СиёсатТоҷикистон

Чаро телевизион аз марги бузургон хабар намедиҳад?

Тибқи иттилои Радиои Тоҷикистон 10 феврал бо иштироки раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовинони раис ва дигар шахсони масъул нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст раиси Кумита Нуриддин Саид фаъолияти ниҳодро дар соли 2020 натиҷагирӣ намуда, дурнамои рушди онро бар асоси Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020  №429 таҳти унвони “ Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба ҳозирин шарҳ дод. Ӯ таъкид намуд, ки имрӯз барномаҳои телевизионии “Телевизиони Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Варзиш”, “Синамо”,”Радиои Тоҷикистон” ва шабакаҳои он-“ Овози тоҷик”,”Садои Душанбе”, “Фарҳанг” фаъолият доранд ва дар ояндаи наздик шабакаи нави телевизионии “Илм ва табиат” ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Қисми бештари суханронии раиси Кумита ба миқдори корҳои анҷомдодашудаи техникӣ ва  омори барномаҳои садову симо бахшида шуд.

Дар нишаст Нуриддин Саид ба як қатор суолҳои рӯзноманигорон посух дод ва аз ҷумла зикр намуд, ки ӯ мухолифи намоиш додани филмҳои туркист. Ба андешаи раиси Кумита ҳадафи ин филмҳо тарғиб ва густариши  фарҳанги туркист.

Нуриддин Саид ба ин суол, ки чаро телевизионҳои Тоҷикистон аз даргузашти чеҳраҳои шинохтаи миллат хабар намедиҳанд, гуфт, ки таъзия аз тариқи телевизион зарурат надорад, вале сабабашро шарҳ надод. Ӯ ҳамчунин он иддаоеро, ки дар шабакаҳои телевизион интиқод ба назар намерасад, рад кард.

Посухҳои раиси Кумитаи телевизион ва радио ба суолҳои рӯзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Аксари корбарон назари Нуриддин Саид дар мавриди филмҳои туркиро дастгирӣ карданд.

Мавқеи Нуриддин Саид дар бораи зарурат надоштани эъломи даргузашти чеҳраҳои шинохтаи миллат ва мавҷуд будани барномаҳои интиқодӣ дар телевизион аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ маҳкум гардид. Аз назари бисёре аз корбарон некролог  дар аксари кишварҳои олам  қоидаи маъмул ва муҳим аст. Корбар Рустам Ниёзов навиштааст, ки: “ як олими намоён Абубакр Зубайдов даргузашт, телевизион аққалан таъзия баён накард. Марҳум шашмақомсарои телевизион буд”.

Вуҷуд доштани интиқод дар барномаҳои садову симои Тоҷикистон бошад, аз нигоҳи корбарон ба ҳақиқат рост намеояд. Бархе аз корбарон изҳор намудаанд, ки телевизион барномаҳои ҷолиб надорад. Рисолатхон Тошмуҳаммадова мегӯяд, ки: “ман телевизиони тоҷикро намебинам, зеро барномаҳояш шавқовар нестанд”.

    Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон тамоми шабакаҳои телевизин ва радио давлатӣ буда, аз буҷаи кишвар маблағгузорӣ мешаванд ва таблиғгари сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумат мебошанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *