Осиёи МарказӣСиёсатҲуқуқи башар

Дар Туркманистон талбандаҳо ва шаҳрвандони либосашон куҳна боздошт мешаванд

Дар шаҳри Марии Туркманистон мутобиқи дастури раисҷумҳур талбандаҳо ва шаҳрвандонеро, ки дар тан либоси куҳна доранд, боздошт менамоянд.

Дар ин бора бахши туркмании радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки аз аввали ҳафтаи равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Мари одамонеро, ки  дар назди дӯконҳо ва ҷойҳои дигар талбандагӣ мекунанд, ҳамчунин ашхоси либосашон куҳнаро боздошт намуда, маҷбуран бо мошинҳои пулис ба боздоштгоҳҳо мебаранд.

Ба гуфтаи яке аз шоҳидон як марди  боздоштшуда фарёд задааст, ки: “Ман шахси бехона нестам, танҳо либосҳоям куҳнаанд, маоши ман  ҳатто барои сер кардани кӯдакон намерасад, аз ин сабаб ман барои либоси нав пул надорам.”

Дар хабар таъкид мешавад, ки бинобар теъдоди зиёди боздоштшудагон, бисёре аз сокинони маҳаллӣ барои дарёфт кардани наздиконашон ба идораи полиси шаҳри Мари муроҷиат кардаанд.

Ба наздикони боздоштшудагон гуфта мешавад, ки полис онҳоро дар кӯча боздошт кардааст, зеро онҳо дар бар либоси куҳна доштанд.

Яке аз кормандони пулис ба шарти ифшо нашудани номаш ба хабарнигори бахши туркмании радиои Озодӣ гуфт, ки сардори пулиси вилоят амр додааст, ки “шаҳрро аз бехонаҳо тоза кунем”.

Бояд гуфт, ки тибқи радабандии созмонҳои байналмилалии ҳуқуҳи башар  Туркманистон яке аз кишварҳои худкома ва пӯшидатарин кишварҳои Осиёи Миёна ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *