СиёсатТоҷикистон

Чин мегӯяд, ки даъвои ҳудудӣ мавқеи расмии кишвар нест

    Вазорати корҳи хориҷии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи баҳсбарангез дар мавриди даъвоҳои ҳудудӣ ба Чин ёддошти расмӣ ирсол намуд. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбутӣ 15 феврал хабар дод ва изҳор намуд, ки  вобаста ба ин масъала аз ҷониби Тоҷикистон ба Чин ёддошт фиристода шудааст.

    Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баён намуд, ки дипломатҳои тоҷик дар робита ба ин қазия бо ҳамтоёни чинияшон ва масъулини расонае, ки ин мақоларо нашр кардаанд, мулоқот намуданд ва тасмим гирифта шуд, ки ин матлаби баҳсбарангез аз сомона бардошта шавад.

   Бино ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин мақомоти расмии Чин таъкид намуданд, ки ин мақола дар расонаи ғайридавлатӣ нашр шудааст ва зинҳор мавқеи расмии кишвари Чин нест.  Вазир афзуд, ки Тоҷикистон ва Чин муносиботи хуби сиёсӣӯиву иқтисодӣ  доранд ҳамдмгарро шарикони стратегии худ меҳисобанд.

   Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли гузашта дар ВАО Чин мақолае, нашр гардид, ки тибқи андешаи муаллифи он гӯё як қисми заминҳои шарқии Тоҷикистон таърихан ба Чин тааллуқ доранд ва бояд онҳо ба соҳибаш баргардонида шаванд. Нашри ии мақола  шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёде ба бор овард.

  Бояд гуфт, ки Чин пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани  Тоҷикистон даъво кард, ки як қисм ҳудуди Тоҷикистон таърихан ба ин кишвар тааллуқ дорад ва бояд баргардонида шавад. 12 январи соли 2011 Порлумони Тоҷикистон барои ба Чин додани ҳазор километри мураббаъ минтақаҳои баҳснок дар кӯҳҳои Помир овоз дод. 6 октябри соли 2011 раванди ба қаламрави Чин додани 1158 километри мураббаъ қаламрави Тоҷикистон ба итмом расид, ки 5,5% тамоми қаламравҳои баҳснокро ташкил медиҳад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *