Осиёи МарказӣСиёсат

Лавҳаи ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд дар Порис

Салоҳиддин Раббонӣ, роҳбари Ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон дар як изҳорот дар саҳифаи фейсбукиаш аз номи пайравони Ҷамъият ба ҳукумати Фаронса, алахусус ба шӯрои шаҳри Париж барои  насби лавҳаи ёдбуди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд изҳори сипос намудааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз лавҳаи ёдбуди қаҳрамони миллии кишвари Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро яке аз шӯроҳои шаҳрӣ дар яке аз роҳҳои шаҳри Париж расман насб мекунад ва роҳ ба номи ӯ гузошта хоҳад шуд.

“Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, рамзи барҷаста ва дурахшони озодӣ, демократия ва адолати мардуми Афғонистон аз таърихи ҷиҳод ва муқовимат ифтихор мекард ва тамоми умри худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сарф мекард. Қаҳрамони миллии кишвар, ҳамон тавре ки ба истило ва таҷовуз алайҳи ҷиҳод муқовимат кард, ҳеҷ гоҳ ба монополия ва золимӣ дода нашуд ва дар мубориза бо чунин афкор дудилагӣ нишон надод.

Аз ин сабаб, гиромидошти қаҳрамони миллии Афғонистон дар воқеъ эҳтиром ба ҳамаи афғонистониҳои озоду одил, қурбониҳо ва қаҳрамониҳои мардуми Афғонистон мувофиқи ин ҳадафҳои баланд аст”- омадааст дар изҳорот.

Аз саҳифаи “Империяи бузурги форсӣ”.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *