Осиёи МарказӣСиёсат

Дар Маскав конфронси васеи “сегона” доир ба масъалаи Афғонистон баргузор шуд

18 март дар Маскав бо иштироки тарафҳои даргир Конфронси васеи “сегона” доир ба масъалаи Афғонистон  баргузор шуд.

Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Пас аз музокироти Маскав Иёлоти Муттаҳида, Чин ва Покистон ба ҳайси аъзои “сегона” изҳороте пахш карданд, ки дар он аз Толибон даъват мешавад дар фасли  баҳор аз ҳамлаҳо  худдорӣ кунанд ва сатҳи хушунат дар кишварро коҳиш диҳанд.

“Мо аз ҳама ҷонибҳои низоъ дар Афғонистон даъват мекунем, ки сатҳи хушунат дар ин кишварро коҳиш диҳанд ва аз Толибонро даъват мешавад, ки аз ҳамлаҳои дар фасли баҳор  ҷилавгирӣ кунанд ва фазоеро барои расидан ба созиши сиёсӣ эҷод намоянд.” гуфта мешавад дар баёнияи муштарак.

Фиристодаи вижаи президенти Русия дар Афғонистон Замир Кобулов дар навбати худ гуфт, ки ҷонибҳои афғон омодагии худро барои гуфтушунид дар бораи сулҳ дар кишвар тасдиқ карданд.

“Бо ҳама ҷонибҳои афғон гуфтугӯи ҷиддӣ сурат гирифт ва хабари асосии он ин аст, ки ҷонибҳои афғон муҳим будани истиқрори сулҳ дар Афғонистонро дарк мекунанд ва омодаанд ба сари мизи гуфтушунид нишинанд”,-  гуфт Кабулов.

Бояд гуфт, ки пас аз Конфронси Маскав Туркия ният дорад як ҳайати Толибонро  ба конфронси байналмилалӣ  дар мавриди Афғонистон, ки моҳи апрел дар Истамбул ба нақша гирифта шудааст, даъват кунад.

Ёдовар мешавем, ки Толибон соли 1996 Ҳукумати Бурҳониддин Раббониро сарнагун карда, ба сари ҳокимият омаданд. Соли 2001 нирӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО  Афғонистон ишғол намуда, аввал Ҳамид Карзай ва баъд Ашраф Ғаниро ба сари қудрат оварданд. Вале бо гузашти 20 сол онҳо натавонистанд  ба Толибон пирӯз шаванд ва ҳамоно ҷанг идома дорад.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *