СиёсатҶаҳон

Чин аз пешниҳоди маълумот дар бораи аввалин ҳолатҳои бемории КОВИД-19 даст кашид

Мақомоти Чин аз додани маълумоти аввалия дар бораи нахустин ҳолатҳои гирифтории бемории КОВИД-19 ба кормандони  Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ худдорӣ карданд.

Дар ин бора  The ​​Wall Street Journal хабар медиҳад.

Коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтанд, ки Чин аз қонеъ кардани дархостҳо ва ирсоли маълумот дар бораи 174 ҳолати аввали бемории КОВИД-19 дар Вуҳон, ки моҳи декабри соли 2019 гузориш шуда буд, саркашӣ намуд. Чин ба коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ танҳо натиҷаҳои омодаи ташхиси ҳолатҳои гирифтории бемориро, ки олимони чинӣ анҷом додаанд, пешниҳод кардааст. Кормандони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ боварӣ доранд, ки маълумоти аввалия ба онҳо барои беҳтар фаҳмидани  чӣ тавр паҳн шудани вирус кӯмак хоҳад кард.

Гурӯҳи коршиносони СҶТ рӯзи 14 январ ба Вуҳон омаданд. Ба ин ҳайъат олимон ва табибон аз Русия, Австралия, Донморк, Олмон, Кения, Ҷопон, Нидерланд, Қатар, Судан, Бритониё, ИМА ва Ветнам шомил буданд.

Рӯзи 9 феврал Лян Ванниан, роҳбари Комиссиюни коршиносон оид ба посух ба COVID-2019 Кумитаи давлатии тандурустии Ҷумҳурии мардумии Чин  гуфт, ки мутахассисон дар табиати Чин ин вирусро пайдо накарданд. Ба гуфтаи ӯ, фарзияи   мустақиман тавассути кӯршапаракҳо вориди бозор шудани вирус аз эҳтимол дур аст. Вай  изҳор дошт, ки ноқили миёнии  вирус вуҷуд дорад.

Мутахассисони СҶТ мегӯянд, ки ҳайвоне, ки манбаи вирус аст,  ҳанӯз муайян карда нашудааст. Хуруҷи беморӣ  илова бар бозори Вуҳон  он замон дар нуқтаҳои дигари савдои чакана низ ҷой доштааст.

Ёдовар мешавем, ки бемории КОВИД-19 моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳони Чин ифшо шуд ва минбаъд ба тамоми кишварҳои сайёра паҳн гардид. То ба ҳол дар ҷаҳон ҳудуди 110 млн нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, беш аз 2 млн нафар ҷони худро аз даст доданд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *