СиёсатТоҷикистонҲуқуқи башар

Вокуниши мухолифин ба изҳороти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

19 феврал Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни як нишасти хабарӣ фаъолияти соли гузаштаи вазоратро натиҷагирӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар соли 2020 дар маҷмӯъ дар кишвар 1091 ҷиноятҳои хусусияти террористиву ифротӣ ошкор гардида, 271 нафар дастгир шуданд, ки аз ин миён 17 нафар аъзои ҲНИТ ва 8 нафар аъзои Ҳаракати сиёсии “ Гурӯҳи 24” мебошанд. Вазир ҳамчунин ба гунаҳкор будани  муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев  ва  шиканҷа нашудани узви ҲНИТ Дониёр Набиев аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ишора намуд.  Сомонаи Равзан бо мақсади муайян намудани мавқеи расмии ҲНИТ, Ҳаракати сиёсии “ Гурӯҳи 24” ва ҲСДТ дар робита бо ин изҳороти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  бо намояндагони  ин созмонҳои сиёсӣ мусоҳиб шуд.

Саидалӣ Ашӯров, сухангӯи Ҳаракати сиёсии “ Гурӯҳи 24”

Равзан: Дирӯз Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз ҷумлаи 271 нафар боздоштшудагон бо даст доштанашон ба ҷиноятҳои террористиву ифротидошта 8 нафар аз Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҳастанд. Ин омор то куҷо воқеият дорад ва агар хайр, вазорат дар чӣ асос ин оморро эълом кард?

Саидалӣ Ашӯров: Бале,  19-уми феврал Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода  дар нишасти матбуотӣ иддао кард, ки соли гузашта дар кишвар дар натиҷаи ошкор намудани ҷиноятҳои гуногун гӯё иддаи зиёде аз шаҳрвандони кишварро боздошт намуданд, ки дар байни онҳо 8-нафар аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” низ мебошанд. Ин омори бардурӯғро дарҳол муовини роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Ҳусейн Ашӯров аз тариқи родиюи “Озодӣ” рад карда, онро беасос хонд ва таъкид намуд, ки соли гузашта 3 нафар аъзои Ҳаракати сиёсии “ Гурӯҳи 24” дар Русия боздошт ва бо дархости Тоҷикистон ба кишвар истирдод шуданд. Ҳадаф аз чунин оморҳои бардурӯғ дар мадди аввал таъсири манфӣ расонидан ба рӯҳияи  шаҳрвандони кишвар ва  пурзӯру тавоно нишон додани ҳокимият ва мақомот мебошад. Умедворам мардуми кишвар бардурӯғ будани ин оморро мефаҳманд ва фирефтаи ин таблиғоти дурӯғин нахоҳанд шуд.

Равзан:  Боздошт ва истирдоди 3 нафар узви ҳаракатро муфассалтар шарҳ медодед?

Саидалӣ Ашӯров: Соли гузашта бо дархости мақомоти Тоҷикистон 3-нафар аъзои ҳаракат аз ҷониби кормандони амният ва ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт ва ба тариқи мармуз ба Тоҷикистон истирдод шуданд, ки дар ин бора  қаблан аз тариқи расонаи расмии ҳаракат иттилоъ дода будем.  1-уми сентябри соли 2020 узви фаъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов дар ҷои будубошаш, дар  шаҳри Нижний Новгороди Русия аз тарафи кормандони мақомоти амниятӣ рабуда шуд  ва мутобиқи маълумоти ба дасти мо расида бегоҳии худи ҳамон рӯз ба Тоҷикистон истирдод шуд. Аммо сохторҳои дахлдори Русия то дер гоҳ даст доштан дар ин ҷиноятро аз мо пинҳон доштанд ва танҳо пас аз баргузории як силсила пикетҳои эътирозӣ аз ҷониби фаъъолони ҳаракат дар назди сафоратхонаҳои Русия дар як қатор кишварҳои Аврупо ба номаҳои такрории мо расман посух доданд, ки рӯзи 1-уми сентябри соли 2020 Шобуддин Бадалов аз тариқи фурӯдгоҳи Домодедови шаҳри Москав ба Тоҷикистон парвоз кард. 20-уми сентябри соли 2020 боз ду узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”: Холов Фахриддин Зиёевич ва Қамаров Низомиддин Исомиддинович ҳангоми убур аз гузаргоҳи “Карлова”-и  марзи Руссия бо Эстония бо дархости мақомоти Тоҷикистон бо гумони даст доштан ба таъсиси гурӯҳҳои ифротгаро ва  таҳти ҷустуҷӯ қарор доштан боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Равзан: То ҷое огаҳӣ дорем, дар Русия Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 ба унвони созмони ифротгаро шинохта нашудааст. Пас чаро се нафар аъзои Гурӯҳи 24 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шуданд?

Саидалӣ Ашӯров: Бале, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” тибқи қонунгузории Федерасиюни Русия дар қаламрави ин кишвар ҳамчун ҳаракати ифротӣ эътироф нашудааст, зеро он аслан ифротӣ нест ва дар тӯли фаъолияташ дар ин кишвар  ҳеҷ кадом амалиёти ифротӣ ва ё хилофи қонунгузории ин кишварро анҷом надодааст. Лизо, истирдоди аъзои ҳаракат ба Тоҷикистон мухолифи қонунгузории ин кишвар ва  қонунҳои байналмилалӣ буда,   поймолшавии ҳуқуқи инсон мебошанд. Дар ҳоле, ки Русия узви Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар мебошад ва ин Додгоҳ истирдоди аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”-ро   нақзи ҳуқуқи башар арзёбӣ намуда, онро манъ намудаст.

  Аммо дар  баъзе аз сохторҳои Русия  афроди ҷоҳталабе ҳастанд, ки барои манфиатҳои шахсии худ ва ба даст овардани маблағҳои зиёд ин амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсониро анҷом медиҳанд, ки дар натиҷа Русияро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун  кишвари ноамн, фосид ва ғайридемократӣ муаррифӣ менамоянд.

Равзан: Чаро мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошту истирдод ва ҳукми се нафар аъзои Гурӯҳи 24 то ба ҳол чизе нагуфтаанд? 

Саидалӣ Ашӯров: Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол оид ба  рабудан ва истирдоди 3-нафар аъзои зикршудаи ҳаракат ягон иттилое надоданд. Дар ҳоле, ки Ҳукумати Русия расман дар ҷавоб ба  номаи ҳаракат посух дод, ки Шобуддин Бадалов санаи 1-уми сентябри соли 2020 аз роҳи фурӯдгоҳи Домодедов ба Душанбе парвоз кардаст ва инчунин рӯзномаи “Комерсантъ” низ дар санаи 24-уми ноябри соли 2020 хабар дод, ки мақомоти Руссия ду нафар аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”: Холов Фахриддин Зиёевич ва Қамаров Низомиддин Исомиддиновичро  ба Тоҷикистон истирдод карданд. Сабаби ба таври расмӣ  эълон накардан дар он аст, ки ашхоси зикргардида  аввалан рабуда шуданд ва баъд бо роҳи ғайрирасмӣ ва хилофи қонунгузории байнулмилалӣ ва Руссия ба Тоҷикистон  истирдод шуданд. Ин амалкард худ як ҷинояти бузург: “одамрабоӣ” мебошад, ки онро ҳамаи кишварҳои ҷаҳон маҳкум менамоянд.  Дар Тоҷикистон муҳокимаҳо пушти дарҳои баста ва ғайри мунсифона мегузаранд. То ҷое, ки мо огоҳ гаштем, Шобуддин Бадалов ба 7 сол, Холов Фахриддин ба 7 сол ва Қамаров Низомиддин ба 14 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукмҳо муғризона буда, ҳадафи сиёсӣ доранд ва Ҳаракати сиёсии “ Гурӯҳи 24” онро шадидан маҳкум менамояд.

Равзан: Пас боздошту истирдоди се нафар аъзои  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 ба Тоҷикистон магар водор намекунад, ки муносибати ҳаракат нисбат ба фаъолияти аъзои он дар қаламрави Русия тағйир ёбад?

Саидалӣ Ашӯров: Аввалан, роҳи мубориза барои озодии халқу Ватан чунин мушкилотҳоро дорост, зеро Ҳукумати  Раҳмонов барои идомаи қудрати хонаводагиаш тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад, то миллатро саркӯб созаду чанд рӯзи дигар болои курсии қудрат боқӣ монад.  Баъдан, ҳаракати мо мутобиқи қонунгузории Русия расман ҳамчун як ҳаракати ифрогаро ва ғайриқонунӣ шинохта нашудаст. Руссия барои мо як кишвари хело муҳим аст, зеро ҳаракат фаъолияти худро дар  ин кишвар оғоз намуд ва дар Русия аъзо ва тарафдони зиёд дорад. Зиёда аз ду миллион шаҳрвандони мо дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд ва озодии миллат ва кишвар барои онҳо низ аҳаммияти ҷиддӣ дорад. Бешубҳа ҳаракат баъд аз рабуда шудан ва истирдоди 3 нафар аъзои худ дар соли 2020 дар барномаи фаъолияти аъзо ва тарафдоронаш дар қаламрави Русия тағйиротҳо ворид намуд, то он сохторҳо ва шахсиятҳои манфиатҷӯ бо осонӣ натавонанд  амнияти аъзо ва фаъолияти онҳоро зери хатар гузоранд. Ногуфта намонад, ки дар робита бо рабуда шудани Шобуддин Бадалов ва даст доштани мақомоти ин кишвар ба ин ҷиноят, ҳамчунин ошкор намудани  гунаҳкорони асосӣ як нафар вакили дифоъ кор мебарад.

Равзан: Сипосгузорам!

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.

Равзан: Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон 19 феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Додгоҳ гуноҳи  Маҳмурод Одинаевро исбот кард ва  мувофиқи гуноҳаш ба ӯ ҷазо муайян намуд.  Аз назари Шумо ҳамчун ҳуқуқшинос парвандаи ӯ то чӣ андоза воқеӣ ва  муҳокимаи ӯ то чӣ андоза одилона гузашт?

Шокирҷон Ҳакимов: Азбаски дар мурофиаи судӣ зимни баррасии парвандаи Маҳмурод Одинаев фурсати иштирокро надоштам, дар ин хусус чизе гуфтан хеле мушкил ҳам ҳасту ғайрикасбӣ ва шояд бесалоҳиятӣ аз ҷониби мо ҳамчун олими соҳаи ҳуқуқ ва сиёсатмадор низ бошад. Зеро ки моҳиятан қазияро на дар Суди шаҳри Ҳисор – макони содир шудани ҳодиса, балки дар ноҳияи Рӯдакӣ баррасӣ намуданд. То чи андоза ҷонибҳо, яъне айбдоркунандаю судшаванда ва шоҳидону дигар иштирокчиёни мурофиа аз ҳуқуқҳояшон озоду бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ истифода бурданд ва ба далелҳои асоснок чӣ вокуниш буду суд онҳоро ба инобат гирифт, ба мо ноаён аст.

  Рӯзи аввал тибқи иттилои ба мо дастрас гардида прокурор аз судя хоҳиш намуд, ки ӯро ба 15 соли зиндон маҳкум кунад. Дар рӯзи дуюми мурофиа ҳукми ӯро судя 14 сол эълон кард. Бо мақсади сиёсӣ нашудани қазия мо кӯшиш кардем, ки ба рафти тафтишот ва мурофиа дахолат накунем ва умедвор будем, ки шояд барои кирдораш ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намуда, ӯро то як сол аз озодӣ маҳрум ё ба микдори муайян ҷарима мекунанд. Аммо новобаста аз синну сол ва ба ҷомеа хатарнок набудани ӯ мувофиқи мақсад донистанд, ки Одинаев Маҳмуродро ба муҳлати тӯлонӣ ҳабс кунанд.

Равзан: Ба муҳлати тулонӣ зиндонӣ шудани ҷонишини раис  барои  ҲСДТ ғайричашмдошт буд?

Шокирҷон Ҳакимов: Бале, ба муддати 14 сол зиндонӣ шудани муовини раиси ҳизб барои мо ғайричашмдошт буд ва бидуни шак боиси нороҳатӣ ва нигаронии мақомоти раҳбарикунандаи оинномавии созмони мо гардид. Баъд аз дастрас шудани матни пурраи ҳукми Суд нисбат ба Одинаев Маҳмурод бо ҷалби адвокатҳо онро таҳлилу баррасӣ ва ташхис намуда, ба воситаи пайвандону фарзандонаш бо аризаи шикоятӣ ба Суди Олӣ муроҷиат кардем. Агар судяҳои Суди Олӣ холисона, ба таври объективӣ ва босалоҳияту ҷиддӣ бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва бидуни сиёсӣ кардани қазия моҳияти шикояти моро баррасӣ намоянд, эҳтимолияти ба таври қобили мулоҳиза камтар кардани ҳукми ӯ вуҷуд дорад. Вале, ҳамзамон, татбиқи усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва мустақилияти суд ва адолат дар кадом сатҳ қарор дорад низ ба тасмими ниҳоӣ бо дар назардошти воқеиятҳои айниву зеҳнӣ таъсири муассир мегузорад.

Равзан: Мавқеи ҳизб дар бораи гунаҳкор будан ё набудани Маҳмурод Одинаев чӣ гуна аст?

Шокирҷон Ҳакимов: Гунаҳкории ҳар шаҳрвандро бо риояи усули эътирофи бегуноҳӣ бояд Суд дар муҳокимаи ошкорою одилона ва шаффафу рақобатпазиру баробарии иштирокчиёни қазия  муқаррар намояд. Чунин муносибатро асосҳои сохти конститутсионии Тоҷикистон ва арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд низ муқаррар намудааст.

Равзан: Раҳбарияти ҳизб барои холисона баррасӣ шудани парвандаи Маҳмурод Одинаев чӣ тадбирҳое андешид?

Шокирҷон Ҳакимов: Бояд зикр намуд, ки тариқи субъектҳои фазои иттилоотӣ, ба хусус воситаҳои ахбори кишварҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ Раис ва Муовини аввали Раиси ҲСДТ аз лаҳзаи аввали ба вуҷудойии ин қазия ба таври ошкоро ва хеле босалоҳият ибрози ақида намуданд. Ду маротиба Шӯрои сиёсӣ ин масъаларо махсус мавриди баррасӣ қарор дод. Бо масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дидору мулоқот доштем. Тибқи мувофиқа қазияро мебоист дурусту бидуни сиёсӣ намудани он баррасӣ менамуданд. Аммо боиси таассуф аст, ки натиҷа, тавре ки дидем, ранги дигар гирифт. Аксуламал то ҳадде буд, ки мувофиқ ба воқеиятҳои фарҳанги сиёсии ҷомеаи муосири тоҷик будааст.

Равзан: Зиндонӣ шудани Маҳмурод Одинаев оё ба рӯҳия аъзои ҳизб ва  фаъолияти худи ҳизб таъсир расонд?

Шокирҷон Ҳакимов: Бидуни шак  зиндонӣ шудани Маҳмурод Одинаев на танҳо ба рӯҳияи аъзои ҳизб, балки ба шаҳрвандони огоҳу бедор низ таъсири манфӣ расонд. Аммо новобаста аз ин мо тадриҷан бояд кӯшиш намоем, ки ба ҳадафҳоямон ҷиҳати такмили низоми сиёсӣ ва ташаккули давлати муосиру муваффак бирасем.

Равзан: Сипосгузорам!

Бобоҷони Қайюмзод, сухангӯи Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ

Равзан: Дирӯз Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии Вазорат изҳор дошт,  ки аз ҷумлаи 279 нафар  боздоштшудагон 17 нафар аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  мебошанд.  Назари расмии ҲНИТ ба ин омор чист?

Бобоҷони Қайюмзод: Бо вуҷуди он ки Вазири корҳои дохила омори аъзои боздоштшудаи ҲНИТ – ро 17 нафар унвон кард, мутаассифона маълумоти дақиқе аз теъдод ва далели боздошти аъзои ҲНИТ вуҷуд надорад. Ҳамагон медонем, ки дар соли гузашта Ҷ. Маҳмуд, Исломиддин Файзалӣ, Асрориддин Розиқов, Зайнидин Юсупов ва Дониёр Набиев боздошт шуданд, ки ҳама аъзои ҲНИТ ҳастанд. Аммо бештар аз ин на ҲНИТ, на расонаҳо ва на созмонҳо маълумот надоранд. Зеро мақомоти кишвар ҳаргиз дар бораи боздоштҳо маълумоти дақиқ ироа намедоранд ва ҳатто ба хонаводаҳои боздоштшудаҳо ҳам таҳдид мекунанд, ки ба расонаҳо маълумот надиҳанд, вагарна вазъияти боздоштшуда бад мешавад ва худи онҳо низ муттаҳам ба ҳамкорӣ бо мухолифин мешаванд. Қисмеро ҳам ваъдаи дурӯғ медиҳанд, ки  агар сокит бошанд, барои боздоштшуда ва ҳам худи онҳо беҳтар аст ва метавонад зиндонӣ дар афв ё бо ришва  бахшида шавад. Бинобар ин хонаводаҳо гоҳе аз тарс ва гоҳе бо умеди сабукӣ овардан аз боздошт шуданашон сукут мекунанд ва маълумотро ба касе намерасонанд. Мақомот бошанд, он тавре худашон мехоҳанд, ҳамон гуна қазияро ба ҷомеа матраҳ мекунанд, на он гуна ки ҳаст. Аз тарафи дигар, мақомот бархе афроди ҷинояткорро ҳам бидуни санаду далел аъзои ҲНИТ муаррифӣ мекунанд. Дар чунин фазо дақиқ кардани аъзои боздоштшуда душвор аст. Мо ҳам чун медонем хонаводаи зиндониён зери фишор қарор доранд, аз тамос бо онҳо парҳез мекунем. Бинобар ин наметавон дар бораи боздоштшудаҳо ва иттиҳомоти онҳо чизи мушаххас ва дақиқе гуфт.

Равзан: Вазир дар суханронии худ гуфт, ки Дониёр Набиев – узви 85 солаи ҳизб ҳеҷ гоҳ шиканҷа нашудааст. Шумо дар вокуниш ба суханронии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтед, ки аъзои ҲНИТ дар Тоҷикистон барои мақомот ба сифати гаравгон мавриди суиистифода  қарор мегиранд ва ҳамеша шиканҷа мешаванд.

Бобоҷони Қайюмзод: Аслан агар мунсифона баҳо диҳем, боздошти пирамарди 85- сола ва нигаҳдории ӯ дар зиндон худаш як навъи шиканҷа маҳсуб мешавад. Аммо дар бораи шиканҷаи ҷисмонии ӯ маълумоти аниқ надорем. Ин ки ӯ дар ҷои сарде қарор дорад, ки ба наздиконаш гуфтааст хунук мехӯрад, ин худ як навъи шиканҷа аст.

        Ҳукумат бо аъзои боқимондаи ҲНИТ дар дохили кишвар ҳамчун гаравгон муносибат мекунад, ба ин далел, ки ҳар гоҳ фишори мухолифон болои ҳукумат зиёд шуд, чанд нафар аз аъзои ҲНИТ ро, ки дар дохил ҳастанд боздошт мекунад ва иттиҳомотеро болояшон бор мекунад. Барои пеши роҳи фаъолияти мухолифонро гирифтан ба онҳо фишор меоварад ва бархе аз онҳоро маҷбур мекунад, ки дар назди дурбин алайҳи ҲНИТ суҳбат кунанд. Вақте як нафар аъзои ҳизб дар расона баромада алайҳи падар ё бародари худаш суҳбат мекунад, фикр мекунед бо хоҳиши худаш аст? Маҷбур кардани як шахс барои сухан гуфтан зидди падар, бародар, фарзанд ё хешу табораш магар далели ҳамчун гаравгон муносибат кардан бо онҳо нест? Мутаассифона имрӯз мақомоти кишвари мо бо аксарияти мардуми кишвар ҳамингуна муносибат мекунанд. На ҳарими шахсиашонро риоят мекунанд ва на ҳуқуқҳои шаҳрвандиашонро, ки ингуна муносибат оқибати хуб нахоҳад дошт.

Равзан: Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба масъалаи муноқишаи блогнависони тоҷики муқими Олмон низ дахл намуда, онҳоро аъзои ҲНИТ муаррифӣ кард. Ин нуқтаи назарро як теъдод мухолифин ва равшанфикрони муқими Аврупо низ тасдиқ мекунанд. Вале ахиран ҲНИТ бо нашри як баёния гуфт, ки онҳо ба ин ҳизб рабте надоранд. Шумо инро чи гуна шарҳ медиҳед?

Бобоҷони Қайюмзод: Ҳукумат дучори як таваҳҳум шудааст. Чун аз соли 2011,  пас аз сабти протоколи 32 – 20 таблиғоти густардаеро алайҳи ҲНИТ роҳандозӣ намуд, фикр мекунад ба ҳадафаш расидааст ва мардум дар фазои сиёсӣ дигар ба ҲНИТ бовар надоранд. Ба ҳамин хотир амдан ҳар касе мухолифи ҳукумат ҳарфе зад, аввал ӯро ба ҲНИТ рабт медиҳанд ва баъдан “хоин” эълон мекунанд. Барои ҳамин ҳатто хабарнигорон ва рӯзноманигорону шахсиятҳои мустақили дунявиро ҳам ба ҲНИТ рабт додаанд. Дар ҳоле, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо рабте ба ҲНИТ надоштанд ва надоранд.

    Аз тарафи дигар робитаҳои хешовандӣ ва хонаводагӣ муайянкунандаи узвияти ҳизбиву гурӯҳии афрод буда наметавонад. Бисёриҳо дар наҳзат ҳастанд, ки наздиконашон дар гурӯҳҳои сиёсии дигар ҳастанд ва ё  узви ҳизб нестанду мустақилона амал мекунанд. Аммо, мақомот ва ба хусус фейкҳои фермаи ҷавоб, бо ишора ба ин робитаҳои хонаводагиву хешутаборӣ гоҳе мехоҳанд амалҳои шахсиятҳову гурӯҳҳои дигарро ба ҲНИТ рабт диҳанд.

   Дар муноқишаи блогерҳои тоҷик дар Олмон ҳам қазия ҳамин аст. Як нафар аз онҳо фарзанди аъзои ҲНИТ аст, вале худаш ҳаргиз аъзои ҳизб набудааст.  Ҳоло бархеҳо бо истифода аз ҳамин робитаҳои хонаводагиву хешутаборӣ мехоҳанд қазияро ба ҲНИТ рабт диҳанд, ки аслан мунсифона нест. Мо борҳо тиъкид кардаем ва мекунем, ки назари ҲНИТ- ро мардум метавонанд аз сомонаи расмии ҳизб, саҳифаи расмии ҳизб дар шабакаи фейсбук ва аз тариқи сухангӯ ва раиси ҳизб пайгирӣ кунанд. Аммо мавқеи ҳеҷ як блогер ба мавқеи расмии ҲНИТ рабте надорад. Ҳатто агар он блогер узви ҲНИТ ҳам бошад. Зеро мавқеи ҳизбро аз ниҳодҳои расмии он бояд шунид, на аз суҳбати блогеру афроди алоҳида, ки масъулияти сиёсӣ надоранд. Дар ин қазия ҳам ҳизб расман мавқеашро равшан кард, ки ҳеҷ кадоме аз  ин блогерон ба ҳизб рабте надоранд ва робитаи онҳо  бо ҲНИТ сирф як робитаи хешутаборӣ ва инсонӣ аст.

      Аммо мо ҳам аз паёмадҳои чунин ҳодисаҳо ва тавтиаҳо нигарон ҳастем. Мақомоти кишвари мо амдан ба фикри дуқутбӣ кардани ҷомеа ва ба хушунат кашидани мубориза ҳастанд. Агар диққат кунед, имрӯз муҳоҷирони кории мо дар Русия маҳз бар асоси сиёсатҳои саркубгарона ва иттиҳомоти пархошгаронаи мақомоти Тоҷикистон ҳамеша дар маърази иттиҳом ва мазнун ба ҷиноят дониста мешаванд. Мақомоти Русия ба муҳоҷири тоҷик ҳамчун “ҷинояткори билфитра” муносибат мекунанд Чунки дар Русия ҳам мақомот айни чунин сиёсатро пеш бурданд ва муҳоҷирони моро ҳамчун ифротиву террорист муаррифӣ карданд. Ба он хотир, ки ҳар вақт хостанд, битавонанд бо ҳар туҳмате онҳоро ба Ватан истирдод кунанд ва борҳо ин корро ҳам карданд. Ҳоло ҳамин сиёсатро дар баробари мухолифон дар Аврупо пиёда карданӣ ҳастанд, фақат бо роҳи каме мутафовит.  Умедворам мухолифин дар Аврупо ин нақшаи онҳоро дарк мекунанд ва ба тавтеаҳову нақшаҳои онҳо намеафтанд.

Равзан: Сипосгузорам!

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *