СиёсатТоҷикистон

75 солагии зодрӯзи меъмори Истиқлол фархунда бод!

                                                                                               Насибҷон Амонӣ                                                                                       адиб ва рӯзноманигори тоҷик

Имрӯз барои миллати мо рӯзи таърихӣ аст. Дар ин рӯз 75 сол пеш Тоҳири Абдуҷаббор, пешвои ҷунбиши миллӣ –озодихоҳӣ дар Тоҷикистон, раиси созмони мардумии Растохез, муаллифи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон ба дунё омада буданд.  Арзанда ва шоиста мебуд, ки ин рӯзро мардуми кишвар ва ҳукумат  ба гунаи густурда таҷлил мекарданд ва бо баргузор кардани  нишасту ҳамоишҳо аз ин абармарди таърихи кишвар арҷ мегузоштанд. Вале, бо кадом сабабҳои барои мо номаълум  ҳам дар замони зиндагии устод ва ҳам дар муддати  даргузашти  эшон дар ин 12  сол, ҳукумат ҳеч кӯшиши ночизе ҳам барои арҷгузорӣ аз ин фидоии миллат ва озодӣ накард, ки ин ҷои афсӯс аст…

Вале, мардум ин фарзанди  фидоӣ ва сарсупурдаи  хешро фаромӯш нахоҳад кард  ва сол то сол кору пайкор ва пиндору гуфтори  ин донишманди жарфбин аҳамияти бештар аз пештар пайдо мекунад. Зеро ӯ ҳамеша манофеи миллиро басо боло аз манофеи шахсӣ гузошта,  ҳама умри азизи худро сарфи озодиву ободии миллат кардааст. Аз ин хотир мо дӯстон ва раҳравони роҳи Устод Тоҳири Абдуҷаббор тасмим гирифтем, ки ин солро барои хеш ва барои ҳама худшиносону меҳанпарастони тоҷик СОЛИ ТОҲИРИ АБДУҶАББОР эълом кунем ва  то охири сол ба гунаи пайваста гуфтору корномаи ӯ ва ёдномаҳои дӯстону раҳравонашро бароятон пешкаш бикунем то бар асоси раҳнамоҳои ин пешвои ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ,  ки ӯро Маҳатма Гандӣ ва  Нелсон Манделои тоҷик медонанд, зиндагӣ бикунем ва ба озодии ҳақиқӣ бирасем, ба пешрафти миллат ва кишвари хеш беш аз пеш саҳмгузор бошем ва пеш аз ҳама чун Устоди бузург поку озода ва дур аз ҳама бадиҳо зиндагӣ бикунем.

75 солагии зодрӯзи Меъмори истиқлоли Тоҷикистон устод Тоҳири Абдуҷаббор хуҷаста бод,  ҳамдиёрони азиз ва ҳама тоҷикони ҷаҳон! Равони ин абармард ҳамеша  шод,  ёдаш  гиромӣ ва номаш ҷовид   бод!

Ҳоло нахустин матлабро аз навиштаи худи Устод пешкашатон мегардонем, ки он 13 сол пеш дар рӯзҳои 17 солагии истиқлоли Тоҷикистон иншо гардида буд.

 

Тоҳири АБДУҶАББОР

                         17 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз ҳабдаҳ сол аз замони эъломи Тоҷикистон ба унвони кишваре мустақил аз давлати собики Шуравӣ гузашт. Вале то кунун таърихи комиле ва ҷомеъе аз талошҳои озодихоҳии тоҷикон ва эъломи истиқлоли ин кишвар навишта нашудааст. Дар матлаби зер, Тоҳири Абдуҷаббор, аз раҳбарони фаъоли ҷунбиши истиқлолталабии Тоҷикистон дар авохири аҳди Шӯравӣ, хотироти худро аз ин ки чигуна ин кишвар эъломи истиқлол кард ва то чи ҳадд ормонҳои истиқлолхохӣ ба даст омада, ироа кардааст.

Дар авохири солҳои 1989-90 дар Иттиҳоди Шӯравӣ дигаргуниҳои бузурге руй дод ва ҷамоҳири собиқи шӯравӣ дар садади он шуданд, ки ҳарчи зудтар истиқлоли худро эълом  кунанд ва дар ин замина санадҳои ҳуқуқие таҳия карданд.

Дар Тоҷикистон низ як матни эъломия дар тобистони соли 1990 ба чоп расид, вале ба назари ман, ин санад истиқлоли Тоҷикистонро таъмин намекард, зеро онро ҳукуматдорон ҳамин тур беҳадаф ва намоишкорона таҳия карда буданд.

Ба ҳамин хотир, мо бо маслиҳати дӯстон дар созмони мардуми «Растохез» онро баррасӣ кардем ва ман эъломияи олтернотивие таҳия кардам, ки аз ду бахш иборат буд. Дар бахши аввал назароти интиқодии худро дар мавриди эъломияи ҳукумат навиштам. Дар бахши дувум, ки дар ҳудуди 25-30 модда иборат буд, ин мавзуъро матраҳ кардам, ки Тоҷикистон ба унвони як давлати мустақил бояд чигуна давлате бошад, чи тағйироте дар Қонуни Асосӣ ворид карда шавад ва ҳуқуқу озодиҳои инсон аз чи иборат бошад ва чи гуна бар мабнои қонун тазмин гардад ва низоми давлатдории мо чи гуна бошад.

Ин санадро таҳия кардем ва ба рӯзномахо пешниход кардем, вале мутаасифона, аксарашон қабул накарданд, фақат муаллими мухтарам, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ки он замон сардабири нашрияи расмии «Ҷумҳурият» буданд, пазируфтанду чоп карданд, мунтаҳо бахши интиқодии он ҳазф шуд ва бахши дувумаш чоп шуд. Баъдтар, ки ҷаласаи Шӯрои Олӣ баргузор шуд, дар он ҷо ҳар ду нусхаи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон мавриди баррасии намояндаҳо қарор гирифт.

Равшан аст, ки он замон намояндаҳои порлумон аслан огаҳии чандоне аз мавзуъ надоштанд, яъне пешопеш онро баррасӣ накарда буданд, андешаи солим ҳам нисбат ба ин эъломия надоштанд. Ҳамин тур омаданду раъй доданд. Вакти раъйдихӣ ба забони раиси маҷлис менигаристанд, агар вай мегуфт, ки «раъй бидиҳед», барои раъйи мувофиқ туг¬маро пахш мекарданд ва агар мегуфт «на, қабул накунед», албатта раъйи мухолиф медоданд.

Мо бисёр баҳсу талошҳое кардем. Ба ҳар сурат ҳарду матн баррасӣ шуд ва дар ниҳоят як матни тоза таҳия шуд, ки махлуте аз матни ҳукумат ва чанд банд аз эъломияи истиқ¬лоли созмони «Растохез» буд.

Ба хар сурат, ин матни тоза мавриди қабул ва ризоияти ман набуд, ба ин хотир ки ҳарчанд дар баъзе масоили чузъӣ ҳуқуқу салоҳияти бештари Тоҷикистон пешбинӣ шуда буд, аммо рӯйиҳамрафта, ҳамон тобеъияти Тоҷикистон аз Маскав аз ҳар лиҳоз дар ин матн пешбинӣ шуда буд, яъне тағйироти куллие дар он дида намешуд.

Ба ҳамин хотир, ман баъд аз баҳсу талошҳои зиёд, варианти севуми эъломияи истиқлолро пешниҳод кардам. Албатта, матне, ки мо пешниҳод кардем, нашр шуд ва он хаҷмаш калон буд, баъзе чизхо муфассалан дар он оварда шуда буданд. Вале чун дигар фурсате набуд, ман дар як ҷумла мухтасар кардам, яъне ҷумлае навиштам, ки ҳама чизҳои дигар ба он вобаста буд ва пешниҳод кардам, ки бинависем: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил, демукротик ва ҳуқуқбунёд аст».

Онро ба раъй монданд ва чун тоблу рӯшан шуд, диданд, ки ҳама раъйи мухолиф додаанд. Албатта, ман эътироз кардам, ки ҳадди ақалл ман, ки муаллифи ин пешниход ҳастам, бояд мухолифи худ раъй надода бошам.

Дар толор ханда баланд шуд, ман ки назди микруфун истода будам, пушти сарамро нигох кардам ва маълум шуд намояндае, ки дар паҳлӯйи ман менишаст, ба ҷойи ман хам тугмаи мухолифро зер карда буд. Ҳарчи талоше кардем, мунтахо санаде ба тасвиб расид, ки истиқлоли Тоҷикистонро таъмин намекард. Лекин ба ҳар сурат иқдоме буд, ки нисбат ба гузашта як навъ пешрафт маҳсуб мешуд.

Баъдан талоши созмони «Растохез» ва нерӯҳои озодихоҳ дар кишвар идома ёфт ва як сол пас ман санади дигаре таҳия кардам, ки бисёр калонҳаҷм ва аз ду кисмат иборат буд.

Қисмати аввалаш дар бораи лағви созишномаи соли 1922, яъне созишномае, ки бар асоси он Иттиходи Шӯравӣ бунёд шуда буд. Албатта ин созишнома тақаллубӣ  буд, зеро он замон касе назари мардумро напурсида буд, мардум ҳам аз он огоҳ набуданд, мунтаҳо чанде аз ба истилох раҳбарони кишварҳо ҷамъ шуда ва онро имзо карда буданд.

Ба назари ман, бояд аввал ин санадро лағв мекарданд. Аз ин рӯ, матни созишномаи ҷадидеро дар бораи Иттиҳоди ҷадиди давлатҳои мустақил бо бандҳои зиёд ва бо тафсилоташ навиштам ва дар аввали соли 1991 ба рӯзномаҳо пешниход кардам. Вале хеч рӯзномае ҳозир нашуд онро чоп кунад. Ман матни русияшро хам таҳия кардам ва бо мактубе расмӣ ба Шӯрои Олӣ барои баррасӣ  пешниҳод кардам.

Мутаассифона, дар Шӯрои Олӣ, ки моҳҳои апрел-май баргузор шуд, намояндагон ҷуръат накарданд, ки онро баррасӣ  кунанд ва ҳамин тавр монд. Вале дар он солхо тибқи маъмул ҳар ҳарфе, ки мо мегуфтем ва менавиштем, маъмурони кумитаи амният, ки сад дарсад дар хидмати Маскав буданд, онро дастрас мекарданд ва ба Маскав мефиристоданд. Баъдан аз ин санад, аз он чи ба Иттиҳоди Шӯравӣ марбут мешуд, дар охири он сол барои таҳияи баъзе асноди ҳукукӣ  дар Маскав хеле истифода карданд.

Ба ҳар сурат як матни созишномаи ҷадид, ки аз Маскав таҳия шуда буд, ба Душанбе расид, мо онро баррасӣ кардем ва он ҳам ба назари мо ноқис буд ва ба ҳеч ваҷҳ истиқлоли комили кишварҳоро таъмин намекард. Мо назароти худро гуфтем ва талаб кардем, ки ин матн ҳам таҷдиду такмил шавад ва дар тобистони соли 1991 намунаи дигаре ҳам барои имзои сарони ҷамоҳири Шӯравӣ омода карданд.

Қарор буд ин санад 21 август имзо шавад, вале ду рӯз пеш ҳаводиси мавсум ба «ГКЧП» иттифоқ афтод. Чанде аз вазирон ва мақомоти дигари баландпоя (Михойил) Горбачевро бо роҳи кудето аз қудрат дур карданд. Мо ононро маҳкум кардем, вале бархе аз раҳбарони вақти Тоҷикистон аксҳои Горбачевро аз деворҳо барканданд ва ба Маскав барқияхо фиристоданд ва пуштибонии худро аз ин кудето иброз доштанд.

Мо рӯзи дигар бо иҷозаи шаҳрдорӣ  тазоҳуроте эътирозӣ  ба роҳ андохтем ва мардуми зиёде дар майдони марказии шаҳри Душанбе ҷамъ шуданд. Бар асари фишорҳои мардум, ки озодӣ ва истиқлол талаб мекарданд, Шӯрои Олӣ  хам ҷаласаашро огоз ва ин мавзӯъро баррасӣ кард.

Зимнан, мо чанд тан аз намояндаҳои маҷлисро ба Маскав даъват карданд ва мо дар ҳудуди 15-20 нафар барои ширкат дар анҷумани намояндагони миллатҳои Иттиҳоди Шӯ¬ра¬вӣ ба он ҷо рафтем. Пас аз бозгашт ба Душанбе дидем, ки дар майдон мардум ҳануз ҳам зиёд буданд ва талаби истиқлол мекарданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ ҳам машварату маслиҳатҳои зиёде байни ҳам радду бадал карданд ва билохира тасмим бар ин шуд, ки бале, дигар кишварҳо хама эъломи истиқлол карданд ва Тоҷикистон ҳам агар истиқлоли худро эълом кунад, хуб аст.

Ва ин корро ба раиси Кумитаи хуқуқ ва қонунгузории Шӯрои Олии Тоҷикистон, муҳтарам (Нурулло) Ҳувайдулоев, вогузор карданд. Эшон ҳам пешниход карданд, ки моддаи аввали қонуни асосии Тоҷикистон ислоҳ карда ва ба ин шакл навишта шавад, ки «Ҷум¬ҳурии Тоҷикистон давлати демукротик, мустақил ва ҳуқуқбунёд аст».

Ҳамин як ҷумларо ман соле пеш пешниҳод кардам ва онҳо напазируфта буданд. Ин дафъа раиси маҷлис хам гӯё мойил буд, ки намояндаҳо раъйи мувофиқ диҳанд ва ҳама раъйи мувофиқ доданд ва якдигарро ба муносибати истиқлол табрик мегуфтанду хушҳолӣ мекарданд.

Ба мардуме ҳам  ки дар майдон буданд, ин хабарро расонданд ва онҳо ҳам хеле хушҳол шуданду якдигарро ба оғӯш мегирифтанд ва нидоҳои «Зинда бод Тоҷикистони мустакил!» ва «Озодиву истиқлол!» ва гайра баланд шуд.

Ин рӯйдод 9-сентябри соли 1991 иттифоқ афтод, яъне як сол баъд аз он ки эъломияи нахустини истиқлол пазируфта шуда буд, эъломияе, ки хом буд ва мо бо муҳтавои он мувофиқ набудем. Ва дар ин як сол намояндагони давлат ва порлумон тақрибан фаромӯш карда буданд, ки санаде ба номи Эъломияи истиқлол тасвиб шуда буд. Мунтаҳо тафовут ин буд, ки ин бор моддаи аввали Қонуни Асосиро низ тағйир доданд ва ин шуд Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон ва аз он баъд мо ба масобеи як давлати мустақил зуҳур кардем.

Албатта, ҳазорон нафар дар хиёбонҳо аз он рӯйдод истиқболи гарм карданд ва бо хуш¬ҳолӣ онро пазируфтанд, мунтаҳо ҳукуматдорон аслан сарфаҳм нарафта буданд, ки Тоҷикистон ба масобеҳи як давлати мустақил чи маънӣ дорад ва чи гуна бояд ин давлатро сохт.

Дар гузашта метавон гуфт, ки Тоҷикистон моҳиятан ба масобеҳи вилояте аз давлати воҳиди Русия буд. Ба истилоҳ ҷумҳуриҳое, ки шомили он буданд, тақрибан ба масобеҳи вилоятҳои Сибериё ё қисматҳои дигари Русия шинохта мешуданд ва як қудрати бузурги идорӣ бо сарварии ҳизби кумунисти Иттиҳоди Шӯравӣ мамлакатро идора мекард.

Албатта, кудетои маъруф ба «ГКЧП» натиҷаи бадтар дод. Онҳое, ки дар ин кудето даст доштанд, намехостанд, ки созишномаи ҷадиде ба имзо бирасад ва сохтори идораи кишвар тагйир кунад.

Онҳое, ки хоҳони истиқлоли бештари ҷумҳуриҳои худ буданд, аз ин рӯйдод ба ҳарос омаданд ва фаҳмиданд, ки бо Маскав ҳеч гуна созише наметавонад сурат бигирад. Ва онҳо умедҳои охирини худро канданд ва базудӣ чанд ҷумхурӣ пайиҳам истиқлоли худро эълом карданд.

Озарбойҷониҳо ҳам, ки як намояндаашон бо ман шинос буд, муроҷиъатномае аз номи мардум ва ҳукумат ва неруҳои демукротики Озарбойҷон ба халқи шарифи Тоҷикистон ва ҳукумат ва Шӯрои Олии Тоҷикистон оварданд ва дар он омада буд, ки «Шумо аз кӣ камед? Шумо ҳам як миллати қадимӣ ва бисёр бофарҳанг ҳастед ва бояд истиқлоли худро эълом кунед ва мустақил бошед». Ман ин номаро ба раҳбарони Тоҷикистон супурдам, онҳо хонданд ва рӯҳияи онҳо низ тағйир кард.

Бо ин ҳол, пас аз эъломи истиқлол низ мақомот дарк накарданд, ки чи шуд. Охир як давлати дигаре ба вуҷуд омад, давлате, ки дар замони Шӯравӣ ноқис буд ва ҳоло бояд ҳамаи аркони ин давлатро дар зудтарин фурсат месохтанд.

Вале моҳҳо гузаштанд ва ҳатто соле ҳам сипарӣ шуд, вале давлат ва раҳбарони Тоҷикистон аслан гуё ёдашон рафта буд, ки ин корҳоро бояд анҷом дод. Онхо ба тақсими мансаб машғул шуданд ва метавон гуфт, ки муддати зиёде дар Тоҷикистон ҳукумат набуд.

Онҳо аслан фаромӯш карда буданд, ки ин дигар як давлати мустақил аст ва дар назди мардум барои чигунагии давлату давлатдорӣ, пешрафти иқтисодию сиёсии кишвар мас¬ъул аст. Ҳеч коре накарданд, ки дар зудтарин фурсат аркони як давлати мустақилро бисозанд.

Ба ҷойи ин, ба ҷанҷоли тақсими қудрату вазифаву мансаб машғул буданд ва мутаасифона, кор ба онҷо расид, ки як сол пас Тоҷикистон ноором шуд. Неруҳои мухталиф руйи кор омаданд ва ҳадафашон мансаб буд.

Дар ин таҳаввулот, албатта, нақши Русия ва Ӯзбакистон зиёд буд. Соли 1992 дар Хуҷанд, вақте ки ҷаласаи Шӯрои Олӣ баргузор шуд, маълум буд, ки нооромиҳои бештаре дар пеш аст, зеро метавон гуфт вилояти Ленинобод (Суғди кунунӣ)-ро неруҳои Русия ва Ӯзбакистон ғасб карда буданд.

Дар он ҷо танкҳову неруи ОМОН ва лашкариёни ин ду кишвар роҳҳоро баста буданд, гӯё ба хотири таъмини амнияти ҷаласаи Шӯрои Олӣ, вале дарвокеъ сохтмоне, ки дар он ҷаласа мегузашт, ба ду бахш, байни Русия ва Ӯзбакистон, тақсим шуда буд ва неруҳои хориҷӣ раванди ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистонро кунтрул мекарданд.

Дар он ҷо суханони хуб зиёд гуфта шуд, ҳама ба оштиву якдигарфахмӣ даъват мекарданд ва муҳиммтарин санаде, ки тасвиб шуд, муроҷеъатномаи Шӯрои Олии Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсуд буд. Аз эшон даъват карда шуд, ки ба оромишу осоиштагии Тоҷи¬кистон кӯмак кунанд ва неруҳои таъмини сулҳи худро ба ин кишвар бифристанд, то дигар нооромӣ нашавад.

Намояндагони ҳарду тараф, ҳам мухолифон ва ҳам минтақаи Кӯлоб дар ин ҷо ҳузур доштанд, ба якдигар ҷома пӯшонданду оши оштӣ хӯрданд. Ман фикр мекардам, ки ин рӯйдоди хубе буд, гарчи баъзе тардидҳо вуҷуд дошт, ки онҳо чандон самимӣ нестанд. Яъне, неруҳое буданд, ки метавонистанд ин созишро баҳам бизананд.

Ба ҳар сурат, чунин шуд ва ман ҳам хурсанд будам, ки онҳо ба мувофиқа расиданду оромӣ ҳосил шуд. Рафтам ба деҳа, то аз хешовандон хабар гирам, вале чун роҳ баста шуд, имкони бозгашт ба Душанберо надоштам ва дар он ҷо мондам.

Дар ин миён, аз телевизиюн дидам, ки ба Душанбе бо танку тӯпҳо аз Ӯзбакистон ворид шуданд. Яъне, вақте ки президенти имрӯза (Эмомалӣ Рахмон) раиси тозаи маҷлис интихоб шуд, ман хабар ёфтам, ки мардум дар Душанбе бо гулдаста ба истгоҳи роҳи охан рафта буданд, ки аз ӯ пешвоз бигиранд. Вале инҳо як хафта пас бо танку тӯпхо аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ворид шуданд ва ҷанг оғоз шуд.

Мутассифона, касе интизори ин чизҳоро надошт. Вале бархурдхо оғоз шуд ва дар зимистону баҳори соли 1993 ҳавопаймоҳои ҷангии Ӯзбакистон ва танкҳои Русия бо шиддати бештаре ба саркӯбии неруҳои озодихоҳи Тоҷикистон шуруъ карданд.

Албатта, тарҳи инро пештар кашида буданд ва пас аз он ки оқои Рахмонуф раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд, дафъатан ҷаласа мутаваққиф шуд ва ӯ ба шаҳри Тирмиз, дар чануби Ӯзбакистон, рафт ва дар он ҷо музокироти маҳрамонаи Русия, Ӯзба-кистон ва раҳбари ҷадиди Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд. Онҳо нақшаҳои пеш¬тари худро мисли ин ки як бори дигар чек карданд ва гуфтанд, ки ҳамин тур бояд идома бидиханд.

Ба ин тартиб, чанд соли дигар низоъи байни манотиқи мухталифи Тоҷикистон, яъне ҷанги шаҳрвандӣ идома ёфт ва шукр, ки дар соли 1997 созишномаи сулҳ имзо шуд ва ҳоло кишвар орому осуда ва рӯ ба пешрафти иқтисодию иҷтимоъӣ ниҳодааст.

Аблатта, ман фикр намекунам ормонҳое, ки мо дар мавриди истиқлоли Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1990 доштем, сад дарсад ба даст омада бошад. Аслан истиқлоли давлати Тоҷикистон, ки мо бахри он талош кардем, барои ин буд, ки мардум озод бошанд.

Яъне шарти аввали озодии мардум истиқлоли давлат аст, яъне агар давлат озод бошад, мардум озод мешаванд, дигар касе аз берун бар мо намегӯяд, ки «шумо ин ҷо бираведу он ҷо биншинед» ва бар мардуми мо андешаҳои худро таҳмил намекунад. Давлат дигар соҳибихтиёр аст ва худаш метавонад назму низоми одилонаю дурусте ва ё роҳҳои пешрафти иқтисодии худро таъйин кунад ва ба масири пешрафт ворид шавад.

Мутаассифона, пас аз эъломи истиқлоли Тоҷикистон мақомот ба ин роҳ нарафтанд ва мардум озод нашуданд, истиқлол дар рӯйи когаз ҳосил шуд, вале давлати Тоҷикистон амалан озод нашуд, зери таъсири неруҳои беруна, хусусан Русия ва Ӯзбакистон буд.

Ва мардум ҳам озод нашуданд. Ин буд, ки иқтисоди кишвар на танхо пешрафт накард, балки рӯ ба таназзул ниҳод ва маҷмуъи маҳсулоти дохилии Точикистон тақрибан дувуним-се баробар камтар шуд ва вазъият бадтар шуд.

Ва ҳатто имрӯз пас аз гузашти ин қадар сол мардум худро ҳанӯз ҳам озод ҳис намекунанд, тарс доранд ва мудохилаи давлат дар умури иқтисодӣ ҳамчунон ба мушоҳида мерасад.

Агарчи эълом карданд, ки Тоҷикистон ба низоми иқтисоди бозорӣ мегузарад ва ислоҳоте ҳам дар ин замина анчом доданд ва давраи гузариш ҳам сипарӣ шуд, вале ҳукумат ҳамчунон ба шеваҳои хоси даврони Шуравӣ амал мекунад.

Мақомот дар кори мардум, дар умури кишоварзон ва муассисоти санъатӣ мудохила мекунанд ва гуна-гуна мушкилот ва мавонеъ барои пешрафти иқтисодӣ эчод мекунанд. Ин амр шароитеро, ки барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангии Тоҷикистон лозим аст, ба вуҷуд намеорад, балки садди рох шудааст.

Бо камоли таассуф метавон гуфт, ки имрӯз ҳам дар Тоҷикистон он чизҳое, ки мо мехостем, яъне озодии кишвар, озодии инсонҳо ва озодии афроди ҷомеъа, ба таври комил ба даст наёмадааст.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *