Илм ва маориф

«БУХОРОИ ШАРИФ» ВА ОРМОНҲОИ ТОҶИКОН ДАР МОВАРОУ-Н-НАҲР

Ба муносибати “Рӯзи матбуот”

1- НАХУСТИН НАШРИЯИ ТОҶИКИИ МОВАРОУ-Н-НАҲР

«БУХОРОИ ШАРИФ» сароғози матбуоти форсии Мовароуннаҳр хонда мешавад, ки аз 11 марти соли 1912 то 2 январи соли 1913 дар Иморати Бухоро (Когон) чоп шуд. Бухоро ҳамчун бузургтарин сарманшаи рухдодҳои сарнавиштсози Эронзамин дар чандин бурҳаи ҳассоси таърихӣ дурахшидааст. Аз ҷумла: нахустин ёдгории хаттии форсии дарӣ аз Бухорост, бо номи «Суруди мардуми Бухоро»; ҳамчунин бухороиён буданд, ки аз пайи ҳифзи забони модарияшон дар замони нашри ислом намозро ба порсӣ мегузорданд; Бухоро пойтахти давлати Сомониён – нахустин ва бузургтарин императории Эронзамин пас аз юриши араб гашт. Сомониён бо шуҷоъату ғайрати рустамонаи миллӣ фарҳангу ойини тоҷикӣ-эрониро умри дубора доданд, зери сояи ҳукумати донишмеҳвари Сомониён миллати мо нобиғагони ҷовидномеро эҳдои таърихи башарият кард. Порсии дарӣ бори нахуст (пас аз омадани араб) ба шарофати Бухорову Оли Сомон шикуфо ва муддати як ҳазор сол дувумин забони расмии ҷаҳони ислом гардид. Ва гуфта омад, соли 1912 «Бухорои шариф», нахустин нашрияи форсӣ дар Мовароу-н-наҳр, чашми ҳавохони донишу маърифатро равшан намуд.

2- МАҚСАД ВА МАРОМИ «БУХОРОИ ШАРИФ»

Мирзо Сироҷи Ҳаким, аз маорифпарварони Бухоро ва Мирзо Муҳйиддин Мансури Бухороӣ (бозаргон), аз муассисони «Бухорои шариф» буданд; сардабири он Мирзоҷалол Юсуфзода (рӯзноманигор ва нависандаи озаритабор), котиби масъул Мирзо Ғаффор; масъули умури молии нашрия Левин буд, аз сарватмандҳои машҳуру молики корхонаи пахтаи Бухоро.

Муассисону ноширон мақсад аз нашри «Бухорои шариф»-ро дар заминаи маърифати ислому ақидаҳои ҷадидия вораҳонидани мардумон аз ҷаҳолату вомондагии феодалӣ ва иршод ба сӯи равшанию маърифат унвон карданд. «Бухорои шариф» мардуми қаламрави Бухороро аз ҳаёту зиндагии қавму миллатҳои дигар, ба вижа фарангиён (аврупоиён) ва аз ҷумла, русҳо ва ҳодисаҳои муҳимми ҷаҳон бохабар менамуд, аз эҷодиёти адибони маъруфи олам намунаҳое бо баргардони форсии тоҷикӣ ба табъ мерасонд. Дар ин масир сардабири рӯзнома Мирзо Ҷалол хеле фаъъол буд. «Бухорои шариф» бо чунин бинишу равиш ба минбари аҳли қалами тоҷикону форсигӯёни Осиёи Марказӣ табдил шуд ва рӯзафзун шумораи хонандагону ҳаводоронаш афзоиш ёфт.

3- ҲУВИЙЯТИ МИЛЛӢ ВА ПОСДОШТИ ЗАБОНИ ФОРСӢ ДАР САФАҲОТИ «БУХОРОИ ШАРИФ»

Ин нашрия дар радифи масоили иҷтимоиву сиёсӣ, инчунин ба тарвиҷи фарҳангу адабу забон низ таваҷҷуҳи хос мекард, ба вижа дар сафаҳоти он мавзуи забони форсии тоҷикӣ мавриди баррасиҳои муфассале қарор гирифта буд. Зеро «Бухорои шариф» ҳамчун нахустрӯзномаи форсии тоҷикӣ дар Варорӯд, аз ҷумла, аз посдорону мубаллиғони ин забон ба шумор мерафт. Маҳз «Бухорои шариф» ҳампои замона, дар сабқат ба нашрияҳои форсии чопи Ҳиндустону Эрон, ки пештар аз ин ҷарида вориди арсаи фарҳанги форсӣ гашта буданд, сабки хуросонӣ (сода)-и форсии адабии мақбулро пайгирӣ кард, то ба фаҳми муштариён писанд ояд. Ҳамчунин масъалаҳои амалӣ ва назарии забон низ мавриди баррасӣ будааст.

Мавзуи сабки баёни матолиби нашрия аз баҳсҳои доғ бо хонандагонаш ба шумор мерафт. Дастандаркорони нашрия дар баробари иддиоҳои бархе қотеъона посух додаанд, ки ғараз аз забони адабӣ бояд дар навиштор милоку мадрак фарҳангҳо, осори китобии классикони форсӣ дар заминаи адабу дониш бошанд, яъне «каломро тобеъи навиштану китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани авомуннос». Рӯзнома барои равшан кардани масъалаи мазкур ва аз омиёнапароканӣ парҳез кардани навиштор гӯшаи баҳсе боз кард: хонандагон номаҳои худро дар ин мавзуъ ирсол менамуданд ва рӯзнома ба онҳо посух медод. Чунончи дар мақолаи «Фелетон дар хусуси забон» «Бухорои шариф», №№ 7, 11, 13, 14) ин мавзуъ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҳамин тариқ дар «Бухорои шариф» масъалаи се шохаи як забон будани дарӣ, форсӣ ва тоҷикӣ ба миён гузошта шуда, ноҳамвориҳои мавҷуд дар забони мардуми маҳаллӣ бозгӯ мешавад. Ин мубоҳисаҳо тезутунд ва гоҳо танзомез сурат гирифтаанд. Дар ин маврид се номаи хонандагон бо вироиши Бақозода Ҳодихоҷаи Самарқандӣ ва мулоҳизоти Мирзо Ҷалолро метавон намуна овард. Сардабири нашрия аз ҷумла нуктаи ҷолибе меорад, ки «…забони қавме, ки ба инҳироф рӯбарӯст, фақат дар заминаи забони қавме, ки ин забонро солим нигоҳдорӣ  кардааст, метавонад аз нав ба эҳё рӯ оварад» («Б. Ш.», № 11).

Дигар мавзуъи матраҳ дар «Бухорои шариф» таваҷҷух ба таърихи забонҳои эронӣ, аз ҷумла форсию шохаҳои он буда, бар пояи маълумотҳои илмӣ шаҷараи ин забонҳо бо шохаҳои он манзури хонандагон гардонида шудааст. Ва рӯзнома дар ҳамин иртибот як рисолаеро пиромуни қоидаҳои сарфу наҳви забони форсӣ (дар чанд шумораи паёпай) ба таври комил мунташир кардааст. Ҳамин тавр, «Бухорои шариф» аз ҷумла, бори нахуст масъалаҳои амалию назарии забони форсӣ, ба вижа, шохаи мовароуннаҳрии он (форсии тоҷикӣ)-ро ба миён гузошта, ба баҳсу баррасию пажӯҳиши илмии он пардохтааст.

(аз навиштаи донишманди тоҷик, устод Абдухолиқи НАБАВӢ, барои «Донишномаи забони тоҷикӣ»)

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *