АхборТоҷикистонҲамкорӣ

Вазорати маорифи Русия: донишҷӯёни тоҷик бояд аввалин шуда ба Русия баргарданд

Намояндагони Вазорати маориф ва илми Русия қайд карданд, ки дар замин ҳамагирии коронавирус ҳаёт ва саломатии донишҷӯён аз ҳама чиз муҳимтар аст

ДУШАНБЕ, 24 март – Sputnik. Дар брифинги Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, намояндагони ин ниҳод ба мавзӯи доғи рӯз – бозгаштан ба таҳсили рӯзонаи донишгоҳҳои Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон дахл карданд.

Елена Горожанкина, муовини директори Департаменти ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Русия қайд кард, ки дар ин бора ба шуъба дасрхостҳо зиёд ворид мешаванд ва илова намуд, ки замони кушодани марзҳои Русия барои донишҷӯёни тоҷик танҳо вобаста ба вазъи эпидемиологӣ муҳокима карда мешавад.

Вай афзуд, ки Вазорати маориф ва илм мунтазам ба ҷаласаҳои ситоди фаврии назди ҳукумати Федератсияи Русия даъват карда мешавад.

Мо ҳамеша мегӯем, ки Тоҷикистон ҳам аз рӯи шумораи донишҷӯён ва ҳам аз ҷиҳати масъала фарқ мекунадмо медонем, ки ин вазъ барои донишҷӯён ва ҷомеа то чӣ андоза ҳассос аст. Мо мегӯем, ки Тоҷикистон бояд яке аз аввалин кишварҳое бошад, ки вуруд барои донишҷӯёнаш иҷоза дода шавад“, – гуфт Горожанкина.

Намояндаи Вазорати маориф ва илм инчунин ба рӯйхати аввали 25 кишваре, ки донишҷӯён метавонанд барои таҳсил дар Русия баргарданд, изҳори назар кард.

“Дар ҳеҷ ваҷҳ далели он ки ин рӯйхат дар асоси кишварҳои дӯст тартиб дода шудааст. Ин тавсияҳо танҳо ба Роспотребнадзор вобастаанд”, – гуфт намояндаи Вазорати маориф.

Вай афзуд, ки мутахассисони Роспотребнадзор вазъро дар дохили дигар кишварҳо назорат мекунанд ва дар бораи кушодани марзҳо тибқи меъёрҳои муайян ҳукм медиҳанд.

Read more:

https://sputnik-tj.com/education/20210324/1033065558/Vazorat-maorifi-Rusiya-boyad-avvalin.html

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *