АхборОсиёи МарказӣСиёсатТоҷикистон

Вокуниши собиқ вазири тоҷик ба пешниҳоди додани Ворух ва интиқодаш аз раиси КДАМ

Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки дар аҳди вазирияш ҳалли масоили марзӣ бо Чинро бурди дипломатияи тоҷик хонда буд, ба пешниҳоди Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон барои иваз кардани замини “Ворух” вокуниш нишон дод

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik.  Зарифӣ дар вокуниш ба Тошиев, ки иваз кардани Ворух бо заминҳои дигар дар қаламрави Бодкандро пешниҳод карда буд, изҳор доштааст, ки Ворух барои ҳамеша замини Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ҳамрохон Зарифӣ дар сафҳаи фейсбукияш ин пешниҳоди Тошиевро барои додани Ворух сафсата хонда, таъкид намудааст, ки мо даъвои қаламрави бегонаро надорем, аммо порае аз замини худро низ намедиҳем.

Ӯ гуфтааст, ки бар асоси бархе санадҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ қаламрави Ворух ҳеч гоҳ анклав набудааст ва танҳо замони шӯравӣ бархе кӯчманчиёни қирғизро ба чарогоҳҳои Тоҷикистон роҳ дода буданд, ки баъдан дар он ҷо маскан шудаанду дар ҳамдигарфаҳмӣ бо бародарони тоҷикашон иқомат кардаанд.  Зарифӣ гуфтааст, гап сари баргардондани заминҳо ба Тоҷикистон намеравад, танҳо санадҳои ҳуқуқиро бояд эътироф кард.

“На бояд ба тоҷикон заминашонро ба ивази заминашон пешниҳод кард”, – изҳор доштааст собиқ вазири умури хориҷӣ.

Зарифӣ аз сарусадои охир атрофи марз зикр намуда, изҳор доштааст, ки набояд дар хулосабарорӣ шитоб кард, чун тоҷикону қирғизҳо садсолаҳо канори ҳам дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардаанд, дасти ҳам гирифтаанд, ки фаромӯш намешавад.

Ҳамрохон Зарифӣ таъкид намудааст, ки чунин инсонҳои манфӣ ҳамсояҳо низ ҳасту дар мо ҳам кофиянд. Дар идома собиқ вазири хориҷии Тоҷикистон аз инқилобҳои зиёду сарнагунсозиҳои роҳбарони қонунан интихобшудаи Қирғизистон суҳбат кардааст, ки онро мушкилзо хондааст.

Зарифӣ инчунин аз сурсадоҳо атрофи пуштибонии Маскав зикр намуда, таъкид кардааст, ки Русия дар мисоли ҳалли танишҳо дар Сурия, Шарқи Наздик ва Қарабоғ қудрати пешинаашро нишон дод.

“Русия чун иттифоқчии кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоми корро карда истодааст ва фикр мекунам, дар оянда ҳам анҷом медиҳад, то кишварҳои минтақа дар сулҳу ором бошанд. Тамоми ифротиҳо бояд инро дар хотир дошта бошанд”, – таъкид кардааст вазири умури хориҷӣ.

Ӯ изҳор доштааст, ки суханҳояш назари шахсии ӯ буда, мавқеи ҳукумати Тоҷикистонро баён намекунанд.

Ин вокуниш дар ҳолест, ки қаблан раиси КДАМ-и Қирғизистон, Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек зимни суҳбат дар бораи марз гуфт, масъалаи асосӣ сари Ворух аст.

“Якум, мо бар асоси қонун марзи онро чен мекунем ва он дигар васеъ намешавад. Вале мо аз ҳудуди худ, танҳо барои истифода ба онҷо роҳ боз мекунем, то онҳо битавонанд ворид шаванд”, – гуфт раиси КДАМ-и Қирғизистон.

Пешниҳоди дуюми мақомоти Қирғизистон иваз кардани Ворух ба ҳудуде аз вилояти Бодканд аст.

“Мо омодаем Ворухро иваз кунем. Агар онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор ҳектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст”, – изҳор дошта буд Тошиев.

Read more: https://sputnik-tj.com/politics/20210331/1033105778/Vokunishi-Zarif-dodani-Vorukh-intiqodash-raisi-KDAM.html

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *