Илм ва фарҳанг

Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 16.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли равон  дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 12 марти соли равон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми мазкур, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории он тасдиқ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Форуми мазкур дар доираи  нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳр  ҷиҳати эълон гардидани “Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод — 2021”, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 марти соли 2021 тасдиқ гардидааст, инчунин ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврўз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имконоти сайёҳии мамлакат, ҷалби сайёҳон, саромоягузорӣ, рушди имконияти соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкории бародаршаҳрӣ роҳандозӣ мегардад.

Аввалин чунин Форум бо иштироки намояндагони кишварҳои мухталиф соли 2019 дар Тоҷикистон баргузор шуда буд, аммо соли гузашта бинобар пандемия ва баста будани марзҳо доир намудани он имконнопазир гардид.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо COVID-19 расман шароити баргузории чорабиниҳо барои таҷлили Наврӯз-2021-ро дар Тоҷикистон номбар карда буд. Тибқи қарори Ситод, баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва тантанаҳои идона дар Наврӯз иҷозат дода шудааст, аммо намоишҳои оммавии театрӣ дар варзишгоҳҳо манъ шудаанд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *