбаҳои сержантӣ, прапоршикӣ, лейтенантӣ ва капитанӣ ба Ҳукумат худдорӣ кунад ва ин рутбаҳоро бознигарӣ кунанд.

Ш.Ш. Гузинаҳои рутбаҳои низомӣ, ки шумо пешниҳод кардед, аз рутбаҳое, ки дар артиши Эрон истифода мебаранд, чӣ фарқе доранд? Шумо вожагони таърихиро танҳо аз сарчашмаҳо пайдо кардед ё баъзеяшонро мутобиқи қолабҳои калимасози забони тоҷикӣ худатон низ сохтед?

У.Ҷ. Аз 20 гузинае, ки ман пешниҳод кардаам, танҳо панҷтояшон – сарбоз, гурӯҳбон, саргурӯҳбон, саргурд ва сарҳанг – дар нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳам ба кор мераванд. Бақия ё истилоҳоти торихӣ ҳастанд ва ё худ дар пайравӣ аз онҳо сохтаам. Чунончи, размовар, размсоз, таҳмдор, гундсолор ва сипаҳсолор истилоҳоти таърихӣ ҳастанд ва размомӯз, радабон, гурӯҳвар, гурӯҳдор, таҳмовар, таҳмбон, сарвашт, сарҳангёр, лашкарсолор ва артишсолорро худам сохтаам. Вале номи ягонҳои низомиро то ҷое, ки тавонистам бо нерӯҳои мусаллаҳи Эрон яксон кардам. Чунончи, гурӯҳ, гурдон, ҳанг, лашкар, сипоҳ ва артиш аз нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гирифта шудаанд. Аммо рада, таҳм, вашт ва гунд аз истилоҳоти торихӣ ҳастанд ва дар сипоҳи Ашкониёну Сосониён ба кор мерафтанд. Ин истилоҳоти торихиро аз осори куҳан ва ҷустору пажӯҳишҳои торихнигорон ба забонҳои форсӣ, инглисӣ ва русӣ пайдо карда ва вожаҳои навро дар пайравӣ аз онҳо ва бо равишҳои вожасозии илмӣ ва истилоҳгузинӣ сохтаам. Масалан, дар қиёс бо сарҳанг, ки пешинае беш аз 1300-сола дорад, ва саргурд, ки аз 300 сол беш ба кор меравад, сарваштро сохтаам, ки пешнамунаш дар сипоҳи Ашкониёну Сосониён ваштсолор хонда мешуд. Ҳамин истилоҳ ва ҳамчунин гундсолору сипаҳсолор намунае шуданд барои сохтани лашкарсолор ва артишсолор, ки пешнамунаш артишторонсолор дар сипоҳи Сосониён аст. Гурӯҳбон, размовар ва таҳмдор намунае шуданд барои сохтани радабон, гурӯҳвар, гурӯҳдор, таҳмовар ва таҳмбон. Размомӯз дар қиёс бо донишомӯз сохта шуд.

Бисёре аз гузинаҳои шумо аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот пазируфта шуд. Ин Шуморо рӯҳбаланд намуд?

Ин гузинаҳо дар паи шаш моҳ баҳсу мунозира бо коргурӯҳи муштараки вожагузинӣ ба Кумита қабулонда шудаанд. Камбахтона, коргурӯҳ як тарҳи комилу дурустро бо вожасозиву истилоҳгузинии нокоршиносонааш хароб кард. Ба эҳтимоли наздик ба яқин, Ҳукумат ҳамон чанд сохтаи бемояву масхараи Кумитаро баҳона хоҳад гирифту аз тасвиби тарҳи ислоҳи рутбаҳои низомӣ худдорӣ хоҳад кард. Бино бар ин, ҳанӯз далеле барои руҳбаланд шудан надорам.

Ш.Ш. Чанде пеш Шумо аз қатъи фаъолияти гурӯҳҳои фейсбукии Вожаҷӯ ва Турон хабар додед, ки бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он хеле афсус хӯрданд ва сабабаш ба фикрам адами ҳамкории Ҳукумат бо шумо буд. Акнун, ки ин ҳамкорӣ шурӯъ шудааст, Шумо ин гурӯҳҳоро аз нав фаъъол хоҳед кард?

У.Ҷ. Ҳаргиз умеде ба ҳамкории Ҳукумат ва ниҳодҳояш надоштаву надорам. Он гурӯҳҳоро ба далели ниёз надоштани тоҷикҳо ба истилоҳоти миллӣ бастам. Вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ ба пешниҳоди рутбаҳои миллӣ ин воқеъиятро барҷастатар кард, ки миллат ниёз ба нон дорад, на ба забон. Тоҷиконро беҳтар аст ҳамон истилоҳоти байналхалқиро ба кор баранд, зеро забони тоҷикӣ ба кори илму пешрафт намеояд. На ба ин далел, ки забонашон тавони вожасозии илмӣ надорад, балки ба ин далел, ки забонварон шуъури миллӣ надоранд. Он камшумор донишмандоне ҳам ки доранд, ноне надоранд, ки шом бихӯранд, куҷо ҳавсала дошта бошанд, ки ғами забону истилоҳоти илмиро бихӯранд?

Ман даҳ сол кӯшидам тавоноиву зоёиву пӯёии забони миллиро ба тоҷикон намоиш бидиҳам, аммо посух ҳамон буд, ки ин сохтаҳоятон намешаваду ҳамон калимаҳои байналхалқӣ беҳтар асту мардумро бо ин вожаҳо гумроҳ накунеду забонро бо калимаҳои лаҳҷаи касифи теҳронӣ олуда накунед. Бо чунин бархӯрд забони тоҷикӣ ҳаргиз забони илмӣ намешавад ва тоҷикҳо низ ҳаргиз улуми пешрафтаро ба забони худ фаро нахоҳанд гирифт ва чизе ҳам ихтироъ нахоҳанд кард то номе бар он биниҳанд. Бо чунин натиҷае гурӯҳҳоро бастам ва дигар ҳам фаъол нахоҳам кард.

Ш.Ш. Пешниҳодҳои Шумо дар бораи ҷойномҳо чаро аз ҷониби мақомот нодида гирифта мешаванд ва ба фикри Шумо сабаби ин ҳама ҳарҷу марҷ дар масъалаи номгузорӣ чист?

У.Ҷ. Мақомот маро намешиносанд. Ман ҳам худро дар заминаи ҷойномшиносӣ коршинос намешуморам. Аммо то ҷое, ки аз бархӯрди мақомот бо ҷомеъа пай бурдаам, далел ин аст, ки агар мақомот интиқодҳову пешниҳодҳоро бипазиранд, ҷомеъа пуртаваққуътар хоҳад шуд, ки аз фармонравоии мақомот хоҳад кост. Ҳарҷу марҷ дар номгузорӣ ҳеч далеле ҷуз коршинос набудани мақомоту тасмимгирандагону номгузорон надорад. Куллан сиёсати номгузориву номгардонӣ дар Тоҷикистон коршиносона иҷро намешавад. Бархе аз номгардониҳо на танҳо бедалел, балки ҷиноят дар баробари ториху фарҳанг низ ҳастанд.

Ш.Ш. Дар оянда боз чӣ барномаҳо доред?

У.Ҷ. Ҳамин рӯзҳо фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти низомиро таҳия дорам. Медонам, ки онро ҳам қабул нахоҳанд кард, зеро касе аз қабулкунандагонашро ҳамқалам нагирифтаам. Вале онро мунташир хоҳам карду дигар даст ба чунин корҳо нахоҳам зад. Меравам ба кору зиндагиям бирасам.

Ш.Ш. Сипосгузорам!

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *