Илм ва фарҳанг

Афсонаҳои тағйири хат

Меҳдии Ҷомӣ
Рӯзноманигор ва пажӯҳишгар
Дар остонаи садаи нави хуршедӣ дар маҷмӯъаи нивишторҳое ба мавзӯъи хатти форсӣ ва дигаргуниҳои он дар даврони муъосир – дар инҷо ба маънои баъд аз вуруди чоп – ва ҳамчунин ба чолишҳои пеши рӯи хатти форсӣ дар рӯзгори диҷитол, фазои маҷозӣ ва шабакаи иҷтимоъӣ, пардохта мешавад.
Соҳибназарон, коршиносон ва пажӯҳишгарон дар ин нивишторҳо бо рӯйкардҳои мутафовит ва аз зовияҳои мухталиф ба мавзӯъи хат дар ҳавзаи фарҳанги забони форсӣ пардохтаанд, ки бамурур дар вебсойти Бибисии Форсӣ мунташир мешаванд.
Дар ин маҷмӯъа, расмулхат, нуқтагузорӣ ва нигориши нивисандагон ҳифз шудаанд.
Гароиш ба тағйири хат дар қарни бистум нишонаи ду хислати бузурги ин қарн аст, ки тақрибан ба таври фарогир ҳамаи ҷавомеъи инсониро камобеш дар бар гирифт: бовар ба зарурати дасткорӣ дар ҷомеъа ё муҳандисии иҷтимоъии якпорча ва мутамаркиз; ва бовар ба зарурати мантиқисозии ҷомеъа ва табиъат бар асоси ъилми башарӣ. Ҳарчи дар торихи тасаввуроти одамӣ аз худ ва ҷомеъааш то қарни бистум иттифоқ уфтода буд, қарор буд дар қарни бистум ба бор биншинад. Қарни бистум озмоишгоҳи идеҳои бузурге буд, ки пеш аз он парварда шуда буд ва одамӣ ба иттикои нигариши ъилммеҳвар (ё: соентистӣ) мехост даст ба таҷрубаҳои калон бизанад.
Фоҷеъаҳои бузурги қарни бистум дар ҷомеъа ва табиъат аз инҷо моя мегирифт. Дар ъолами сиёсати эронӣ Ризошоҳ ва инқилоби вилоӣ намунаҳои муҳандисии иҷтимоъиянд ва, дар ъолами фарҳанг, табдил ва тағйири хатту забон намунаи мантиқисозӣ.
Забеҳи Беҳрӯз, донишвари эронӣ, дар китоби «Хатту фарҳанг»-и худ менивисад: «Агар филҳақиқа бихоҳем ислоҳоти асосӣ дар созмонҳои фарҳангӣ бикунем, бояд пеш аз ҳар чиз хатту забони модарӣ тавре сода ва мантиқӣ шавад, ки ҳар кас, ҳатто кару лол ва камистеъдод, ҳам битавонад муқаддамоти зарурии фарҳангро, ки ъиборат аз хатту забон ва риёзӣ бошад, қабл аз чаҳордаҳсолагӣ басуҳулат ёд бигирад ва ёд бидиҳад.» (сс 24-25)
Беҳрӯз мехост қавоъиди табиъии хатту забонро барои омӯзиш пайдо кунад (ва масалан нишон диҳад ҳуруфи алифбо аз лаб ва забон дар мавқеъи адои ҳар кадом намояндагӣ мекунад), аммо намедонист, ки дар чорчӯби назарияи калоне кор мекунад, ки қарор аст ғайритабиъитарин равишҳоро дар мудирияти ҷомеъа ба кор бандад. Ҳарфи Беҳрӯз дар мантиқисозӣ маро ба ёди талошҳои ъазим барои тағйири масири рӯдхонаҳо меандозад. Башари қарни бистум мехост табиъат ҳам масири мантиқӣ (бар асоси мантиқи меконикии он даврон, дар азҳони ъумумӣ) ва муҳандисисоз тай кунад. Натиҷа, сел аз як тараф ва хушксолии башарсохта ва тахриби табиъат аз тарафи дигар буд.
Пояи фикрии севум, ки аз ин ду гароиши фикрӣ ҳосил мешуд, кунфурмисм ё яксонсозӣ буд. Чизе, ки интиҳои он ба гулуболизосиюн (ҷаҳонӣ шудан) расидааст. Бар асоси кунфурмисм, бахши бузурге аз қарни бистум бо ин таваҳҳум тай шуд, ки агар ҳама як забон ва як ъақида ва як сабки зиндагӣ дошта бошанд, ҷомеъа ба як корхонаи бузурги тавсеъа табдил мешавад. Бо ин ҳисоб ҳатто либосҳо яксон шуд. Бо танаввуъи либос ва сабки зиндагӣ мубориза шуд ва якбора ҳама ё шопуи омрикоӣ бар сар гузоштанд ё кулоҳи паҳлавӣ ё ҷомаи Моу бар тан карданд. Башари қарни бистум майли ғарибе барои ҳамсонӣ дошт. Ва қиссаи ҳамсонӣ барои кишварҳои ғайриғарбӣ мисли Эрон ба маънои фарангимаобӣ буд. Ва ин бидуни афсонасозӣ мумкин набуд.
Яке аз роиҷтарин афсонаҳои дерин дар баҳси тағйири хат ин шуд, ки гӯё хатти фарангӣ роҳи ҳал аст ва иттихози хатти лотин ба ҷои хатти форсӣ мушкилгушо хоҳад буд ва моро аз хатоҳои имлоӣ дур мекунад, чун ин хат сомит ва мусаввитҳоро бахубӣ нишон медиҳад, вале хатти форсӣ гурӯҳе аз мусаввитҳоро нишон намедиҳад (пас намедонем “крм” ё “крҳ”-ро чи тур бихонем).
Ин афсонаест, ки ихтисос ба Эрон ҳам надошт ва дар дигар кишварҳо ҳам роиҷ буд; чм дар Туркияе, ки аз хокистари Ъусмонӣ бархост ва ниҳоятан тан ба тағйири хат дод, чи дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки нахуст ба лотин гузаштанд (ва сипас ба сириллик) ва чи дар Жопун, ки идеи тағйири хат ба лотин ба ҷое нарасид.
Хатти лотин дар ҳеҷ кишваре, ки бо ин хат менивисад, беишкол нест. На дар имло ва на дар хондани ин хат дастгир нест. Ману мое, ки ба ъунвони муҳоҷир дар кишварҳои ғарбӣ зиндагӣ мекунем, бахубӣ инро мефаҳмем, зеро борҳо ва борҳо калимае инглисӣ ё фаронсавӣ ё олмонӣ ё ҳуландиро бағалат хондаем. Агар хатти лотин мушкили хонданро ҳал мекард, набояд ин хатохониҳо вуҷуд медошт. Аммо ин мавзӯъ фақат ба ман ва мои муҳоҷир барнамегардад. Худи донишомӯзони бумӣ ҳам мушкил доранд. Аз ҷумла дар Биритониё гузоришҳои мутаъаддиде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад “саводи” хондан ва нивиштан нозил шуда ва мушкилдор аст. Ба худи хат ҳам нигоҳ кунем, мантиқи яксон ва якдасте надорад. Фарз кунед мусаввити “е” ба чандину чанд сурат нивишта мешавад. Мусаввити “а” ба чандину чанд сурат хонда мешавад. Бархе сомитҳо аслан хонда намешавад (масалан аз «know» то «wry» ё садҳо сурат аз калимоте, ки талаффузашон бо нивишторашон мутафовит аст: «benign»). Дар хатти форсии мубойлӣ ё чатӣ ҳам, ки ахиран истифода аз лотин роиҷ шуда, борҳо бадхонӣ эҷод мешавад. Масалан, вақте талош мекунед «bad»-ро бихонед, маълум нест ин “бад” ё “баъд” аст; агар манзуратон “бод” набошад!
Чиро фикри тағйири хат пайдо шуд?
Мавзӯъи тағйири хат яке аз мабоҳиси доғи фарҳангӣ дар қарни гузашта будааст. Муҳаммади Гулбун дар (соли) 1356 китобе мунташир кард ба номи «Китобшиносии забон ва хат», ки дар беш аз 200 сафҳа мақолоти бисёр дарбора ин мақуларо дар ъасри Паҳлавиҳо феҳрист кардааст. Ин мавзӯъ баъд аз инқилоб ба ҳошия ронда шуд, аммо баҳсҳои ислоҳи хат ва таҳияи ойиннома барои хатти форси ҷои онро гирифт ва марокизе мисли Нашри Донишгоҳӣ ва Доиратулмаъорифи Исломӣ ва Фарҳангистон ва низ гурӯҳе аз нивисандагон вориди он шуданд ва афроде аз эшон мисли Дориюши Ошурӣ ва Миршамсуддини Адибсултонӣ ҳам пешниҳодҳои хосси худро ироа карданд ва китобҳои худро бар асоси он танзим карданд.
Дар солҳои ахир баҳсҳое муҷаддадан дар бораи тағйири хат матраҳ шудааст, аммо ҷиддӣ нест ва ба баҳси доманадор табдил нашудааст. Бахусус, ба хотири ин ки бо таҷрубаи дардноки Тоҷикистон, ки ҳамзабони мост, бештар ошно шудаем ва бахубӣ мефаҳмем, ки тағйири хат дар Тоҷикистон то чи мизон миёни аҳли қалами ду кишвар ва бозори китоби инҷо ва онҷо ва дониши онҳо фосила андохтааст, тавре ки эрониён базаҳмат метавонанд хатти сирилики тоҷикиро бихонанд ва тоҷикон ҳам бо муҷоҳидати бисёр бояд хатти форсӣ биёмӯзанд, то битавонанд аз тавлидоти матбӯъотӣ ва интишороти Эрон истифода кунанд. Ва яке будани забон кумаке ба дарки мутақобили онҳо аз тариқи хат намекунад.
Ъалоқа ба тағйир хат аз назари иҷтимоъӣ реша дар ниёзи тозае дошт, ки тавсеъа ва пешрафт ва расидан ба пои кишварҳои ғарбӣ эҷоб мекард: бояд ҳамаи мардум савод меомухтанд. Савод то он замон дар бештари рубъи маскун дар инҳисори нухбагон буд. Боз кардани майдон барои ҳамагон ба навбаи худ ниёзманди бознигарӣ дар шеваҳои омӯзишии поя, аз ҷумла хондану нивиштан буд. Инҷо буд, ки муҳандисони иҷтимоъӣ ба ин натиҷа расиданд, ки барои ба вуҷуд овардани инсони тирози навин ва лоиқи мудерните бояд хатти тозае ҳам ба вуҷуд овард. Пас бар мушкилоте, ки дар хатти форсӣ буд, мутамаркиз шуданд, то онро тағйир диҳанд.
Тағйири хат аммо бахше аз маҷмӯъаи афкоре буд, ки мехост аз суннати даступогири қадим раҳо шавад ва бозтоби онро дар бисёре аз гароишҳои иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва адабии даврон метавон ёфт. Гарчи бархе мисли Беҳрӯз, – ки носиюнолисти ифротӣ буд, – аз зовияе миллӣ ба моҷаро нигоҳ мекарданд, дигарон бар ин тасаввур буданд, ки барои имрӯзӣ шудан ва мутаҷаддид шудан ва рафтан ба самти санъат ва ҷаҳони нав бояд аз суннат даст шуст. Суратҳои нахустин мутаъодилтар буданд. Масалан, дар шеъри нави нимоӣ, суннат нафй нашуд, балки таъбире тоза аз вазну қофия ва баён вориди дунёи шеъри суннатдор шуд. Ё дар меъморӣ ва мусиқӣ суратҳои таркибии дилнишине падид омад. Аммо ниҳоятан ин фикр чандон қувват гирифт, ки касоне ба нафйи куллии суннатҳои миллӣ рӯй оварданд, чунонки дар меъморӣ ҳам сохтори меъмории қадимро ба ҳам заданд ва масалан дар манотиқе, ки ҳаргиз дар сохтмони онҳо оҳан ба кор нарафта буд – мисли Бам – сохтмонҳои муттакӣ ба тироҳан сохтанд ва мантиқи бумии хонасозиро, ки натиҷаи қарнҳо таҷруба буд, раҳо карданд ва беарзиш шумурданд – ва тавсияи муҳандисони бумгаро мисли Нодири Халилӣ, ҳам ба ҷое нарасид.
Мушкили хат ё нузули саводи форсӣ?
Аз назари ман, хатти форсӣ ҳеҷ мушкили муҳимме надорад, ки бихоҳем онро тағйир диҳем. Ҳар хатте бо мушкилоте ҳамроҳ аст ва усулан қарор нест хатти нобе дар ҷавомеъи инсонӣ пайдо шавад, ки намояндаи комили забон бошад. Чунин чизе мумкин нест, магар ба сурати хутути фаннии забоншиносон, ки ба хатти фунетик номдор аст. Аммо дар таҷрубаи рӯзмарраи худ мебинем, ки саводи форсӣ нозил шудааст. Оё ин ношӣ аз мушкилоти хат аст?
Калиди фаҳми масъала дар ҳамон саводи ҳамагонӣ аст. Идеи саводи ҳамагонӣ дучори нақсҳои ҷиддӣ буд. Ин ки бихоҳем ҳамаи мардум савод дошта бошанд, финнафса хуб аст, вале кофӣ нест. Бояд битавонем арзиши саводро дар зиндагии онҳо нишон диҳем. Ин арзиш барои коргари сода чизи зиёде набуд, ки бихоҳад барояш вақти чандоне бигузорад. Натиҷаи ин саводомӯзӣ, саводе дар ҳадди ибтидоӣ буд, ки эҳтимолан орзуҳои давлатро бештар бармеовард ва оморҳои давлатро пур мекард. Аммо ҷомеъаи рустоӣ воқеъан ниёзе ба савод надошт. Ва то ниёз набошад, таҳаввуле дар одамӣ ва саводи ӯ рух намедиҳад. Баъд аз инқилоб ҳам дидед ва дидем, ки неҳзати саводомӯзӣ ъумдатан ба саводи қуръонӣ хатм шуд. Яъне ба чизе, ки саводомӯз ба он ниёз эҳсос мекард.
Дар ъайни ҳол, ин нуктаро ҳам бояд дар назар гирифт, ки саводомӯзии ҳамагонӣ ниҳоятан ба мабонии худ пойбанд намонд ва боз ба сӯи саводи нухбагонӣ ҳаракат кард ва дар инҷо ба мушкилоти бузургтаре расидем. Яъне нухбагон дубора ба забоне баргаштанд, ки ҳеҷ нишонае аз тавониши иртиботӣ дар он набуд. Ин раванд дар шеъри пеш аз инқилоб ва дар насри баъд аз инқилоб худро нишон медиҳад. Шеъре, ки ҳеҷ кас онро намефаҳмид ва насре, ки имрӯз ҳеҷ кас аз он сар дар намеоварад. Агар шеърро битавон маъзур дошт, – ки наметавон ва набояд, чиро ки улгуҳои бузурги шеъри мо душвортарин мафоҳимро ба забоне расо баён кардаанд, аз Фирдавсӣ ва Саноӣ то Ъаттор ва Мавлавӣ ва Ҳофиз – аммо насрро аслану абадан наметавон маъзур дошт ва пазируфт, ки насри нофаҳмиданӣ бинвисем ва нашр кунем. Ин мушкил имрӯз аз сатҳи китобҳои таълифӣ (мисли «Сохтор ва таъвили матн»-и Бобаки Аҳмадӣ) то тарҷумаӣ (мисли даҳҳо ва мутаассифона садҳо намунаи мавҷуд дар бораи назарияҳои адабӣ ва фалсафӣ) густариш ёфта ва ҳол ба рӯзномаҳо расидааст. Ин як намуна аз рӯзномаи «Эътимод» дар ҳамин ҳафтаҳои ахир аст. Мусоҳибае дар бораи суннат ва таҷаддуд бо ин суол оғоз мешавад: «Асари таълифии мавриди баҳси мо, яъне “Мудерните ва дигарии он”, метавонад ҷудо аз заминаи гуфтугӯ перомуни худаш, имконе фароҳам барои ба миён гузоштани заруратҳои берун аз он низ бошад. Бо таваҷҷуҳ ба нақши таъйинкунандаи мероси ҳегелии субжективите дар бунёди фалсафии мудернитеи ҳобермосӣ, ба назари Шумо дигарии мудерните ба воситаи “сужемеҳварӣ” аст, ки метавонад нақши он “дигарӣ”-ро ифо кунад ё ба воситаи такассури ривоятҳои байнулазҳонӣ (inter subjective) мудохилагар мешавад?»… Ва матлабе дар нақди як китоб аз Терӣ Иглтун дар рӯзномаи «Шарқ» интур ироа мешавад: «Ончи дар нивиштаҳои Иглтун ҳузур ба ҳам мерасонад, “торих” аст. Иглтун онро ба “зотгароӣ” иртибот медиҳад ва зотгароиро андешае медонад, ки аз дербоз дар муқобили идеҳои “сохтмонгароён”, “номгароӣ”, “эгзистонсиёлисм” ва “пустмудерн” қарор гирифтааст. Мақсуд аз зотгароӣ навъе “пасмонд” аст; чизе ки аз қабл вуҷуд дошта ва метавон ба он торих ном дод.»
Албатта, агар аз худи ин нивисандагон бипурсед, табъан ҷавоб медиҳанд, матлаб душвор аст ва бояд вақти бештаре бигузоред, то онро бифаҳмед. Аммо воқеъият ин аст, ки ин нивисандагон мушкилоти зеҳнӣ ва гуфтмонии мутаъаддиде доранд. Яке ҳамин аст, ки забони нухбагон бояд мутамойиз аз забони ъавом бошад. Дигаре ин аст, ки мафҳуми тозаро бояд ба забони тозае баён кард ва ба ин тартиб қоил ба ин ҳастанд, ки гӯё мафоҳиме, ки тарҷума мекунанд, ҳеҷ собиқае дар фикру суннати форсизабонон надоштааст. Ва ин худ нишонае аз ошуфтагӣ дар фаҳми қадиму ҷадид аст; яъне ин ки чи чизе ҷадид ва чи чизе қадим аст. Мутарҷимони эронӣ дар ин замина уртудукстар аз файласуфоне ҳастанд, ки аз онҳо тарҷума мекунанд. Файласуфе дар Ғарб пайдо намекунед, ки бар суннат хат кашида бошад ва дунболаи баҳсҳои қадимро нагирифта бошад.
Мушкили ъумдаи ин гурӯҳ аз рӯзноманигорон, мутарҷимон ва нивисандагон дарвоқеъ ошно набудан бо забони форсӣ аст. Вожа надоранд. Форсияшон ихтироъӣ аст. Бо суннати форсӣ ошно нестанд. Бо мутуни фикрӣ ва ҳикамӣ ва фалсафӣ ва ъилмии форсӣ ошно нестанд ва ночор чун дунёяшон маҳдуд ба китобест, ки чи басо ба зарби фарҳанги луғат онро мефаҳманд ва тарҷума мекунанд, забонашон аз форсии фасеҳу равон ва фаҳмо дур аст. Ва агар диққат кунед, ҳамин гурӯҳ ҳастанд, ки мегӯянд забони форсӣ заъиф аст ё ъақим аст! Воқеъият аммо ин аст, ки забони ин форсизабонон заъиф аст. Дониши форсӣ мисли дониши торих аст. Ҳар қадар бештар торих бихонед, беҳтар торих медонед. Аммо ин гурӯҳ фикр мекунанд ҳамин қадар, ки форсӣ ҳарф мезананд, барои баёни ҳама навъ мавзӯъ кофӣ аст ва чун нест, пас форсӣ заъиф аст. Диққат дар доираи вожагон ва таъобири онҳо нишон медиҳад, ки воқеъан форсияшон маҳдуд аст.
Нашри ин даст китобҳои нофаҳмиданӣ ҳам худ нишонаи эъвиҷоҷҳои фикрӣ дар назди ноширон аст ва хариди онҳо ҳам шарик шудан дар ин эъвиҷоҷ ё дар он имтиёзталабии пуросеб, ки бале, мо китобе мехонем, ки ҳама кас наметавонад хонад! Ва интур мешавад, ки масоили сода ва пеши по уфтодаи мо, мисли ҳамин хат ва забон, солҳо лоянҳал мемонад, вале аҳли қалами мо даргири масоили зоҳиран печидае мешаванд, ки на ба дарди дунё мехӯрад ва на дар охират харидоре дорад! Дарвоқеъ, ин забон ъайни зиён аст. Чиро ки моро аз истеъдодҳои ватан маҳрум мекунад ва эшонро ба кори гил машғул месозад. Масоили ҷиддӣ ва воқеъии мо замин мемонад.
Таҷрубаи Жопун
Дар муқобили ҳамаи исрорҳо ба тағйири хат ҳамеша дар канори истидлолҳои мувофиқ як истидлоли қавии мухолиф вуҷуд доштааст: сиришти хатти жопунӣ. Агар жопуниҳо бо он хатти ъаҷиб метавонанд рушди ъилмӣ дошта бошанд, чиро мо натавонем? Чи тавр жопуниҳо тавонистанд бо хатти ибтидоии худ, ки ҳатто алифбоӣ ҳам нест, майдонҳои мухталифи ъилму текнулужиро фатҳ кунанд?
Хатти жопунӣ аз як назар корбурде шабеҳи хутути дигар, аз ҷумла форсӣ, аст. Яъне сурати воҳиди калимаро метавон бо талаффузҳои мухталиф қироат кард. Сурати калимаи «хона»-ро дар назар бигиред, ки ҳар кас бо лаҳҷаи худ онро метавонад бихонад (аз хане ва хуне то хона ба фатҳи нун). Хатти жопунӣ иддиъое барои мутобиқати ҳарфи малфуз ва хат надорад, гарчи яке аз се навъи он ҳиҷоӣ аст (яъне намоишгари ҳиҷоҳои калима аст ва ба андозаи теъдоди ҳиҷоҳо “воҷ” дорад). Бино бар ин, аз ин бобат муҳтоҷи ислоҳ нест, гарчи талошҳои ислоҳи хат дар Жопун ҳам собиқаи тӯлонӣ дорад.
Ба таври хос, дар даҳаи 1860 ҷараёне барои ислоҳи хатти жопунӣ ба вуҷуд омад. Он замон ҳанӯз бисёре аз мардум бесавод буданд. Хат ҳам печида ва чандлоя буд ва беш аз даҳ ҳазор сурати чинӣ дар хатти маъмули жопунӣ вуҷуд дошт. Танҳо нухбагон вақти кофӣ барои омӯхтани ин хат доштанд ва метавонистанд аз он истифода кунанд, аммо барои ъумум бояд сода мешуд (иттифоқе, ки дар Эрон бо баргаштан ба забону адаби мардуми кӯча ва бозор дар ъаҳди Машрута пеш омад ва забон ба сӯи содагӣ рафт; яъне боло рафтани қобилияти он барои иртибот бо ъумум). Сода шудани хат дар Жопун ҳам бо сода шудани забон иттифоқ уфтод – забоне, ки ба муҳовараи мардуми куйу барзан наздик бошад ва ба онҳо барои ниёзҳои рӯзмарра хатти содае омӯзиш диҳад. Вале ҷолиб аст, ки ин ҳаракат бо мухолифати бисёре аз нухбагон рӯбарӯ мешуд, дар ҳоле ки дар Эрон нухбагон ъумуман аз он ҳимоят мекарданд ва худ дар тавлиди муҳтавои сода ва мардумӣ пешгом буданд. Бар ин асос, ҳам сабки забонӣ тағйир кард ва ҳам суратҳои хат (ё короктерҳои иденигори он). Ҳамзамон бояд сабки воҳиди миллӣ таъриф мешуд, то битавонад барои ҳамаи лаҳҷаҳо қобил омӯзиш бошад ва нуқтагузории муносиб ва якдаст ҳам таъриф шавад.
Албатта, тавсия ба иттихози алифбои лотин ҳам дасти кам аз авохири қарни ҳиҷдаҳум вуҷуд дошт – он ҳам аз тариқи ошноӣ бо ҳуландиҳо. Аммо то соли 1866 мавзӯъи ислоҳи хат чандон вориди баҳси ъумумӣ нашуда буд. Дар ъайни ҳол, инро ҳам бояд дар назар дошт, ки низоми хатти жопунӣ агарчи алифбоӣ нест, бо вежагиҳои забони он ҳамоҳангӣ дорад. Бино бар ин, агар қарор бошад ба хатте дигар нивишта шавад, бисёре аз маъонӣ қобили интиқол нахоҳад буд. Чиро ки калимоти бисёре ҳаст, ки маъноҳои мутафовите дорад ва тафовути онҳо дар хат, масалан лотин, аз байн меравад (ҳама шабеҳи ҳам нивишта мешаванд), вале агар ба сурати иденигор нивишта шавад, забонвари жопунӣ басуръат мутаваҷҷеҳ мешавад кудом маъно мавриди назар аст (масалан кутой koutai дар се маънои ъақабнишинӣ, ҷойгузин, ва подтан).
Дар ҳар сурат, идеи тағйири хатти жопунӣ ба лотин, гарчи нахуст ҳаводорони бисёр пайдо кард ва мубаллиғони он хатте бар асоси ҳуруфи лотин ё румӣ (мавсум ба рӯмоҷӣ) пешниҳод карданд ва интишороте ҳам ба ин хат доштанд (тасвири рӯзномаи рӯмоҷиро бибинед), дар ниҳоят номуваффақ монд, чун ҳазфи суратҳои иденигор ва такяи сирф ба ҳуруфи мутобиқ бо талаффуз хонданро душвортар мекард. Ба ъилова, бо рӯҳияи носиюнолистии жопуниҳо, ки дар даҳаи охири қарн авҷ мегирифт, носозгор буд. Пешгомони муваффақи тағйири хат дар авохири қарни нуздаҳум, дарвоқеъ, сурате аз хатро, ки садҳо сол буд истифода мешуд ва арзиши фунетик дошт (мавсум ба коно), ба ҷои хатти роиҷ таблиғ мекарданд (ки мавсум ба конҷӣ буд) ва дар ъамал омезае аз ду хат ривоҷ ёфт (конҷӣ содатар шуд ва бо коно даромехт). Бо ин ҳама, ислоҳоти хат дар давраи ишғоли Жопун аз тарафи нируҳои омрикоӣ дубора матраҳ шуд ва ҳатто низоми нивиштории он, ки аз рост ба чап буд, ба табаъият аз хатти лотин чап ба рост шуд. Ин мавзӯъ ва тағйироти хат дар ин давра боъис шудааст, ки бисёре аз мардуми Жопун натавонанд мутуни қабл аз ҷангро бароҳатӣ бихонанд.*
Хат ниҳоди иртибот аст
Нуктаи муҳимме, ки хатти жопунӣ (ё хутути мушобеҳи он дар Шарқи Осиё) нишон медиҳад, ин аст, ки хат ба худии худ савод намеоварад. Шумо метавонед душвортарин хутутро дошта бошед (ва дар мавриди Жопун ҳатто ислоҳоти хат бо ошуфтасозӣ ҳамроҳ буда бошад*), вале ҳамчунон дар ъилм ва текнулужӣ пешрафт кунед. Ислоҳи хат мумкин аст хондан ё нивиштанро содатар кунад, аммо дониш ва маъноофаринӣ комилан марбут ба муҳтавоест, ки бо хат баён мешавад. Ба ъиборати дигар, душвории хат монеъе барои баёни муҳтавои арзишманд нест. Намунаи ъакси он дар забони форсӣ корҳои Миршамсуддини Адиб-Султонӣ аст. Ӯ мутарҷими бисёр хубест, яъне забон ва мавзӯъро мешиносад. Муҳаққиқи дараҷаи як ва камолталабе аст. Аммо ҳосили кораш масалан дар тарҷумаи «Нақди ъақли назарӣ»-и Конт (бо ъунвон «Санҷиши хиради ноб») комилан номафҳум аст. Зеро забони ӯ аз суннати иртиботӣ баҳра намегирад, балки забоне дигар аст, ки бояд ба он «форсии ихтироъӣ» ном дод.
Забон бар асоси суннат муфоҳама барқарор мекунад. Бархе гуфтаанд, ки суннат ҳамон забон аст. Бино бар ин, қатъи иртибот бо суннат боъиси қатъи тавони иртиботӣ ва номафҳум шудант забон мешавад. Адиб-Султонӣ намунаи ифротӣ аз зеҳнияте аст, ки муътақид аст ҳар кас бояд забони хосси худро дошта бошад. Дуруст аст, ки забони хос ё сабки хосси забонӣ дар шеър ва достон ва асари ҳунарӣ муҳим аст, аммо беҳадду марз нест. Зеро вазифаи аслии забон тасҳили иртибот аст. Вақте марзҳои иртиботро пушти сар гузоштед, чизе меофаринед, ки дигар на ҳунар, ки саропо ъайб аст: «ғори кабуд медавад, ҷиғи бунафш мекашад!» Ин таркиб ҳатто форсии ихтироъӣ ҳам нест, чун ъаносираш комилан аз забони роиҷ гирифта шудааст, аммо таркибе ихтироъӣ аст ва ночор ба сӯи номафҳум майл мекунад. Мисли ин ки ба қавли Шафеъии Кадканӣ бигӯем: «Чаҳоршанбе мусаллас аст!»
Ба ин тартиб, дар хат ва забон, муҳофизакорӣ бисёр беҳтар (яъне иртиботитар) аст, то инқилобигарӣ ва родиколисм. Жопуниҳо ҳам ба суннат/забон/хатти худ бо вуҷуди ҳамаи душвориҳояш пойбанд будаанд ва дар натиҷа ислоҳи родиколро напазирфтаанд. Чунин ҳукме дар бораи эрониён ҳам равост, зеро бо вуҷуди фишори бисёр аз тарафи мутаҷаддидоне, ки қоил ба қатъи робита бо суннат будаанд, хат ъиваз нашуд ва инро мадюни нухбагоне ҳастем, ки медонистанд тағйири хат на танҳо мардумро босавод намекунад, ки бесавод месозад, зеро робитаи онҳоро бо савод/суннат/ҳикмати садаҳои пешини худ, ки дар мутуни онҳо ба мерос монда, қатъ мекунад.
Хат аз чашми нухбагони муҳофизакори Эрон (ва Жопун) бадурустӣ як ниҳоди фарҳангӣ буд, ки дар тӯли садаҳо шакл гирифта ва густариш ёфта ва худро дар ҳамаи сувари зиндагии мардум густардааст: аз дину шеъру ҳунару китобороӣ, то меъморӣ ва ъулуми ғарибае мисли ъилми ҳуруфу аъдод. Алифбо ва хат шохиси ҳувийяти эронӣ буд. Танҳо касоне метавонистанд дил ба тағйири он ба алифбо ва хатти лотин бидиҳанд, ки худро шаҳрванди маънавии Фарангстон медиданд, то Эрон ва ҳамонтур, ки ҷомаи худро дигар мекарданд, мехостанд ҷомаи забонро ҳам дигар кунанд, то фарқе байни эшон ва фарангӣ боқӣ намонад. Таҷрубаи Туркия баъд аз фурӯпошии Ъусмонӣ нишон дод, ки ин хоста то чу ҳад содаангорона будааст. Агар хат ва ҷома ҳам ъиваз кардед, бо даҳҳо ва садҳо пайванди дигар ба фарҳанги худ вобастаед ва базудӣ аз фарангӣ бозшинохта мешавед.
Сарагароӣ навъе тағйири хат аст
Гарчи дар Эрон хат тағйир наёфт, забон тағйироти бисёре ба худ дид. Машҳуртарини ин тағйирот ирода ба полоиши забон аз вожаҳои бегона буд, ки ъумдатан ба вожагони ъарабӣ мунҳасир монд (дар жопунӣ ин сарагароӣ бо берун рехтани суратҳои иденигори чинӣ ҳамроҳ буд). Забони форсӣ ҳазорон вожаи фарангиро пазируфт ва ҳазорон вожаи ъарабиро аз эътибор андохт ва ба сарагароӣ майдон дод. Натиҷаи сарагароӣ ҳам ба сурати ноқис ҳамон натиҷае буд, ки аз тағйири хат ҳосил мешуд: қатъи иртибот бо суннат ва торихи вожаҳо ва истилоҳот. Бино бар ин, бахусус дар ҳангоми тарҷумаи мутуни фарангӣ дигар касе мутаваҷҷеҳ намешуд истилоҳи муъине, ки дорад ба форсии сара баргардонда мешавад, торихе дароз дар фикру ҳикмати эронӣ дорад (фарз кунед, вақте “худ” ба ҷой “нафс” менишаст). Натиҷаи ин гароиш ин шуд, ки эрониён ба ин тасаввур дучор шуданд, ки ҳама чиз аз Ғарб шурӯъ мешавад. Чун пайванде миёни гуфтори ғарбӣ ва суннати эронӣ намедиданд.
Аммо оё натиҷаи ин сарагароӣ дониши васеътар ва таҷаддуди ъамиқтари эрониён шуд? Ногуфта пайдост, ки инҷо ҳам саводи торихии эрониён аз даст рафт ва эътимод ба нафси онҳо дар натиҷаи бурида шудан аз торихи худ коста шуд. Ҳосил ин буд, ки бояд аз фарангӣ тақлид кард ва ҳама чизро аз нав сохт. Амре номумкин. Хосса барои мардуме, ки торихе дароз бо фарҳанге жарф доранд ва беҳтарини осори маърифати нафсро дар ъирфон ва тасаввуфи худ ба вуҷуд овардаанд, восити интиқоли ъилми юнонӣ ба Ғарби мудерн будаанд, ва ба тамаддуни исломӣ ойини сиёсат ва мудирият омӯхтаанд.
Хат муҳим аст ё омӯзиши маҳоратҳои нивиштор?
Таҷрубаи ман пас аз сиву панҷ сол кор бо матн дар мақоми муъаллим ва виростор ва мутарҷиму рӯзноманигор мегӯяд саводи форсӣ ба нисбати густарише, ки дар миёни табақоти мардум ёфта, хуб аст, чунонки дар ъасри веблогҳо, ки бузургтарин намоишгоҳи саводи ъумумӣ буд, ҷамъи касире аз нивисандагони ҷадид пайдо шуданд ва бо сабку забони наздик ба гуфтор, аммо саҳеҳ ва иртиботӣ менивиштанд. Бо ин ҳама, забон ниёзманди омӯзиш ва ғинои мустамар аст (мисли ҳамон дониши торих). Ба далели сару коре, ки бо расонаҳо дорам, табъан мушкилоти рӯзноманигоронро бештар мебинам ва ба далели кори тарҷума ва вироиш мушкилоти мутарҷимонро бештар мешиносам. Муҳимтарин мушкили рӯзноманигорон камбуди омӯзиш дар шеваи хабарнивисӣ аст, то хабари шаффофу иртиботӣ ва ҳамаҷониба бинивисанд. Яъне ибҳоме агар дар насри хабарӣ ҳаст, ношӣ аз сохтори номавзуни хабар аст. Гароише дар нодуруст нивиштани калимоти хос ҳам вуҷуд дорад. Мисли нодуруст нивиштани инзибот (“انضباط” ба сурати “انظباط”) ё мушкили фарогир “ه”-касра, ки гоҳ ҳатто дар титри аввали рӯзномаҳои ватан ҳам дида мешавад (рӯзномаи “Мардумсолорӣ” замоне нивишта буд: “سلاحه هسته ای”!).
Аммо мушкили бузургтар бо тарҷума аст, ки он ҳам ношӣ аз камбуди омӯзиш аст. Тасаввури ъумумӣ ин аст, ки ҳар кас тавонист матнеро масалан ба инглисӣ бихонад, – ки забони аслии тарҷумаи имрӯз дар Эрон аст – метавонад онро тарҷума кунад. Чунин тасаввуре мӯҷиби интишори анбӯҳи тарҷумаҳое шудааст, ки воқеъан арзиши хондан надоранд. Зеро мутарҷим «аҳли истилоҳ» набудааст ва ғайр аз ошноии мутавассит бо забон аз ошноӣ бо мавзӯъ ва савобиқи мактуби он дар Эрон ё Ғарб бебаҳра будааст.
Дар ҳарду ҳавзае, ки ёд кардам, мавзӯъ аслан хат нест. Яъне агар фарз кунем хатти ноб ҳам дорем, тарҷумаи мо ҳамчунон метавонад ланг бизанад ё хабарнивисии мо метавонад мубҳам ва ноқис ва ҳатто гумроҳкунанда бошад. Усулан хат наметавонад он эътибореро, ки барояш фарз кардаем, ба матн бидиҳад. Муҳим муҳтавоест, ки дар он хат сабт мешавад. Ъалоқаи гурӯҳи бузурге аз нивисандагони ъумумии имрӯз ба риъояти “нимфосила” худ яке аз ин таваҳҳумот аст. Риъояти нимфосила вақте матн хатоҳои ирҷоъӣ ва факту сиҳҳат дорад, ҳеҷ арзише надорад. Вонгаҳе риъояти ҳамин нимфосила ҳам ниёзманди ошноӣ бо дастури забон аст, вагарна чизҳоеро бо нимфосила ба ҳам мечасбонем, ки усулан бояд ҷудо бошанд (масалан бархе ному фомил ё ҳатто ъунвони шуғлии афродро бо нимфосила ба ҳам мечасбонанд: ҚозӣМуртазавӣ, ё МеҳрангезКор). Тасаввури ин гурӯҳ ҳам аз корбурди нимфосила мисли тасаввури гурӯҳе дигар аст, ки фикр мекунанд ҳарҷо макс кардем, метавон виргул гузошт! – инҷо ҳам ҳар гоҳ макс набуд, (масалан ДуктурҲасанзода) лобуд муҷаввизе барои нимфосила мешавад ё ҳар гурӯҳ калимаеро (бамарҳаматишумо – ки пешниҳоди фарҳанги имлоии Фарҳангистон аст) метавон бо нимфосила ба ҳам часбонд.
Бино бар ин, мушкилоте, ки мебинем, усулан аз масъалаи хат фаротар аст ва ба мизони ошноии корбари хат аз қавоъиди забон ва аҷзои он ё ойинҳо ва маҳоратҳои нивиштор (мисли хабарнивисӣ ва гузоришдиҳӣ) марбут аст. Тағйир ё ислоҳи хат ҳеҷ кумаке ба ин ошноӣ намекунад. Савод ҳамвора ношӣ аз ошноӣ бо парвариши матн аст, то сурати нивиштории он. Агар таваҷҷуҳи мо ба сурати нивиштор ҷидитар аз парвариши матн бошад, худ нишоне аз як осеби фикрӣ ва фарҳангӣ аст.
_________
*Ин нуктаро дар машварат бо дуктур Баҳмани Закипур, донишвари эронии муқими Жопун, мутаваҷҷеҳ шудам.
Аз дабираи форсӣ баргардони Исфандиёри Одина

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *