Илм ва маориф

Магар дурӣ аз сиёсат натиҷаи камоли адаб ва рисолати равшанфикр аст?

Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик

Чаро баъзе зиёиёни тоҷик дурӣ аз сиёсатро натиҷаи камоли адаб ва рисолати рӯшанфикрии худ медонанд? Чор хислате, ки онҳоро дер ё зуд ба ин натиҷа мерасонад, дар як мақолае баён ва нашр карда будам, ки ин ҷо бо баъзе ислоҳоти ҷузъӣ бознашр мекунам.

Ҳоли мардум баёнгари вазъи равшанфикрӣ аст

(2 декабри 2015)

АВОМФИРЕБӢ (ПОПУЛИЗМ)

Такаббур ва авомфиребӣ (популизм) баъзе зиёиёнро вомедорад, ки ҳар чӣ бештар варақҳоро бо музахрафот ва ҳазён сиёҳ кунанд. Чун онҳоро дар илму адаб ва фарҳанги ҷаҳонӣ эътироф накардаанд, мехоҳанд бо роҳи авомфиребӣ байни мардуми худ мавриди писанд қарор гиранд. Аз ин рӯ, он чӣ авом намеписандад, онҳо намегӯянд. Он чӣ мегӯянд, ки обшуста ва пучу газоф, яъне бе ҳадафи инсонӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст.

Ин зумра зиёиён, бо сабаби дониши маҳдуд, забоннодонӣ, бегонаситезӣ ва тарсуию беҷуръатӣ, худнамоӣ мекунанд. Дар ҳоле ки онҳо аз кору пайкор канор мегиранд, барои ҷуброни ин вазъ бо журналистон суҳбат мекунанд. Чаро? То ки онҳоро дар расонаҳо тарғиб (реклама) кунанд. Ҳамин аст, ки дар Тоҷикистон ҳамеша равшанфикрони сатҳи авом маъруфу машҳуранд. Бо сабаби кибру ғуруре, ки доранд, вале онро дар байни донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ наметавонанд нишон диҳанд (пучиро чӣ гуна мешавад ба намоиш гузошт, ки ба ҷуз расвоӣ чизе намеорад!), дар байни мардум медароянд ва бо забони омиёна ва сатҳи фаҳмиши қаторӣ ва пешипоафтодаи онҳо худситоӣ мекунанд. Аз дигарон чашмдоранд, ки онҳоро мадҳу сано гӯянд. Ин тоифа ба ҷуз авомфиреб (популист) чизе нестанд.

ФУРСАТТАЛАБӢ (ОППОРТУНИЗМ)

Дигар хислати ин тоифаи ба ном зиёӣ фурсатталабӣ ва ё ба забони китобӣ оппортунизм (аз забони лотинӣ – opportune, яъне фурсат, имкон) мебошанд. Чун онҳо ҷасорат надоранд ва дар айни замон мехоҳанд дар байни мардум шуҳрату ном дошта бошанд, манфиатҷӯ мешаванд. Ташаббускор нестанд, балки сахт эҳтиёткору мулоҳизакор ҳастанд. Политкорректанд, яъне он чӣ сиёсати рӯз талаб мекунад, ҳамонро мегӯянд, вале фақат дар зоҳир ба ин сиёсат вафодоранд. Дар ботини онҳо чӣ мегузарад, дигар аст. Чун вазъияту фурсат иваз шуд, онҳо ҳам иваз мешаванд, ранг мебозанд ва ниқоби сиёсати навро ба рӯи худ мекашанд. Садрӯ ҳастанд. Ҳар чӣ сиёсатмадорон гуфтанд, тӯтивор ҳамонро мегӯянд. Аз изҳори ақида меҳаросанд ва ончуноне мегӯянд, ки на дӯст ранҷаду на душман, ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр. Ҳар як порае аз нутқ ва ҳар як шаммае аз кори онҳо ончунон санҷидашуда аст, ки дар он ҳама чӣ ҳаст ба ҷуз мавқеъ: мавқеи шаҳрвандӣ дар назди мардуми худ ва мавқеи инсонӣ дар назди ҷаҳониён.

Сар то пои зиёимаоби фурсатталаб манфиат аст. Дину мазҳаб ва ақлу дониши ӯ манфиат мебошад. Чун манфиат ҳадафи омехта бо тарс аст, аз ин рӯ, ин тоифа одамон фаъол нестанд, балки бемасъулият, пассив ва кунду карахтанд. Ба ҷои онҳо дигарон андеша мекунанд ва тасмим мегиранд. Равшанфикри асил масири таърихро иваз ва муайян мекунад. Зиёимаоби фурсатталаб ба мисли авом ба тақдир бовар дорад ва ба он тан додааст. Сабаби шикасти равшанфикри тоҷик, ки боиси шикасти давлату миллати ӯ низ мегардад, ҳамеша ба ҳамин хислатҳои тарсуӣ ва манфиатҷӯӣ, ки якҷоя фурсатталабиро ташкил медиҳанд, рабт доштааст.

ОРОМИШТАЛАБӢ (КОНФОРМИЗМ)

Равшанфикри тарсу ва манфиатҷӯ, ки ба курсии мақому манзалат ва ҷоҳу ҷалол нишаст, хислати дигаре ба худ касб мекунад. Ин хислати оромишталабӣ (конформизм)аст: галстук бастану шиму костюм ба бар кардан ва дар курсии роҳат нишастан. Шояд ин гуна равшанфикр худро аз назари сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар оромию осудагӣ бубинад. Вале ӯ худро аз назари маънавӣ ва фикрӣ ба ихтиёри доми худкушии тадриҷӣ медиҳад. Дигар чизакҳои ҳақиронае мегӯяду менависад, то дигарон ақаллан фаромӯшаш накунанд. Виҷдонаш ҳанӯз куллан намурдааст.

Як заминаи таърихии фурсатталабӣ дар зеҳн ва фарҳанги тоҷик ба бархӯрдҳои сиёсие бармегардад, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар сарзамини ӯ, ки минтақаи Осиёи Марказии имрӯзаро фаро мегирад, ба вуқӯъ мепайвастанд. Қавму қабилаҳои бегона зуд‑зуд ба ин сарзамин ҳуҷум мекарданд ва дар аксарияти маврид ҳокимиятҳои маҳаллиро шикаст медоданд ва ба ҷои онҳо ҳокимияти худро барпо мекарданд. Дар ин гуна вазъият он қишри ҷомеа, ки онро мо имрӯз равшанфикр меномем, тамошобин ва миёнарав буд. Бо ин сабаб, онҳо дар хизмати ҳокимон қарор мегирифтанд. Барои ҳифзи ҷон ва молу ҳолашон худро ба қавму қабилаҳои муҳоҷим мутобиқ мекарданд. Ба хоҷаҳои пешинаи худ хиёнат мекарданд ва ба навдавлатон савганди вафодорӣ медоданд. “Зиракии сиёсӣ”‑и онҳо дар он буд, ки назора мекарданд, кадом қабилае ғолиб меояд, то ки зуд ба тарафи ӯ гузаранд. Ҳамин буд, ки дар мадҳу ситоиши золимтарин халифаҳои Аббосӣ чун Ҳорунаррашид ва султонҳои туркии Салҷуқиён, Ғазнавиён, Усмониён ва Темуриён шеър мегуфтанд ва рисолаҳои ирфонию ахлоқӣ ва гоҳе сиёсӣ менавиштанд. Шояд ҷисман дар осоишу оромиш буданд, вале рӯҳан худро ва таъриху фарҳанги миллии худро ба коми нестӣ супурда буданд.

Ҳамин хислати фурсатталабӣ ва оромишхоҳӣ буд, ки бисёре аз равшанфикрони комунистмаоби мо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ якбора муллову ҳоҷӣ шуданд. Шаҷараномаҳои худро тартиб доданд, ки гузаштагони онҳо на “коргару деҳқони одӣ ва камбағал” (аксиомае, ки талаби замони шӯравӣ буд), балки тураву эшон ва хоҷаву сайид будаанд. Онҳо интизор доштанд, ки ба зудӣ давлати исломӣ барпо мегардад, ки ҳуҷҷати он на шиносномаи миллӣ, балки шаҷараномаи насабӣ аст. Насабсозӣ ва насабтарошӣ ягона кашфиёти равшанфикрони тоҷик дар давраи Истиқлол аст. Аммо таҳаввулоти охир интизориҳо ва умедвориҳои онҳоро аз даст додааст. Худи онҳо дар ҳолати шок қарор доранд. На чизе мегӯянд ва на чизе эҷод мекунанд.

МУҲОФИЗАКОРӢ (КОНСЕРВАТИВИЗМ)

Билохира, хислати дигари зиёимаобони тоҷик муҳофизакорӣ (консервативизм) ҳаст. Ба мисли Ҷамароти Макка, вазифаи онҳо ба худ гирифтан ва баргардондани санги маломати дигарон дар нисбати таъриху фарҳанги миллати тоҷик аст. Тасаввур кунед, чӣ кори беҳуда ва абас аст, вақте ки хонаат дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, дигарон ҳушдор медиҳанд, вале аз фарти ҷаҳл ва нангу номус онро дифоъ мекунӣ. Зиндагии худро дар ин вайронаи пурхатар идома медиҳӣ ва роҳгузарро, ки ба вазъияти ту бетараф нест, душману бадхоҳи худ меҳисобӣ. Вазъи равшанфикрони муҳофизакори тоҷик чунин аст. Онҳо ба назарияи тавтеа (суиқасд; теория заговора) бовар доранд. Мегӯянд, халқи тоҷик хислатҳо (характерҳо)‑и бад, аз қабили танбалӣ, фориғболӣ, бесалоҳиятӣ, ноустуворӣ ва дурӯягиро надоранд, балки бадхоҳон ба ӯ инро нисбат дода, маҷбурӣ таҳмил кардаанд. Ё маслиҳат медиҳанд, ки статус кво, яъне рукуди таърихии худро ҳифз намоем, вагарна ҳаминро ҳам аз даст медиҳем (нигаред: Урун Кӯҳзод, “Магар тоҷик танбал аст?” 12 ноябри 2015, Пресса.тҷ; Абдуллои Раҳнамо, “Масъалаи амният сарнавишти давлатҳои Осиёи Марказиро муайян мекунад”, 19 ноябри 2015, Тоҷнюз).

Албатта, иваз шудани характери тоҷик дар масири таърих бо сабабу омилҳои гуногун вобастагӣ доштааст. Бахусус, дар асрҳои миёна онҳо куллан дигар шуданд. Мардуме, ки дунявӣ, сиёсӣ ва фалсафӣ буданд, мазҳабӣ ва сӯфӣ шуданд. Номи дуюми онҳо то ислом озодагон (озоткон) буд, вале дар давраи ислом мартабаи бандагӣ ва хоксориро бо ифтихор қабул карданд. Аммо як нукта бисёр муҳим аст, ки фақат дигарон сабабгор ва ё гунаҳкор нестанд, ки мо тағйири характер кардем. Баъдан, шояд (балки яқин аст!) то ислом ҳам ин қадар озода набудаем, вагарна бузургтарин мутафаккири худ – Маздакро золимона намекуштем, дар ҳаққи Бобаки Хуррамдин хиёнат намекардем ва ситамгороне чун Анушервони Сосонӣ ва Ҳорунаррашиди Аббосиро шоҳони одил ва саховатпеша намегуфтем. Ҳар боре ки як нафар ба бознигарии танқидии характери тоҷик мепардозад, зиёимаобони муҳофизакор дар байн медароянд ва хонаи фарсудаи худро аз ин “бегонапараст” ҳимоя мекунанд.

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *