Сиёсат

Исфандиёри Назар: “БЕДОРИИ ТОҶИК БАРОИ РУСИЯ ҲАМЕША ХАТАРНОК АСТ”

Дарси торих

БЕДОРИИ ТОҶИК БАРОИ РУСИЯ ҲАМЕША ХАТАРНОК АСТ

Барои шикастани як Миллат душманонаш аввал то куҷо аҳли мутолиа, аҳли таҳқиқ будан ва то куҷо мағзи рушан доштани онро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Русия (ҳам подшоҳӣ, ҳам булшивикӣ ва ҳам пасошӯравӣ) дар парокандасозӣ, эҷоди тафриқа ва хира кардани тамаддун, харобӣ ва аз байн бурдани якпорчагии ҷуғрофиёи Эрон ва Варазруд (Мовароуннаҳр) пешгомтар аз инглис буду ҳаст!

Русияи подшоҳӣ қабл аз он, ки пойи наҳси хешро ба хоки сарзамину давлати якпорчаи мо – Бухоро ва Хоразм гузорад, нахуст аз равобити “тиҷоратӣ” кор гирифт. Бале, тоҷирон, ҳамзамон ба тиҷорати худ ахбори судмандро низ ҳамроҳи худ ба кишвари хеш интиқол медиҳанд.

Онгоҳ, дар соли 1870 бо баҳонаи ҳайати омӯзиши илмӣ ҷенерол Абрамуфро ба Кӯҳистони Самарқанд – шаҳристонҳои Панҷекат, Фон, Яғноб, Фалғар ва Масчоҳ фиристод.

Дар ин ҳайат тоҷири самарқандӣ Абдураҳмони Мустаҷир ба сифати рӯзноманигор ҳамроҳ гирифта шуд, то ҳама чизро аз дидаву шунидаву кардаҳо барои сарфармондеҳи ҳайат бо забони форсӣ бинвисад.

Абдураҳмони Мустаҷир дар ин сафар омори то ҳадде дақиқро аз рустоҳо барои Абрамуф сабт кард. Ҷоншумори мардуми ҳар русто, теъдоди мадрасаҳо, масҷидҳо, осиёбҳо, мазорҳо, иртибот бо равияҳои ирфонӣ-тасаввуфӣ, мероси хаттӣ, фулклурӣ, вазъи роҳҳо, масофати роҳҳо, анвоъи корҳои ҳунарӣ, конҳо, анвоъи зироъат… ҳамаро муфассал дар рӯзномае, ки баъдан номи “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл”-ро гирифт, сабт намуд.

Ва дуруст, пас аз ин сафари “илмӣ” Кӯҳистони Самарқанд низ шомили мустамликаҳои Русияи подшоҳӣ гардид.

Илова бар ин “Рӯзнома” боз бо дасти муҳаққиқони дигари рус олбумҳое аз тасовири минтақа низ фароҳам ва дар ихтиёри ҳукумати подшоҳӣ қарор дода шуд, то ахбор ба шакли комил мусаввпр низ бошад.

Нуктае, ки ҳам инглисҳо ва ҳам русҳо дар парокандасозии ақвоми Эронзамин ба кор гирифтанд, идеяи динии “миллати Иброҳим” буд. Ин идея тавониста буд, ки аз зеҳни мардуми минтақа ба кадом нажод ва халқият мансуб будани онҳоро дар умқи тирагиву фаромӯшӣ нишонад.

Ҳамчунин муҳоҷимон нуктаи аслии хаттарро нисбати худ дар ҳамин идея медиданд. Зеро, ақвоми мухталиф зери парчами ин идея яксон ба онҳо муқобилият карда метавонистанд.

Аммо вомондагӣ дар муҳити тираи фиудолӣ, роҳ надоштани улуми дақиқ дар мадорис, набудани иртиботи мустақим ба хориҷ аз муҳит, шахшудагии азҳон дар хурофот ба манфиати Русия ва Инглистон буду ҳаст!

Оре, то модоме, ки як миллат ошиқи дониш нест, ҳамаи суду зиёнашро дар таслими худ ба тақдир хулоса мекунад, шикаст додани он аз ҷониби душманонаш мушкил нест.

Дониш аст, ки дорувориро ҳосил мекунад, дониш аст, ки борутро, тупро, тонкро, рокетро месозад. Хурофот чиро месозад? Ҳеч, ҷуз ба куфр муттаҳам кардани худӣ бар худӣ ва “ҷиҳод” кардан ба муқобили бародарони худ.

Агарчи дер, бедоор шудани миллати Тоҷик дар авоили соли 1920, бар асари шарораҳое, ки аз дурдасти торих зери хокистари барҷоймондааш буд, нақшаи муҳоҷимони булшевикӣ ва понтуркистҳоро то ҷое халалдор кард.

Дар нақшаи Русияи ленинӣ ва понтуркисми минтақаӣ соҳиби аслии сарзамин – ТОҶИК, – вуҷуд надошт. Ҳама яксон мебоист турк номида шаванд. Бесабаб нест, ки Ленин дӯст медошт дар ҳамаи муроҷиатҳои худ ба ин минтақа аз вожаи “Туркистон” истифода кунад. Дар ҳоле, ки Туркистони аслӣ дар ин минтақа ҷой надорад.

Бедории Тоҷик боис гардид, ки ба ночор аз сарзаминҳои паҳновари худаш як пораи кӯҳистониро барояш “ҷумҳурият” эълом кунанд!

Ин пирӯзии Тоҷик буд, агарчи ба ивази бохтҳо ва хисороти ҷуброннопазири дигар онро ба даст овард!

Кӯшишҳои Русияи булшивикӣ (баъдан бо номи кумунистӣ) барои дубора хобонидану мунҷамид кардани мағзи соҳибони сарзамин бо мунқасим кардани Давлати Бухоро ва хонигарии Хоразм ба охир нарасид.

Мавҷудияти миллати Тоҷик барои рус дар ин бахши мустамликаҳояш устухон дар гулу буд ва ҳанӯз ҳам ҳаст!

Аз ин рӯ, барномаи “тозакунии синфӣ”-ро дар соли 1937 ба роҳ монд, то ба ин васила миллатҳои гарданниҳода, аз ҷумла вуҷуди тоҷиконро аз аҳли дониш, аз чароғҳои дониш холӣ созад.

Инҷо буд, ки барчасбҳои “душмани халқ”, “хоини ватан”, “душмани сохти нав”, “босмачӣ”, “мулло”, “кулак”, “заминдор” ва ғайраро сохтаву барои нобудии донишмандон ба кор бурд!

Ин барчасбҳо дубора пас аз Истиқлол дар Тоҷикистон бо каме тағйир вале бо ҳамон моҳияти аввалӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Муҳри сукут задан ба мағзи Тоҷик бо барномаи дигар кардани хатти порсӣ оғоз шуд. Ин муҳр барномаи пешопеш омӯхта шуда буд ва дурбинона ба кор гирифта шуд. Дар муддати кӯтоҳ низоми мустамликадории нав тавонист ду бор хатро ба тоҷик иваз кунонад ва ӯро аз баданаи аслии тамаддуну фарҳангу ториху боварҳояш мунҳариф созад.

Натиҷаи ин барнома чунон аст, ки акнун мебинем: Тоҷикистон, тоҷикони Самарқанду Бухорову Фарғонаву Чочу Тирмизу Намангону Насафу (Қаршӣ)… ҳозир нестанд ба хатти порсӣ баргарданд!

Таблиғи булшевикии “ин хат боиси ақибмондагии миллат аст!” то ҳол коромад воқеъ шуда ва ақвоми ин сарзамин то ҳол ҳар ҷангу мусибату оқибмондагиро дар бозгашт ва ё истифодаи ҳаин хат мебинанд.

Аммо ҳеч кас намехоҳад ба ин нукта фикр кунад, ки агар ҷангу мусибати миллатҳо бар асари доштани ин ё он хат бошад, пас ин ҳама ҷангҳо, ки рӯй додаанду медиҳанд, бо дасти касоне барномарезӣ шуда, ки аслан порсизабон набудаанд ва хаташон ҳам порсӣ нест.

Сӯзондан, ба об афгандан, зери хок кардани садҳо ҳазор ҷилд осори адабиву торихиву ҷуғрофӣ, ки бо забони порсӣ ва ё арабӣ иншо гардида буд, ба манзури иҷроиши барномаи муҳри сукут бар мағзи Тоҷикон буд!

Ҷамъоварии кутуби порсӣ ва нобудсозии он пас аз Истиқлол низ дар Тоҷикистон ба кор гирифта шуд!

Бедории тоҷик (нахустин рӯзномаи расмӣ, ки пас аз барпоии сохти шӯравӣ ва эъломи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахт интихоб шудани рустои Душанбе ба он, таъсис ва дар ин дудмон ба чоп расид, “Бедории тоҷик” ном дошт, ки акнун бо номи “Ҷумҳурият” ба умри худ давом медиҳад.) – бори дигар хоби Кремлинро аз ибтидои солҳои 1960 халалдор кард.

Мавҷи нави соҳибназарони тоҷик аввал пинҳонӣ ва пас он бо эҳтиёт барои барпоии Наврӯз ҳамчун ҷашни Баҳор садо баланд карданд. Ҳамзамон бо даъвои эҳёи Наврӯз, барои наҷоти забони модарӣ – забони порсӣ даст ба кор шуданд ва то соли 1989 тавонистанд, ки ҳам Наврӯзро ба курсии азалии он биншонанд ва ҳам забони миллатро!

Кремлин албатта ин бедорӣ ва ин худшиносиро барои халқи тоҷик наметавонист бибахшад ва ором аз канори он бигзарад.

Инҷост, ки пас аз эъломи ройгони Истиқлолият ба ҷамоҳире ғайр аз ҷамоҳири назди Болтик, ба манзури дар ихтиёри худ нигоҳ доштани сарҳад бо Чин ва Афғонистон барномаи “ҷанги шаҳрвандӣ”-ро ба майдон овард.

Онҳое, ки ҳанӯз зери бори султаи Кремлин ҳастанд, ҳанӯз фикр мекунанд, ки бе рус вуҷуд дошта наметавонанд, Михоил Гурбочуфро “хоин” ном мебаранд. Шояд Гурбочуф барои халқи худаш “хоин” бошад, ки он ҳама мустамликаҳоро озодӣ (бигзор нисбӣ ҳам бошад) бахшид. Аммо Гурбочуф дар воқеъ барои хеле аз ҷумҳуриҳо, аз ҷумла Тоҷикистон қаҳрамон аст, ки бе ҷангу даъво ба онҳо истиқлолиятро арзонӣ дошт!

На Тоҷикистон, на Қирғизистон, на Узбакистон, на Гурҷистон, на… ҳеч кудом шояд бо зӯри ҷангу бархостан наметавонистанд аз ҷанголи хуношоми Русия истиқлол ба даст оваранд! Истиқлолро ҳукумати Гурбочуфӣ ба таври тасодуфӣ ба ин халқҳо дод.

Ман боварии комил дорам, ки ба майдон рехтани “муллоҳо” кори дасти ниҳодҳои қудратии Русия буд!

Маҳз бо овардани ҳамин қишр метавонист мағзҳои бедорро дар ганд бикашад ва бо дасти қишри дигаре, ки на аз дониш баҳрае доштанду на аз торих бӯйе бурда буданд ва на бо дин алоқаи қалбӣ доштанд, аз хунашон ҷӯйҳо равон созад.

Ҳамин ҳоло низ барномаҳои саркӯбгар дар Тоҷикистон идомаи мантиқии ҳамон барномаҳои собиқи кремлинист.

Чунин барномаҳоро дар хоки Хуросон (Афғонистон) ва Эрон ҳам русҳо ва ҳам инглисҳо ва ҳам понтуркистҳо роҳандозӣ карданд. Порсизудоӣ, тоҷикзудуоӣ дар Афғонистон аз соли 1920 шуруъ гардид ва то кунун идома дорад.

Аз Эрон ҷудо кардани бахше аз Арон ва ба он Озарбойҷон ном додан, тақвияти аносири турк дар Табрез, барпой кардани шӯришҳои сохта дар Машҳад… исботи муддаъои мост.

Барои он, ки шумо авзоъро дар се бахши Эронзамин: Эрони кунунӣ, Хуросон (Афғонистони кунунӣ) ва Варазруд (Осиёи Миёнаи кунунӣ) хубтар тасаввур кунед, навиштаи кӯтоҳеро аз оқои Бежани Занд меоварам, ки дар баргаи фейсбукии хеш гузошта. Оқои Бежани Занд бо гузоштани ду акс аз тахриби мазори Имом Ризо дар Машҳад менависад:

“Нуҳуми Фарвардин. Солрӯзи ба тӯп бастани ҳарами Имом Ризо.

Дар пайи ташкили жондормерии махсуси  хизонадории кулли Эрон тавассути Мургон Шустари омрикоӣ, давлати Русия, ки ин иқдомро бар мухолифат масолеҳи худ дар Эрон ме‏донист, тайи ултимотуме ба давлати Эрон, хостори ихроҷи Шустар аз Эрон ва низ истихдоми атбоъи  хориҷӣ бо иҷозаи дувал рус ва Англис шуд. Дар пайи радди ин ултимотуми дахолат‏омез тавассути Маҷлиси Шӯрои Миллӣ, қувои русии мустақар дар Табрез вориди Қазвин шуданд. Ҳам‏чнин яке аз муздурони давлати Русия дар Машҳад ба номи Юсуфи Ҳиротӣ ба таҳрики рус‏ҳо, шӯрише маснуъӣ дар Машҳад ба по кард. Қувои рус низ ба баҳонаҳои ин, ки ҷони атбоъи рус дар хатар аст, ба шаҳри Машҳад ворид шуданд ва сипас барои таҳдиди давлати Эрон ва низ беэҳтиромӣ ба ақоид ва эҳсосоти мазҳабии мардум, ҳарами Имом Ризоро дар рӯзи нуҳуми Фарвардини 1291 хуршедӣ ба тӯп бастанд. Дар асари шиллики тӯпхона, ба сардарҳо ва гулдаста‏ҳои ҳарам, хисороти фаровоне ворид омад. Ҳам‏чнин хизонаи ҳарамро ба бонки рус мунтақил карда ва ашёи қимати ҳарамро ба ғорат бурданд. Пас аз он, миқдоре аз амволро баргардонда вале мутаваллии ҳарамро бо таҳдид ба марг водор карданд, ки тасдиқ кунад, ки тамоми хизонаро таҳвил гирифтааст. Илова бар ин, идаи бисёре аз мардуми Машҳад дар ин таҳоҷум кушта ва маҷруҳ шуданд.”

Аксҳо: Тахриби Ҳарами Имом Ризо бо дасти артиши Русияи подшоҳӣ.

Шумо ин аксҳоро метавонед бо тахриби Манори калони Бухоро ва дигар мадорису маҳалҳо дар Бухоро муқоиса кунед, ки ҳамагӣ бо дасти қуввои рус сурат гирифтаанд.

Исфандиёри Назар, Олмон,

 

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *