АхборОсиёи Марказӣ

Дар Туркманистон унвонҳои “Сагпарвари халқӣ” ва “Сагпарвари шоиста” таъсис дода шуданд

Порлумони Туркманистон Қонун дар бораи таъсиси унвонҳои фахрии “Сагпарвари шоистаи Туркманистон” ва “Сагпарвари халқии Туркманистон” –ро ба тасвиб расонд.

Дар ин бора хабаргузории Turkmenportal хабар медиҳад.

Қонунҳои дахлдорро Маҷлиси Туркманистон дар як ҷаласаи навбатӣ қабул кард. Ҳамон тавр ки дар Порлумони Туркманистон ишора шуд, ҳифз ва маҳбубияти  мероси таърихию фарҳангӣ дар ҷаҳон яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ мебошад.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тарҳҳои нишонҳои ба ӯ пешниҳодшударо барои онҳое, ки ин унвонҳои фахриро соҳиб мешаванд, шахсан тасдиқ кард.

Тирамоҳ Бердимуҳаммадов дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи тиллоии 15 метраи саги Алабай, ки насби он бо ташаббуси худи президент сурат гирифт, ширкат варзид.

Қаблан дар Туркманистон унвонҳои фахрии “Асппарвари шоистаи Туркманистон”, “Асппарвари халқии Туркманистон” ва “Устоди асбсавори Туркманистон” таъсис дода шуданд. Ин унвонҳо барои саҳми назаррас доштан дар рушди асппарварӣ, хизматҳояшон дар ҳифзи зотпарварӣ ва сифатҳои тавлиди аспҳои дави Ахалтекекин, барои баланд бардоштани шӯҳрати ҷаҳонии аспҳои туркманӣ, ки боигарии миллӣ ва ифтихори мардумии Туркманистон маҳсуб мешавад, ҳамчунин барои маҳорати касбӣ мукофотонида мешаванд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *