АхборОсиёи МарказӣҶомеа

Дар Қирғизистон 100 ҳолати нави бемории COVID-19 муайян карда шуд

Дар Қирғизистон  тайи шабонарӯзи гузашта 100 ҳолати нави бемориҳои  илтиҳоби шуш  COVID-19 ошкор карда шуд. Дар ин бора 24.kg бо истинод бар маълумоти Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар Бишкек 45 ҳолат, дар вилояти Чуй 46, дар Ӯш 2, дар Иссиқкӯл 5, Ҷалолобод 1 ва дар Бодканд 1 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Аз моҳи марти соли 2020 дар ҷумҳурӣ 87 ҳазору 858 ҳолати гирифторӣ ба илтиҳоби шуш ва COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 4229 нафарашон кормандони соҳаи тиб мебошанд. Дар кишвар то ба ҳол бар асари ин беморӣ  1490 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Вазорати тандурусти Қирғизистон  омори беморон ва ҷонбохтагони бемории илтиҳоби шушро  пас аз он, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ онро зуҳури вируси куруно донист, ба омори бемории КОВИД-19 зам намуд ва акнун он зуҳури ин вирус ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон бошад, то ба ҳол теъдоди  мубталоён ва ҷонбохтагони бемории илтиҳоби шушро ба омори ҳамагири КОВИД-19 шомил накардаанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Қирғизистон ва Ӯзбакистон бар асари шуюъи ҷадиди бемории КОВИД-19  дар қаламрави кишварҳояшон баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *