СиёсатҶаҳон

Бритониё Русияро аз қатори абарқудратҳо хат зад ва бо Куриёи Шимолӣ ва Эрон дар як саф гузошт

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ба Ҳукумат баррасии нави ҳамаҷонибаи масъалаҳои мудофиа ва амният – як санади калидиро, ки сиёсати хориҷии кишварро барои панҷ соли оянда ва дар баъзе масъалаҳо  барои даҳ сол муайян мекунад, тақдим кард.

Дар ин бора радиои “Дождь” хабар медиҳад.

Дар ин назарсанҷӣ Бритониё сиёсати Кремлро яке аз таҳдидҳои калидӣ барои худ ва инчунин Аврупо ва НАТО, ҳадди аққал барои ояндаи наздик номбар мекунад. Ҳамзамон, аз назари муаллифони гузориш, “Русия ба “абарқудратҳо” тааллуқ надошта, балки дар қатори кишварҳои “фурсатталаб” ( оппортунист) аз қабили Куриёи Шимолӣ ва Эрон ҷой дорад. Ин гурӯҳи давлатҳо минбаъд низ дар самти хароб кардани демократияи Ғарб ва иқтисодиёти озод дар минтақаҳои худ фаъолона кор хоҳанд кард. Рақобати қудратҳои бузург бо ин давлатҳо , аз қабили Русия, Эрон ва Куриёяи Шимолӣ дар коҳиши сатҳи амният дар ҷаҳон ва заъиф гардидани тартиботи байналмилалӣ нақши калидӣ доранд” гуфта шудааст дар гузориш.

Шарҳи стратегии мудофиа ва амнияти Бритониё ҳисобрасии муфассали сиёсати хориҷӣ ва қудрати низомии ин кишвар мебошад. Ҳукумати Бритониё онҳоро ҳар панҷ сол нашр мекунад. Шарҳи охирин дар 2015 нашр шудааст. Кор оид ба ҳуҷҷати ахирии рӯзи сешанбе пешниҳодшуда аз соли 2019 инҷониб  идома дорад, аммо бо сабаби пандемия қатъ шуда буд.

Бояд гуфт, ки муносибот миёни Русия ва кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Бритониё дар чанд соли ахир, махсусан пас аз ба қаламраваш зам намудани Қрим ва ҷанг дар Донбасс  коҳиш ёфтанд. Имрӯз аксари кишварҳои ғарбӣ сиёсати дохиливу хориҷии Русияро барои худ ҳамчун манбаъи таҳдид арзёбӣ менамоянд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *