Илм ва фарҳанг

Гулсифат Шаҳидӣ беҳтарин нависандаи кӯдакон дар Русия эътироф шуд

Насрнавис, адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ дар бахши адабиёти бачагонаи ҷоизаи солонаи адабии Русия ғолиб омад

ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Ҷоизаи “Нависандаи сол” дар Маскав супорида шуд, ки дар он яке аз ҷоизаҳо ба нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ тақдим шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Иттифоқи нависандагони Русия.

Дар Маскав барандагони ҷоизаҳои миллии адабӣ эълон шуданд ва худи маросими супоридани ҷоизаҳо дар толори консертии ҳукумат баргузор шуд.

Гуфта мешавад, Шаҳидӣ дар бахшиАдабиёти кӯдаконмукофотонида шуда, дар озмуни Душанберо намояндагӣ мекард.

Ба иттилои манбаъ, асарҳои иштирокчиёни озмун давоми сол интихоб карда шуданд ва дар натиҷа 200 нафар шоирон ва 100 насрнавис аз минтақаҳои гуногуни Русия, инчунин хориҷи дур ва наздик ба рӯйхати кӯтоҳ шомил карда шуданд.

Ҳакамон Макс Зимовро аз Маскав нависандаи сол номиданд ва ӯро бо ҷоизаи дараҷаи 1 сарфароз гардонданд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Александр Валт аз Санкт-Петербург ва Олег Пономарев аз Тула гирифтанд.

Бояд қайд кард, ки ҷоизаҳоро Иттифоқи нависандагони Русия бо мақсади ҷустуҷӯи муаллифони нави боистеъдод, ки қодиранд ба адабиёти муосири рус таъсир расонанд, таъсис дода шудааст.

Ҳама барандагон ҳуқуқи нашри китоби худро аз ҳисоби кумитаи тадорукоти мукофот гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Гулсифат Ғаффоровна Шаҳидӣ 1 январи соли 1955 дар оилаи иқтисоддонҳо Ғаффор ва Масрура Саттаровҳо таваллуд шудааст.

Номбурда журналист, адабиётшинос ва насрнавис, номзади илмҳои филологӣ мебошад. Ғайр аз он, Шаҳидӣ узви Иттифоқи нависандагони Русия ва Гилдияи эҷодии Авруосиё мебошад.

Бисёре аз асарҳои Шаҳидӣ борҳо дар Душанбе, Лондон, Маскав, Ню-Йорк, Вашингтон, Стокҳолм, Кембриҷ, Минск, Калининград ва Тел-Авив муаррифӣ шудаанд.

Имрӯз вай дар Маскав ва Лондон кор ва зиндагӣ мекунад.

Гулсифат Шаҳидӣ ҳамсари композитори маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ ва модари продюсери рус Табриз Шаҳидӣ мебошад.

Read more:

https://sputnik-tj.com/culture/20210323/1033055990/Shahidi-navisanda-Rusiya.html

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *