СиёсатТоҷикистонҶомеа

Давоми достони ҳамла ба рӯзноманигорон

Шаҳобуддини Шуҷоъ

4 март ду хабарнигори Радиои Озодӣ Шаҳло Абдулло ва Муллораҷаб Юсуфзода ҳангоми иҷрои вазифаи касбияшон дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории Соро Ойл дар микрорайони 33 шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Сабабаш возеҳ: иҷрои содиқонаи рисолати касбӣ, расондани дарди ҷомеа ба гӯши масъулин. Магар ин ҷиноят маҳсуб мешавад? Магар ин хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аст?

Ҷомеае, ки дардҳояш ифшо ва дармон намешаванд, тадриҷан бемор мешавад. Дардҳо ҳар қадар зудтар ифшо ва дармон шаванд, ҷомеа ҳамон қадар солим ва муҳимтар аз ҳама умри Ҳукумат ҳамон қадар дароз мешавад. Пас чаро иҷоза намедиҳанд, ки ин дардҳо гуфта шаванд? Ё аниқтараш кӣ ба ин кор иҷоза намедиҳад? Яқинан бадхоҳони ин ҷомеа ва ин Ҳокимият. Ё шояд худи Ҳокимият? Магар Ҳокимият ба мисли моҳие, ки пӯсишаш аз сараш оғоз мешавад, огоҳона худашро ба нестӣ маҳкум мекунад?

Ҳодисаи ҳамла ба хабарнигорони Озодӣ дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Он давоми достони сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигор ва сиёсатмадор Додоҷон Атовуллоев, зиндонӣ шудани рӯзноманигор Далер Шарифов, ҳамла ва латукуби рӯзноманигор Абдулло Ғурбатӣ, тавҳину таҳқири рӯзноманигори Озодӣ Шаҳлои Гулхоҷа ва рӯзноманигорони мустақил Саидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, Дориюши Раҷабиён, Исфандиёри Одина, Зафари Суфӣ, Исфандиёри Назар, Мирзои Салимпур тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Ин рухдод аз ҷониби президенти Радиои Озод Ҷеймӣ Флай ғайри қобили қабул арзёбӣ шуд. Бисёре аз рӯзноманигорони тоҷикистонии хориҷ ва дохили кишвар, фаъъолони ҷомеаи маданӣ ҳам онро қотеъона маҳкум карданд. Ва он, ки ҳамлагар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудааст, умедворкунанда аст. Маълум мешавад, ки ин бор ҳамла ба мисли қазияи рӯзноманигор Абдулло Ғурбатӣ супоришӣ набудааст. Ё агар Абдулло Ғурбатӣ ҳам хабарнигори Озодӣ мебуд, ҳамлаваронаш шояд бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод намешуданд. Дар ҳар сурат, агар ин бор оне, ки даст ба рӯзноманигор баланд кардааст, ҷазои сазовор бигирад, шояд ин то ҷое барои дигарон дарс шавад ва дигар ба сари рӯзноманигорони асил мушт набардоранд ва бо тамғаҳои ” иғвогар”, ” хоин” ва ” ватанфурӯш” дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавҳину таҳқир накунанд. Шояд!?…

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *