ДинСиёсат

Боздошти як имомхатиби масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Кулоб

5-уми марти соли равон имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи “Нонвойи Поён” – и шаҳри Кӯлоб Маҳмадсодиқ Саидов бо гумони ҳамкорӣ бо Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии кишвар боздошт шуд. Ин хабарро  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Sputnik таъйид кардааст.

“Тибқи иттилои бадастомада, номбурда бо сӯистифода аз мавқеи имомхатибӣ ба манфиати ташкилоти террористии фавқуззикр фаъолият менамудааст. Маҳмадсодиқ Саидов 29 сол дошта, аз соли 2016 инҷониб ҳамчун имомхатиб фаъолият менамуд. Вобаста ба масъалаи мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад”,- гуфта мешавад дар хабар.

Қаблан Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки соли гузашта аз ҷумлаи 271 нафар дастгиршудагон 17 нафар аъзои ҲНИТ мебошанд.

Бояд гуфт, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба феҳристи созмонҳои террористиву ифротӣ дохил гардид ва то кунун як теъдод аз аъзои он боздошт ва равонаи зиндон гардиданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *