АхборТоҷикистонҲуқуқи башар

ВКД: Иззат Амон дар Душанбе дастгир ва ҳабс карда шуд

ВКД расман гузориш дод, ки Иззат Амон, фаъоли иҷтимоӣ дар Русия ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, роҳбари маркази тоҷикон дар Маскавро дар Душанбе пас аз ихроҷ шуданаш дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дастгир ва ҳабс шудани Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Душанбе хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, ӯ пас аз оне, ки аз Русия ихроҷ шудааст, дар Тоҷикистон дастгир ва ҳабс гардидааст.

“Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав аз Русия ронда шуд”,- менависад ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ӯ дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

“Иззат Амон қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт”, – тавзещ медищад боздошти вайро ВКД.

Дар ҳамин ҳол шарҳ дода намешавад, чи Иззат Амон кай ба Душанбе ихроҷ гардид ва кадом рӯз дастгир шуд. Дар ҳоле ки ду рӯз пеш хабарҳои “нопадид” шудани ӯ расонаӣ шуда буданд. ВКД дирӯз аз гумонбар дониста шудани Иззат Амон дар қаллобӣ гузориш дода буд. Мақомоти Русия бошанд, аз фаъолияти ғайриқонунии вай гузориш дода буданд.

Чунончи, Додгоҳи шаҳри Маскав дар пасманзари хабарҳо дар бораи нопадид шудани Иззат Амон бархе тафсилоти як парвандаи маъмурӣ алайҳи ӯро нашр кард.

Бар асоси додаҳои Додгоҳи Маскав алайҳи Холов Изатулло Амонович, тибқи моддаи 18.10, қисми 2 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия парванда боз шуда, нисбаташ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардидааст.Моддаи мазкур дар бораи фаъолияти ғайриқонунии меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия мебошад, ки патент ё иҷозатномаи кор надоранд.

Додгоҳи Маскав тафсилоти муҷозоти Иззат Амонро нагуфтааст, аммо банде, ки аз рӯи он нисбаташ ҷазо татбиқ гардидааст, ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 7 ҳазор рубл бо ихроҷ аз қаламрави Русияро пешбинӣ мекунад.

“Бояд қайд намуд, ки Холов И.А. дар Федератсияи Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулиро гирифта аз худ кардааст”, – таъкид кардааст манбаъ.

“Онҳое, ки дучори қаллобии Холов И.А. гардидаанд, хоҳиш менамоем ба телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21 занг зананд”, – хоҳиш кардааст Вазорати кордҳои дохилӣ.
Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20210327/1033084517/VKD-Izzat-Amon-dar-Dushanbe-dastgir-va-abs-karda-shud.html

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *