АхборВарзишОсиёи Марказӣ

Ду комёбии Ораши 15-сола дар мусобиқоти шатранҷи Қазоқистон

Насибҷон Амонӣ, адиб ва рӯзноманигор

Набераи понздаҳсолаам Ораш Шоназаров дар ду мусобиқаи шатранҷи Қазоқистон хуб дурахшид . Ӯ нахуст чанд рӯз пеш дар мусобиқаи ҷумҳуриявии шатранҷи сареъ( рапид) байни шатранҷобозони то 16 сола, ки аз тариқи интернет сурат гирифт,  аз 9 бозӣ 7 имтиёз ба даст овард.   Ӯ дар бозии ахир пешсафи мусобиқаро шикаст дода имтиёзашро бо ӯ баробар кард, вале бар асоси нишондодҳои иловагӣ Ораш зинаи дуюм ва  мақоми ноиби қаҳрамони Қазоқистонро соҳиб гардид. Акнун ӯ , ки дар клосси 8 уми гимназияи 35 шаҳри Алмаато  таҳсил мекунад,   дар мусобиқаи шатранҷбозони то 16 солаи қораи Осиё ширкат хоҳад кард.

Пас аз ин Ораш боз дар як мусобиқаи дигари шатранҷи сареъ  дар шаҳри Алмаато   хуб донаронӣ кард.   Дар ин мусобиқаи рӯйорӯй, ки имсол бори нахуст  сурат гирифт,  50 шатранҷбоз аз нуқоти гуногуни Қазоқистон, аз ҷумла 17 устоди варизишу устоди варзиши байналмилалӣ ва бузургустод ширкат доштанд. Ораш, ки ҳоло номзад ба устоди варзиш аст ва  имтиёзи умумиаш дар раддабандии шатранҷи сареъ ҳамагӣ 1615 аст, дар даври аввал  бо яке аз довталабони пирӯзӣ дар ин мусобиқа Денис Махнев рақобат кард. Рақиби Ораш ҳоло яке аз шатранҷиёни номвар ва умедбахши кишвари Қазоқистон  маҳсуб гардида ӯ   дар ду се соли охир ба комёбиҳои намоён даст ёфта, унвони устоди байналмилалии варзишро  соҳиб гардид. Денис ҳоло узви дастаи мунтахаби Қазоқистон буда,  2486 имтиёз дорад ва як қадам то расидан ба унвони бузургустодист.  Вале  Ораш бидуни ҳарос  муқобили ин ҳарифи неруманди худ бозӣ карда, ӯро водор сохт, ки таслим шавад ва дасти Орашро фишорад. Ин пирӯзии Ораши  мо, бидуни шак, яке аз рӯйдодҳои ғайричашмдошти мусобиқа  ва ҳам бохти ғайриинтизори Денис дар солҳои ахир буд. Арзиши болои пирӯзии Ораш боз дар ин ҷост, ки Денис баъдан танҳо як бозиро баробар анҷом дода, дар ҳама бозиии боқимонда, аз ҷумла ба бузургустод Рустам Ҳусниддинов пирӯз гардида, мақоми аввалро соҳиб шуд.

Ораш  низ дар мусобиқа 5,5 имтиёз ба даст оварда дар маҷмуъ мақоми 12 ум ва дар байни шатранҷбозони то 16 сола зинаи аввал ва ҷоизаи вижаро соҳиб гардид. Шоёни зикр аст, ки Ораш дар феҳристи оғозини мусобиқа мақоми 28 умро дошт ва якбора 16 зина боло рафтани ӯ ва аз  5 устоди варзиш ва устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ пеш гузаштанаш, бегумон, комёбии назаррас  аст.

Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки  Ораш моҳи ноябри соли гузашта дар мусобиқаи шатранҷи сареъ дар шаҳри Алмаато байни шатранҷбозони то 16 сола мақоми якум ва байни шатранҷбозони то 20 сола зинаи дуюмро соҳиб гардида буд. Мегӯянд,  “соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост” ва комёбиҳои наврӯзии Ораш баёнгари он аст, ки имсол барояш  соли бобарор хоҳад гардид ва ӯ ба қуллаҳои боз ҳам баланд дар арсаи шатранҷ  хоҳад расид.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *