Сиёсат

Кай дар Тоҷикистон “РӮЗИ НАНГУ НОМУС” – ро ҷашн мегиранд?

Абдусттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигор

Мардуми мо имрӯз онқадар ба шиорпартоию ифтихормандиҳои пучу бе асос дода шудааст, ки дигар ба ҷуз аз ситоиши шоирону нависандагону файласуфону олимони гузашта, қиссаву афсонаву шеъру достон ва дигар персонажҳои асотириву таърихӣ дигар коре надорем.

Гирди номи падар чи мегардӣ?

Падари хеш шав, гар марди!!!

Ҳамеша мардуми мо ҷор аз он мезананд, ки “Миллати мо таърихи чандинҳазорсола дорад!!!

Мо ворисони ҳақиқии абармардони бузурги илму адаби ҷаҳонием!!!

Миллати мо ба мисли Рустаму Сӯҳробу Гурдофариду Темурмалик (гарчанде мегӯянд ин персонаж дар асл тоҷик набуд), АбуМуҳаммади Хуросониву Муқаннаъ, Восеъ ва ғ. қаҳрамононе дорад (аниқтараш дошт)…

Вале имрӯз мо кием ва ё чӣ?

Чаро аз гузаштагони пуршарафи худ ёд мекунему аз хатоҳои таърихиашон дарси ибрат намегирем?

Чаро худро ислоҳ намекунем, то насли ояндаамон аз мо дида, саодатмандтар шаванд?

Гарчанде ҳар яки мо миллионҳо бор хондаему шунидаем, ки чунин ифтихори кӯр-кӯрона ҳаргиз ба нафъи миллати мо нест, вале ҳамоно вақте рӯ ба рӯи як проблемаи барои ояндаи миллатамон зиёновар қарор мегирем, гӯё чашми ҳамаамон кӯру гӯшамон кар мешавад…

Ба мисли ниёгонамон пӯсти худро ғанимат шуморида, аз баҳри манфиатҳои миллиамон мегузарем. Чигуна?

Ба мисли оне, ки ҳокимони Сомонӣ ба айшу ишрат ва ғановати худ фузуда, дар умури давлатдорӣ аз худиҳо дида ба туркнажодон бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекардагӣ шуданд, асосан онҳоро дар умури ҳарбию низомӣ фармондеҳу маъмӯр месохтанд.

Чун аксар мардум аз он сиёсат норизо буданд, вақти танг омадани “рӯз”-и салтанати шоҳони Сомонӣ дигар мардум бо баҳонаи “муъмин бародари муъмин аст” ба ҳимояти салтанати Сомониён барнахостанд ва эшонро дар чанги кӯчманчиёни хунхор партофтанд…

Дар натиҷа ҳам ягона давлати муқтадири тоҷикон аз байн рафту ҳам миллати тоҷик худашро бо дасти худаш мазлум сохт. Дигар ин миллат бо дасти худаш тӯли ҳазорсолаи баъдӣ тавқи ғуломиро бар дардани худ бор кард…

Аз он рӯзгорон, то ба ҳол мардуми мо фақат дар хидмати аҷнабиёни истилогар буданду ҳастанду ҳастем ва ин худ як одатамон шуда, ки сари ҳар имконияти дастдода, ҷор аз ифтихори пӯчу бемаъниамон мезанему дар ҳар фурсати муносиб мадҳу ситоиши душманони ҷониамонро мекунем…

Чаро худиҳоямонро худамон дидаву дониста қурбон мекунем?

Ҳар қадар саҳфаи таърихи миллатамро зиёдтар варақ мезанам, ҳамон қадар боварам бештар мешавад, ки аз азал дар тақдири миллати ман ҳамин омада, ки мардуми мо соддалавҳу гаправ офарида шуда, дар асл як миллати худикуши бегонапарвар аст …

Чунин далелҳо зиёданд, дӯри бад намеравем, ҳамин шӯриши Восеъро як ба ёд оваред, магар Восеъи моро лашкари мағит дасту пой баста ба Бухоро бурд?

Не, мо худамон, мабодо ба хашми Амири манғит гирифтор нашавем гуфта, бо ду дасти адаб онеро, ки барои ҳимоят аз мардуми мазлуми худаш ва пойдории адолат бархоста буд, хиёнаткорона дасту пой баста, ба навкарони Амири манғит супоридем…

Аз гузашта то ба имрӯз миллати мо барои ҳар истилогаре маснавию достону қиссаву асарҳо офарид, ёдашонро бо шоҳасарҳоямон гиромӣ дошт, дар баробари он ҳама зулму қатлу куштору аз сари фарзандони миллати тоҷик калламанора сохтанҳои душманонамон “ба гузашта салавот”- гуфта, ҳамаро бахшидем, ҷиноёташонро фаромӯш кардем, лекин аз ин ҳама ба ҳеҷ ваҷҳ барои худ ягон дарси ибрате нагирифтем…

Рӯзи Нангу НОМӮС!!!

Имрӯз аз таърихи “табартақсим”-и яке аз қисматҳои калидии Ватани тоҷикон, ки аз ҷониби истилогарони русу инглис ба вуқуъ пайваста буд, расо 126 сол сипарӣ шуд …

Аз рӯи тақвими кӯҳнаи Русияи подшоҳӣ, рӯзи 27 феврал буд, мутобиқ ба рӯзи 14-уми март ё баъзан 11-уми марти солшумории нави мелодӣ низ гуфта мешавад, соли 1895-ум, дар шаҳри Лондони Бритониё қарордод байни Русияи подшоҳиву Шоҳигарии Британия бобати тақсим намудани як минтақаи зебои диёри таърихии тоҷикон ба имзо расид…

Ин рӯз мебоист барои тамоми мардуми тоҷик як Рӯзи мусибат бошад, чун ду кишвари истилогар як пораи мулк, як пораи ҷисм, як қисмати бадани миллати тоҷикро гӯё моли ба мерос мондаи падарашон бошад, бе дарназардошти манфиатҳои миллию таърихӣ, танҳо бо як далели географӣ, яъне будани рӯд ё дарёе дар минтақа, деҳаҳо, сарзаминҳои тоҷиконро ду тақсим карданд: Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон…

Маълумотнома аз саҳифаи

“Донишномаи озод!!!”

“Дар охири садаи XIX ду давлати абарқудрати он замон, ки ҳар кадом мехостанд ҳар чӣ бештар заминҳои дигарро ба тасарруф дароваранд, Англия ва Русия соли 1895 бо якдигар шартнома баста, сарҳаддоти байни кишварҳои таҳти назораташон қарордоштаи Афғонистону Бухороро бо маҷрои дарёҳои Панҷу Ому дар болооб муқаррар намуданд. Дар айни замон ҳангоми муайян кардани сарҳаддот қад-қади д. Панҷ, онҳо фақат манфиатҳои савақулҷайшӣ (стратегӣ) ва сиёсии худро ба назар гирифта, ба манфиатҳои мардуми маҳаллии ҳар ду ҷониби рӯди мазкур заррае ҳам аҳаммият надоданд. Аз ин рӯ, нисфи Дарвозу Шуғнону Вахон дар Афғонистон ва нисфи дигар вилоятҳои мазкур дар ҳайати Бухорои Шарқӣ қарор гирифтанд.

“Бо ин сарҳадмуайянкунии ғайритабиӣ манфиатҳои вилоятҳои марбута сахт халалдор гардиданд” — навишта буд шарқшиноси бузурги рус В. В. Бартолд. “…

Кай миллати мо ба худ меомада бошад?

Кай мо аз бародаркушӣ, якдигарро “сиёҳ” кардану аз бародари хунии худро душмантарошӣ кардан, даст бармедошта бошем?

Магар бас нест, ба бахотири ҷоҳу ҷалол, сарвату давлат фарзандони фарзонаи миллати худро қурбон кардан?

Кай дар ҷумҳурии мо мардум ба ҷои иди кадуву ҷашни асалу харбуза “Рӯзи Нангу НОМӮС!!!”-ро қайд мекардагӣ мешаванд?…

PS:// Бузургию тавони МИЛЛАТ дар ИТТИҲОД аст!!!

 

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *