ИқтисодТоҷикистон

Дар Душанбе корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишагиву плостикӣ сохта мешавад

Барои сохтмони ин корхона 4 гектар қитъаи замин ҷудо

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Композит Т. А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишагиву плостикиро дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода изҳор дошт, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии ин корхона ширкати «Композит Т. А.» ҳудуди 8 млн доллар маблағ сарф мекунад.

Барои сохтмони корхонаи мазкур 4 гектар қитъаи замин ҷудо шуда, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан наздики 100 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.

Мувофиқи нақша, иқтидори истеҳсолии корхона то 150 км қубур дар як сол ва масоҳати онҳо аз 300 мм то 3000 мм-ро ташкил хоҳад дод.

Истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона тахминан охири соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Ба гуфтаи Қодирзода, соли гузашта Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 7,5 млн доллар қубурҳои шишапластикӣ харид.https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/economic/20210303/dar-dushanbe-korhonai-istesoli-uburoi-shishaplastik-sohta-meshavad

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *