АхборИқтисодҶаҳон

Дар Русия Пойгоҳи ягонаи рақамии шаҳрвандони хориҷӣ таъсис дода мешавад

Вазорати омор якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Русия  Пойгоҳи ягонаи иттилоотии бақайдгирии шаҳрвандони хориҷиро  дар ҳудуди  Русия таҳия карда истодаанд.

Дар ин бора Migrant Media. Ru хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар Пойгоҳ акси электронии шаҳрвандони хориҷӣ бо маълумотҳои биометрӣ, маълумот дар бораи вазъи ҳуқуқӣ, ҷои кор ва истиқомат дар Русия ҷой дода мешаванд ва ин ба онҳо имкон медиҳад, ки хадамоти давлатиро дар шакли электронӣ дастрас кунанд.

Дар ин Пойгоҳ ҳамчунин имкони бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоён,  пардохтҳои ҳатмии андоз ва дигар пардохтҳо, аз ҷумла пешпардохт  барои патенти кор имконпазир мебошад.

Ғайр аз он, дар ин низом хидматҳои иттилоотӣ ва маълумот дар бораи  мӯҳлати иҷозатнома барои муҳоҷирон, давраи будубош ва зарурати тарки кишвар пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки дар Русия дар ояндаи наздик тарҳи қонуне таҳия хоҳад шуд, ки дар он содаю осон кардани кору зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар пешбинӣ шудааст.

Дар ин лоиҳа баробари ислоҳоти низомҳои мухталиф барои шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамчунин имкони дароз кардани мӯҳлати будубош, аз ҷумла барои фарзандони муҳоҷирон низ дар назар гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар Русия  беш аз якуним миллион муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *