Илм ва маориф

«ФАРҲАНГИ ДОРО» — ГУЛЧИНЕ АЗ ВОЖАГОНИ АСИЛ ВА ГӮИШИИ ТОҶИКӢ

 

Обид Шакурзода, адиб ва пажӯҳишгари тоҷик

Баргузидаи тафсирии беш аз панҷ ҳазор вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораҳои забони форсии тоҷикӣ, навиштаи Доро Наҷот, адиб ва донишманди тоҷик; соли 2012 аз сӯи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ба чоп расид. Дар сарсухани ин асар Алиасғари Шеърдӯст, сафири вақти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, бо баррасии фишурдае аз ойини луғатнигорӣ ва аҳаммийяти луғат дар рушди фарҳангу забони миллӣ, ёддошт додааст, ки Доро Наҷот бо алоқаву иштиёқ муддати ҳафт сол вақти худро сарфи гирдоварии вожагони асил ва гӯишии тоҷикӣ намуда, таснифу тадвини чунин луғатеро анҷом додааст. Сипас дар пешгуфтори «Сухане аз муалиф» ба таври фишурда равиши нигоришу шеваи тадвини «Фарҳанги Доро» баён шудааст. Тарзи нигориши ин вожанома гароишёфта ба равиши алифбоиву қиёсӣ мебошад. Интихоби мадхалҳо бар асоси салиқаи инфиродии муаллиф, «усули гулчин ё гузиниши вожаҳо» сурат гирифтааст. Ба таъкиди Дорро Наҷот, ӯ «аз таҳқиқоти арзишманди» донишмандони эронию тоҷик, мисли Муҳаммади Муъин, Алии Равоқӣ, Додихудо Саймиддинов, Амон Нуров, Масъуди Қосимӣ, Муҳтарам Ҳотам, Мирзоҳасан Султон, ки «пешинаҳои лафзӣ, овоӣ ва маъноии вожагони зиёдеро дар забонҳои ориёӣ ё ҳиндуву аврупоӣ матраҳ кардаанд», баҳра бурдааст.

СОХТОРИ «ФАРҲАНГИ ДОРО»

Доро Наҷот вожагони баргузидаи хешро барои «Фарҳанги Доро» ба 13 гурӯҳ ба ин тарз тақсим кардааст:

1.- калимаҳои махсуси гуфтори мардуми тоҷик, ки дар осори шоирону нависандагони муосири тоҷик мавриди истифод қарор гирифтаанд: тиреза, парсинг, сарсон, каҳгил, кӯрпа, каштала, патак, шинам, шабдарав, набера, зарҳал, шалпар, шибар ва ғ.;

2.- вожаҳое, ки дар солҳои охир тавассути расонаҳо ва осори адабӣ аз форсии муосири Эрон вориди тоҷикӣ шудаанд: баррасӣ, бозрасӣ, вогир, раводид, роёна, расона, ҷаҳонгустарӣ….;

3.- вожаҳои маъмулии форсии эронӣ ва форсии тоҷикӣ, ки дар тоҷикӣ бо маъноҳои ихтисосӣ истифода мешаванд: уреб, воя, ороя, ангор, тоба, гулчарх, заранг, ковок, пагоҳ, чапар…;

4.- Бархе донишвожаҳои тозаи илмӣ, фаннӣ, фановарии роиҷ дар ҳавзаи гуфтори форсизабонон, аз ҷумла, фаробунафш, адасӣ, сомона, садобар, пароканиш ва ғ.;

5.- чанде аз вожаҳои мустаъмал дар форсии тоҷикӣ, ки месазад ба гунаи муродиф бо вожагони ҳаммаънои худ дар форсии муосир мавриди корбурди ҳамаи форсизабонон қарор бигиранд: пайроҳа, чархбол, пазмон, андармон, арғушт, атлас, рустӣ, обсазб, тахтасанг, ҳуҷайра, гӯгирд, ва ғ.;

6.- вожаҳои шево ва нодир, ки дар форсию тоҷикии муосир истифода намешаванд, аммо дар мутуни куҳани динӣ, тафсирҳои Қуръон, фарҳангҳои арабӣ ба форсӣ ба кор рафтаанд, амсоли: бахшидор, варастод, вардоштор, истонидан, овардор, офтобзардгоҳ, пурсидор, расидор, ростҳанг, фирефтор, фурӯхтор, шиканиш, шӯйманд ва ғ.;

7.- гурӯҳе аз калимаҳои қадим, ки ба воситаи истифодаашон дар шеъри муосири форсию тоҷикӣ дубора мавриди истеъмол қарор гирифтаанд: авранд, ажкаҳан, эдун, анбудан, каёниг, каёранг, паргуна, пасечидан, жакон ва ғ.;

8.- Истилоҳоти роиҷ дар форсии эронӣ, ки вуруди онҳо ба форсии тоҷикӣ ба манзури ҳамгуниҳо дар вожагузиниҳои ҳавзаи форсизабонон амри зарурӣ аст: абзоролот, рангсоя, пардозиш, пиҳсӯз шимиёӣ ва ғ; 9) Теъдоде аз истилоҳоти илмиву фановарӣ, ки аз ҷониби Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои истифода пешниҳод шудаанд: резбарга, резсанҷ, боргунҷ, болобар, абаррасоно ва ғ.;

10.- Чанде аз калимаҳои зебо ва шоирона, ки сохтаи шоирони муосир аст: абрсор, ашкнабишта, обрес, гулвожа, занҷабилкокул, сунбулидан, пархидан, симгард, чаманбӯ ва ғ.;

11.- Вожаҳои форсии тоҷикии мутааллиқ ба гиёҳшиносӣ: ақоқиё, анбарборис, тамашк, гули мехак, гулхор, кокутӣ, пардаарӯсак, қоқу, пудина ва ғ.;

12.- вожаҳои гӯишии форсии тоҷикӣ: абҷир, мунга, чириғ, чочалак, таванг, камалӣ, лочура, лаккок, карка, поскуно, вазза, ҳуч, ғиҷинг ва ғ.;

13.- Мадхалҳое, ки дар шарҳи онҳо хулосаҳои арзишманди донишмандон дар мавриди қидмати онҳо, вижагиҳои таҳвожаӣ, овоӣ, лафзӣ, истифодаи онҳо дар забонҳои гуногуни бостон ва муосир оварда шудаанд: патёра, касхуда, танбӯр, пинак, танӯр, обсанг, овоза, офтобпараст ва ғ.

АҲАММИЙЯТИ «ФАРҲАНГИ ДОРО» ДАР ҚОМУСНИГОРИИ ФОРСӢ

Дар «Фарҳанги Доро» шеваҳои гуногуни шарҳи маънои луғавии калимаҳо, шарҳи донишномаӣ, пажӯҳиши решашинохтӣ, шарҳи муқоясавии калимаҳо ва шарҳи устураии мадхалҳо дида мешавад. Барои мутахассисони луғатшинос махсусан шарҳу эзоҳи маънои вожаҳои хосси форсии тоҷикӣ, ки дар фарҳангҳои пешин наёмадаанд, ҳоизи аҳаммийят аст. Зимни бархе аз чунин вожаҳо урфу одатҳои мардуми тоҷик, маросимҳои ҷашнию расмии онон шарҳу тафсир шудаанд. Масалан, «ёр-ёр», «каппасозӣ», «куппӣ», «уҳуякка» ва ғ. Барои бештарини чунин мадхалҳо аз осори адибони муосири тоҷик шоҳидҳо оварда шудааст, ки ба дарки маънои вожаҳо мусоидат мекунанд.

Бархе мадхалҳои «Фарҳанги Доро» ба гунаи мақолаи хурд, аммо пурмуҳтавои илмӣ ҳастанд, ки муаллиф зимни онҳо пажуҳишҳои худро дар ҳамон луғат овардааст. Чунончи, мадхалҳои «барги зуф», «бурс», «вағнич», «обсанг», «овоза», «қатраборон» ва ғ.

Мутаассифона, «Фарҳанги Доро» бидуни нуқсону камбудӣ нест. Чунончи, гоҳе ду вожаи омоним дар як мадхал шарҳу эзоҳ шудаанд, аз ҷумла зайли «арк», «мила» ва ғ. Шарҳи баъзе калимаҳо ноқис аст. Ба монанди:

«САКСИЮН سَکسِیون (гуф.) нобуд, исроф, барбод (дар гуфтори мардуми водии Зарафшон)». Бояд афзуда мешуд, ки «саксиюн» («саксиён») аз асли русии «ауксион» буда, ба маънои бо пули ночиз фурӯхтани маҳсулотро низ дорад.

Ё мисли дигар:

«СИНҶ سِنج зерчӯби иморатҳои чӯбкорӣ, ки нӯги сутунҳоро ба шикофҳои он бияндозанд; зеррав». Лекин, «синҷ» фақат зерчӯб нест, балки болочӯб низ ҳаст ва нӯги сутунҳоро аз ду тараф ба шикофҳои синҷҳои болоӣ («сарсинҷ») ва поинӣ («таҳсинҷ»), ки аз қаблан бо искина омода мекунанд, меандозанд.

Аҳаммийяти аслии «Фарҳанги Доро» дар он аст, ки муаллиф барои ҳар луғат як шоҳид ва мисоли бикр аз мутуни аслӣ истихорҷ ва ироа намудааст. Бо ин вижагӣ фарҳанги мазкур ҳатто барои маҳаққиқони форсизабон дар Эрону Афғонистон ва соири кишварҳои ҷаҳон манбаи арзишманд дар заминаи забони имрӯзии форсии тоҷикӣ мебошад.

Ад.: Доро Наҷот. Фарҳанги Доро. Д., 2012; М. Маҳмудов, Ғ. Ҷӯраев, Б. Бердиев. Фарҳанги гӯишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ. Д., 2012. Абдуқоди РУСТАМ, барои «ДОНИШНОМАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ», ш. Душанбе; декабри 2020.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *