СиёсатҶаҳон

Twitter аз бастани шабакаи суратҳисобҳои марбут ба “фабрикаи тролл” хабар дод

Твиттер 100 ҳисоберо, ки эҳтимолан ба  мақомоти Русия ва Оҷонсии таҳқиқоти интернет иртибот доранд, бастааст, ки онро “фабрикаи тролл” меноманд.

Дар ин бора паёме дар вебсайти ширкат нашр шудааст.

Ширкат ҳисобҳои ҳазфшударо ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Ба гурӯҳи аввал 69 ҳисоб дохил мешавад, ки “матолибашон  мақомоти Русияро ҳимоят” ва “бовариро ба субот ва эътимоднокии НАТО суст мекунад.” Дар гурӯҳи дуввум  31 ҳисоб мавҷуд аст, ки шабакаи иҷтимоӣ бо Ожонси таҳқиқоти интернетии Русия иртибот медиҳад.

Илова бар ин, Twitter ҳисобҳои марбут ба ҳукуматҳои Эрону Арманистонро ҳазф кард. Ҳисобҳои эронӣ бар асоси иттилооти ФБР ( Дафтари таҳқиқоти федероли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико)  бо далели кӯшиши ноором кардани мубоҳисаҳои пешазинтихоботии президентии соли 2020 ҳазф карда шуданд. Ҳисобҳои арманӣ бо сабаби ирсолҳои таҳқиромез алайҳи Озарбойҷон ва давлатмардони он ҳазф шуданд. Баъзе корбарон худро сиёсатмадорони Озарбойҷон вонамуд карданд.

Бояд гуфт, ки Оҷонсии таҳқиқоти Интернет дар Лахта, дар наздикии Санкт-Петербург ҷойгир аст. Вай ба соҳибкор Евгений Пригожин иртибот дорад. Корманди собиқи он Марат Миндияров ба Washington Post гуфтааст, ки дар оҷонсӣ 300-400 нафар кор мекунанд. Вазифаи онҳо навиштани шарҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавзӯъҳои муайян мебошад. Дахолати Оҷонсии таҳқиқоти Интернет ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 дар маркази таваҷҷӯҳи тафтишоти додситони махсус Роберт Мюллер қарор дорад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *