Илм ва маорифТоҷикистон

МАҶАЛЛАИ “БУХОРОИ ШАРИФ” ШУМОРАИ 6 (БО ХАТТИ СИРИЛЛИК)

Нумраи 6. Якшанбе 12 Рабеъулохири санаи 1330 Соли аввал

№ 6 Воскресенье 18-го Марта  1912 г. 1-годъ (Изданiя)

Баргардон аз порсӣ ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

ТАРТИБ ЛОЗИМ АСТ

(Мобаъди нумраи собиқа)

Басо баъзе аз оқоёни уламо гумон кунанд, ки мо ҳам мисли порае ашхос мехоҳем уламои гузаштаро нисбат ба хато дода, билмарра асоси улуми исломияро маҳв намоем. Ё розӣ бошем, ки диёнати исломияро тарк намуда фақат тараққии умури дунявияро хоҳон бошем, ҳошо! Калло! Алъиёзбиллоҳ! Мо мухолифу зидди ин ақидаи ботила ҳастем. Мо мутараққии инсонияту тамаддунро дар тадйин медонем! Ва ашрафи адёнро дини ислом мехонем! Маъаҳазо ба фармоиши Мавлоно эътинои комил намуда, ва биъайнуляқин мебинем, ки фармуда:

“Дини покашро ба рой оростанд,

Гоҳ афзуданду гоҳе костанд.”

Мақсуди мо аз унвони “Тартиб лозим аст” он аст, ки тартиби саҳеҳу дурусте ба таҳсилоти худ пайдо намоем. Тартиберо ихтиёр намоем, ки мувофиқи Қуръон ва нақлу виҷдону ақл бошад.

Баъди инҳо агар тавфиқ ёрӣ намояд, умедворем, ки ин баҳсро тӯл бидҳем. Ва ба тавре, ки шоисту боист ба иттифоқи арбоби хубрат, аз ифодоти тараққӣ хоҳонам иттилоъ бидиҳем.

Рӯйи ҳамрафта тараққии ҳар миллат ва пешрафти ҳар қавму ҷамоат ба ин мешавад, ки овоз ба овоз дода, аз атрофу акнофи олам ақволи адибон ба як нуқта ҷамъ намоянд. Яъне баъд аз он, ки нияту мақсади ҳама якест ва ин аст, ки афрод миллати худро тараққӣ бидҳанд, бояд ҳар кудом мизони алоҳидиву ройи хос надошта бошанд. Балки ҳамагӣ аз хиёли ҳам хабардор шуда, нуқсони ҳамдигарро ислоҳ намоянд. Он вақт мумкин мешавад, ки хоҳиши худро анҷом бидҳанд ва ба таври дилхоҳ миллати афсурдаро пеш кашида ба саъодат бирасонанд.

Ҳоло мо мехоҳем аввалин дараҷаи тараққихоҳӣ ва миллатпарастиро дар ин сатрҳои парешон нишон бидҳем:

Агар чунончи мо хоста бошем тартиби саҳеҳе дуруст намоем, агар мо бихоҳем, ки миллати худро масъуд бибинем, онҳоро бедор созем, мувофиқи вақту мутобиқи замон асбоби таълимот ва саноеъу фунуни онҳоро ҷамъ намоем. Аввалин фаризаву вазифаи нафиза иборат аз он аст, ки ба истисвобу иҷозаи ҷаноби олӣ (манзур амири Бухоро – И.Н.) ҷамъияти нашри маориф двр Бухорои шариф тартиб бидҳем. Модом, ки ин ҷамъиятро надорем, модом, ки бо як забон гӯё ҳастем, албатта аз ҳар тараф муъориза дида, дучори ихтилофот хоҳем шуд. Он вақт хубу бад, ҳарчи бошад, аз тартиботи собиқаи худ ҳам маҳрум хоҳем монд.

Соҳиби ҳар рой, дастае барои худ дуруст намуда, бад аз собиқ ба таъну радди ҳамдигар хоҳанд кӯшид. Миллати бечора ҳам ҳайрат ба ҳайрат хоҳад афзуд.

Аз қарори маълум ва масмуъ ҷаноби олӣ домат шавката ҳам иродаву азимат ба ин навъ ташкилот доранд. Мехоҳанд, ки раъияти худшон дар улуму маъориф тараққӣ намоянд.

Зиҳӣ ҷои таассуф аст, ки аз ин фурсат истифода нанамуда, вақтро абас бигзаронем!

Умедворем, ки арбоби маорифу уламо дар садад буда, ҳарчи удтар чунин ҷамъияте ташкил фармоянд. Иҷолатан ба ҳамин қадр, ки гуфтем: “ҷамъияти нашри маорифе лозим дорем”, иктиҷо намуда, агар аз тарфи оқоёни маорифпарвар тасвиби ин арзро фаҳмидем, кайфияти ташкилу маромномаи ҷамъиятро бар мост, ки арз намоем.

Бақия дорад.

Ҷалол

***

ТИЛГРОФОТИКА

Ҳафдаҳуми моҳи морт ба Идораи мо расидааст.

Петербурғ – Аз тарафи аълоҳазрати импиротурӣ амр шудааст, ки маҷлиси мабъусон аз 17-и моҳи морт то 9-уми моҳи оприл таътил бишавад.

Дар аслаш имзо шудааст.

Николой (подшоҳи Русия – И.Н.)

***

Ландан – Дар маҷлиси мабъусон 226 рой бар зидди 208 рой лоиҳаи қонуни ҳаққи интихоб доштани занонро рад намуданд. Ин амр мӯҷиби таъаҷҷуби умум шудааст.

САҲИФАИ 2

Хӯй – Ба ҳукумати Дайламоназ тарафи хони Мокӣ, Алиқулихон обоҷӣ таъйин гашта, бо чиҳил нафар савора ворид шудааст. Ин ҳокими шашумест, ки аз замони вуруди асокири рус иваз мешавад.

***

Хӯй – Як даста обсуриҳоро, ки аз Урумӣ ба Тифлис барои касб мерафтанд, чаҳор нафар дузд мехостаанд, ки ғорат кунанд. Обсуриҳои беаслиҳа ду нафари инҳоро бо ҳила гирифтаанд ва баъд ба асокири рус дар Хӯй хабар додаанд. Онҳо омада дуздҳоро бурдаанд. Маълум шудааст, ки ин савораҳо – савораҳои давлатӣ будаанд.

***

Рим – Хабари мувассақ ҳаст, ки ба ҷиҳати музокираи дувал бо Туркия дар бораи сулҳ, давлати Итолиё шуруъ ба ҳаракати ҷангҷӯёна нанамуда, дар боргоҳҳои Бомби ва Зоур мунтазир ба ҷанг хоҳад шуд.

***

Петербурғ – Вазири дарбор аз Сомубулувски хабар медиҳад, ки аълоҳазрат импиротур бо шоҳзодагон дар Сомубулувски таваққуф намудаву калисои бузургро зиёрат намудаанд.

***

Петербурғ – Вазорати умури дохила ба ҷамиъи ғубурнотур (ҳоким)-ҳо таклиф карда, ки ба зудӣ ба дуруст намудани  сиёҳаи (мусаввада – И.Н.) интихобкунандагон барои интихоби оянда ҳозир бишаванд. Аз тарафи вазорат барои ин амр ҳукми махсусе хоҳад шуд.

***

АХБОРИ МАҲАЛЛӢ ВА ТУРКИСТОН

Кушандаи фойтунчии бухороӣ ба иқдомоти ҳукумати Бухоро пайдо шудааст.

***

ВАСИЯТИ МУХТАСАРӢ

Аҳолиро иттилоъан арз мешавад, ки аз кашфиёти ҳолия маълум шудааст, ки зурроти ҳия (ё: ҳита, ё: ҳина..? – нуқот мавҷуд нест ва “ҳия حیه”  хонда мешавад – И.Н.) (миқрубҳо – идораи рӯзнома) аз дасту нафаси мардум ба ҳамдигар гузашта, боиси сирояти баъзе амроз мешаванд.

Чунончи дар миёни аҳолии ин мамлакат маъмул аст, пулҳоро фойтунчиву ҳалвогару соири асноф ба даҳанашон мегиранд, баъд аз он дар оварда ба муштариҳо медиҳанд.

Ин амал аввало сабаби кароҳият, сониян сирояти баъзе амроз аст. Албатта ин одати манфурро тарк бояд намуданд, ё худ ашхосе, ки олиманд ба ҷиҳати таъдиб (адаб додан – И.Н.) бифаҳмонанд, ки ин кори зиштро накунанд.

ВАСИЯТИ ДИГАР

Наздикии истгоҳ (воғзол) бозори мурғфурӯшӣ ҳаст, ки ҷойи фойтунчиҳоро танг намудаанд. Ашхосе, ки аз воғун пиёда шуда, мехоҳанд савори фойтун шаванд, ба воситаи издиҳоми бозорчиҳои мурғфурӯш бисёр маътал мемонанд. Ин амр ҳам иллати баъзе беназмиҳост.

Хуб мешуд, ки ҷойи ин бозорро тағйир дода, гузаргоҳи мутараддидинро вусъат медоданд.

***

ТУРКИЯ

Аз ҳаштуми морт дар тарафи Румайлӣ шуруъ ба мино (асбоби иштиғолияи таҳти дарёист) андохтани Босфур шуда.

***

Дар Буғоз (Дордонил) чаҳор мино таркидааст. Сабаби таркиданаш маълум нест. Давлати Туркия аз тарснок будани киштиронӣ дар Буғозҳо хабардор мекунад. Киштиҳо бояд дертар, баъд аз соати сеи баъд аз зуҳр ба Буғоз (шояд манзур аз ин калима бандар бошад – И.Н.) дохил нашаванд.Чунки нохудоҳои (капитанҳо – И.Н.) аскарӣ вақт надоранд киштиҳои бухории кундравро нохудоӣ кунанд. Гӯё худи нохудоҳо ҳам ҷоҳои миноро хуб намедонанд.

Ба ин ҷиҳат ҳаракати киштиҳо хеле тарснок аст.

***

Дар давоири сиёсии Петербурғ тасдиқ мекунанд, ки дар вақти субҳат вазири хориҷаи Русия Созонуф бо сафири Туркия Тархон пошшо изҳор кардааст, ки ҳукумати Русия қатъ намудааст, ки дар масъалаи ҷанги Туркия – Итолиё бетараф бимонад.

***

Ҳазрати султон ва валиъаҳди хилофат (манзур халифаи Рум аст – И.Н.) дар породи намоиши “зобит”-ҳои соҳибмансабони тоза итмоми таҳсил карда, ҳозир буданд. 394 “зобит” таҳсилро тамом карда буданд. Аз ин ҷумла як нафар юнонӣ, чаҳор нафар арманӣ, ва як нафар яҳудӣ будааст.

Имтиҳони дигар дар ҳамин сол дар моҳи июн буда, 455 нафар зобит (ضابط) таҳсили худро тамом хоҳанд кард, аз он ҷумла чанд нафар хочпараст (салибӣ, масеҳӣ, – хоч/хоҷ – салиб, чалипо. – И.Н.) хоҳанд буд.

***

Дар деҳи Ҳайволиқ (حیوالق) мобайни интихобкунандагон ва жондормаҳо мусодима гашта, ду нафар жондорма (пулис – жандарм. – И.Н.) ва чанд нафар интихобкунандагон мурдаанд.

***

Аз Петурбурғ хабар медиҳанд, ки мобайни дували муаззама мубодилаи афкор мешавад, ки ба ҳукумати Туркия таклифи итмоми ҷангро чи тур бояд намуд.

***

ЭРОН

Теҳрон – Ҳукумати Эрон дар ҷавоби худ ба нутаи Русу Инглис аҳдномаи соли 1907 –ро қабул намуда, ва хоҳиш мекунад, ки давлатайн истиқлолияти Эронро муҳофиза кунанд.

Ҳукумат умедвор аст, ки ин дувал баъд аз ин Муҳаммадалиро аз хиёлоти гирифтани тахт ҷилавгирӣ кунанд ва ба зудӣ аз мамлакати Эрон аскори хориҷиро берун намоянд.

***

СОЛОРУДДАВЛА

Солоруддавла ба хориҷ шудан аз Эрон розӣ нашуда, дар ҷавоби суфарои рус ва инглис изҳор кардааст:

“Ман ба Эрон ба ҳукми онҳо наомадаам, ки ба ҳукми онҳо ҳам биравам!”

Баъд аз Наврӯз Солоруддавла мехоҳад ба тарафи Теҳрон ҳаракат кунад. Дар бораи ин масъала суфарои русу инглис бо вазири хориҷа мубодилаи афкор намуда, вазири хориҷа гуфтааст, ки ба зудӣ ба муборизаи Солоруддавла қушуни зиёде фиристода хоҳад шуд.

(Абулфатҳ Мирзо Солоруддавла зодаи 1260 дар Табрез ва даргузашта ба соли 1338 дар Искандария, аз мардони сиёсии даврони Қоҷор ва писари дуввуми Музаффариддиншоҳ буд.

Пас аз инқилоби машрута аз Эрон рафт ва дар ҳимояти бародараш Муҳаммадалишоҳ, дар Курдистон даст ба шӯриш заду Санандафро гирифт ва аз Маҷлиси Шӯрои миллӣ хост то бо Муҳаммадалишоҳи махлуъ ҳамкорӣ кунад.

Баъд аз узли Муҳаммадалишоҳ дар Вен ба бародари худ мулоқот намуд ва барои бозгардонидани салтанати бародараш аз роҳи Усмонӣ вориди Эрон гардид. Бо ҷамъ овардани лашкаре аз айли Кулҳар, Ҷоф, Санҷобӣ ва Лур, тавонист Кирмоншоҳ ва Ҳамадонро тасарруф кунад. Дар набарди нахуст бо машрутазоҳон таҳти роҳбарии Амир Мафхами Бахтиёрӣ пирӯзи аз они Солоруддавла гардид.  Сипас бо сӣ ҳазор қушун равонаи Теҳрон шуд. Дар набарди дуввум, ки миёни ӯву машрутахоҳон бо роҳбарии Амир Мафхами Бахтиёрӣ дар наздикии Сова даргирифт, ба сахтӣ шикаст хӯрд ва ниҳоят аз саҳнаи набар фирор кард. Маҷлис барои боздошт ва ё қатли ӯ 25 ҳазор тумон ҷоиза таъйин намуд ва ӯ тавонист аз ин ҳукм ба Усмонӣ бигрезад.

Чанд сол баъд боз вориди Эрон шуда Ҳамадонро гирифт ва ин бор аз қушуни Япрамхон шикаст хӯрд ва бори дигар аз Эрон фирор кард.

Баъдҳо бо миёнҷигарии русҳо ҳукумати Гелон ба ӯ супурда шуд вале чанде нагузошт, ки боз исён кард ва ин бор қазоқҳои Сохлуи Гургон аз ӯ ҳимоят карданд. Ин бор ҳам коре карда натавонисту аввал ба Усмонӣ гурехт ва сипас сокини Миср гардида, дар Хурдоди соли 1338 дар Искандарияи Миср даргузашт.

Бо истифода аз “Донишномаи озод” – И.Н.)

***

Теҳрон – Дар ҳама ҷои Эрон иғтишош аст. Ғайр аз Рашту Қазвину Кирмон, дар ғайр аз инҷоҳо, ҳеч ҷо ҳокиме нест.

***

МАКТУБ

Аз Бухорои шариф

Дар шумораи аввали ҷаридаи фаридаатон ихтор карда будед, ки аз нашри рӯзномаи мо мақсуд ғайр аз хизмати исломият нест, мундариҷоти он мутобиқи Қуръони карим ва заруриёти исломия буда, аз бародарони исломӣ дар хусуси ин хидмат кмеди иъонат дорем.

Аввалан аз иқдоми шумо ин хизмати бузургро як ҷаҳон ташаккур менамоем. Асолатан аз худ, ниҳоятан аз тарафи умуми ҳамватанон табрик намуда, аз самими қалб муваффақияти он ҷанобро дар анҷоми ин хизмати босаъодат ба тариқи мустақим ҳақнависӣ аз ҳазрати аҳадият хоҳонем.

Баъд аз арзи ташаккуру имтинон маъруз мешавад, ки мо аҳолии Бухоро ҳеч наметавонем, ки аз ӯҳдаи адои шукри ин ҳама алтофи раббонӣ ва аътофи субҳонӣ, ки дар айёми давлати босаодати ҷаноби олӣ – амир, ба аҳолии ватани азизи мо ба зуҳур расидаву мерасад, бароем. Чи бар ҳамаи мо рӯшан аст, ки аз муддати ҷулуси майманатмаънуси ҳумоюнӣ ба ҳама ҳол ҳиммати шоҳонаву таваҷҷуҳи хусравона масруфи адлгустарӣ ва раъиятпарварӣ буда, бадеҳист, ки муҳофизати қавонини шаръия ва ислоҳи  аҳволи раия ҳама вақт малҳузи хотири қудсияттахмири ҳазрати подшоҳи дилогоҳ будаву мебошад.

Хусусан дар ин айёми масарратҳангом ба муносибати сайри Наврӯз аз айни отифату файзи макрамати шаҳриёрӣ рӯзгор дар айни майманату комронӣ, замона ҳамоғӯши шоҳиди омолу шодмонӣ буда, раъоёи давлати абадмуддат аз ҳар тараф мараддаи ин ишрату шодмониро ба садои ташаккур ва табрику дуъои давлати ҷаноби олӣ ба сомеъи дуру наздик мерасонанд.

Ин тазйини мутантани наврӯзи султонӣ ҷаҳониёнро дар вартаи таҳаййуру тафаккур андохта, маҳалли таҳсину мавриди офарини ошнову бегона гардид.

Аммо ҷойи таҳассур инҷост, ки маъалтаъассуф масҷиди ҷомеъи Пояндае, ки яке аз ҷумлаи ҷавомеъи бузурги дорулхилофа (пойтахт – И.Н.) маҳсуб меёбад ва мақорини Арки ҳумоюни олист,  маҳаллаи байъу шарои (хариду фурӯш – И.Н.) касабаи бесару по ва нишастгоҳи авоми колониъом гардида, баръакси қавонини исломия, аз ҳолати назофату эҳтиром ба дараҷае баромада, ки ҳеч мусулмони соҳибҳусн баъди мушоҳидаи ин ҳолат аз виҷдони худ розӣ намешавад, ки ҳамчунин ҷомеъи шарифе (масҷиди ҷомеъ – И.Н.) ба ин ваъи ҳолия бошад.

Мартабаи эҳтиром ва покдоштани масоҷид то чи дараҷа будан ба умуми аҳли ислом, хусусан ба аҳолии ватани муқаддаси мо, ки маҷмаъи уламои изом ва манбаъи фузалои киром аст, аз ҳарчи зиёдатар маълум аст, ки ҳазрати шореъ пайи равони шариати худро ба эҳтироми масоҷиду пок доштани он амр карда ва аз сӯиэҳтирому адами назофати масоҷид наҳй фармуда.

Пас, ба мо аҳли ислом эҳтироми масоҷид ва пок доштани он маъмураву акси он “منحی عنه” буда, маҳзи шарафи исломият арзи холисона намуда, назари диққати авлиёи ҳукуматро дар хусуси ин аҳволи асаф иштимоли ҷалб менамоем. Риҷои (умеди-И.Н.) афви ҷасорат дорам.

Имзо: Қ.М.

***

ТАЗМИНИ МУЪАШШАР

Касе ба болиши ғафлат, ки иттико бикунад,

Гумон мадор, ки тадйини ӯ Худо бикунад.

Ба одаме, ки бихоҳад Худо қазо бикунад,

Қазо мувофиқи табдиру ройи мо бикунад.

Ҳар ончи хост, мусаллам ҳамон адо бикунад,

Мариз агар ба мараз хоҳиши даво бикунад.

Бибоядаш ба табиб ояд илтиҷо бикунад,

Вагарна чораи дардаш чиро? Куҷо бикунад?

Дило! Бисӯз, ки сӯзи ту корҳо бикунад,

Ниёзи нимашабӣ дафъи сад бало бикунад.*

Ҷ.

(* Байти охир аз Хоҷаи Шероз – Ҳофиз аст. – И.Н.)

***

ТИҶОРАТУ САНОАТ

Рӯзномаи “Т.К.” хабар медиҳад.

Дар Петурбурғ дар иҷтимоъи шӯрои намояндагони тиҷорати, маҷлиси махсус дар таҳти садорати Изнор барои музокираи масъалаи издиёди тиҷорати рус дар Бухоро ва Афғонистон ташкил додаанд.

Ҳамин маҷлис кори худро тамом намуда ва иҷрои умури зайлро лозим шумурдааст:

1) Хатти роҳи оҳане бояд аз васати мамлакати Бухоро то сарҳади афғон кашида шуда, ва дар онҷо бо роҳи оҳани мавҷуд муттасил шавад. Чунки роҳи дигаре, ки битавонад ҳамлу нақли молуттиҷора ва сарнишинонро дар Осиёи Вусто арзон намояд, нест.

2) Бояд огентигарии тиҷоратии русӣ дар Бухоро ташкил дода шавад. Чунки аз беназоратӣ, маъмурини Бухоро ва

САҲИФАИ 3

махсусан ҷамъкунандагони молиёт аз ҳамаи молуттиҷораи рус, ки аз Русия ба Афғонистон меравад, молиёт мегиранд.

Лозим донистаанд, ки дар сарҳади Бухоро ва Афғонистон гумрукхонаҳо гузошта шавад. Махсусан ба мустаҳфизини роҳи Сарой ихтиёри томи гумрукхонаҳо дода шавад.

Ба гумрукхонаҳои Русия, ки дар канори Ҷайҳун ҳастанд, ҳаққи назорат ба гузар(гоҳ)ҳое, ки дар дасти маъмурини Бухоро аст, дода шавад. Ва ффаслҳои гумрук дар бораи баъзе молҳо, ки ба Афғонистон мераванд, табдил шавад.

Аҳаммияти тиҷорати русро дар Афғонистон ба назар гирифта, мехоҳанд қарор бигзоранд, ки ҷамъияте бо иштироки намояндагони ҳамаи идороту тиҷорату саноат ташкил дода шуда, масоилеро, ки ба тиҷорати рус дар Бухоро ва Афғонистон марбут аст, музокира намоянд.

***

АХБОРИ ДОХИЛА

Петербурғ – Тилғирофе, ки аз тарафи кунфаронси баҳрии байналмилалӣ ба хидмати аълоҳазрати импиротурӣ фиристода шуда буд, ба вазири баҳрия чунин ҷавоб расидааст:

Аз изҳори ҳусниёти кунфаронс муташаккир гардидаву пешрафти кори онҳоро хоҳонам.

(Никулой)

***

Петербурғ – 2 нафар солдот бо гулулаи туфанг рутместер (соҳибмансаб) Молчевскиро куштаанд. Ба мавқеъи ҳодиса маъмурини аскарӣ рафтаанд.

***

Петербурғ – Рӯзномаи “Зивиздо” ба торихи 15- и морт тавқиф шуд.

Мудири маҷаллаи “Совиримюнти мир” 250 ва мудири рӯзномаи “Вечер Нувупримо” ҳам 250 сум аз тарафи “қородо ночолники” ҳокими Петербурғ ҷарима шудаанд.

***

Лудз – (шаҳри ғарбии Русия) – Се нафар шаси номаълум пулисро куштаву таппончаи “Моузир”-и ӯро бурдаанд.

***

Қоқонруқ (?) – (Русия) – 14 морт даҳ нафар ашхоси мусаллаҳ ба истгоҳи роҳи оҳани сархати Маскав – Йикотирин ҳуҷум карда, қаровулчиро кушта, 2740 сум бардошта пинҳон шудаанд.

***

Кииф (Киев-И.Н.) – (шаҳри Русия) – Дар пилони тайёраи ҷадиди ҷангӣ Сикурски бо чаҳор нафар сарнишин дар арзи як соат сад чоқрим парвоз намуда, риқурдро (яъне ваҷҳи муайяне, ки байналмилал таъйин шуда, то касе, ки аз ҳама ҷилутар бияфтад, он ваҷҳ ба он кас тахсис мешавад) ин шахс бурдааст.

***

Петербурғ – Мудири аввали ислоҳи арзӣ Кировошаин ба Туркистон озим шуданд.

Ба маҳоли Сайҳун, Самарқанд, Фарғона хоҳанд рафт, ба арзоии пахта (панбакорӣ) ва корҳои обёрӣ ва ба ҷоҳои муҳоҷирин нигоҳ хоҳад кард.

(Маълум аст, ки муҳоҷирин гуфта, аҳолиеро, ки аз Русия овардаву дар ин ҷойҳо искон додаанд, дар назар дорад. И.Н.)

***

АХБОРИ ДУМО

Маҷлисро боз мекунад Волкунски. Масъалаи қарзи шаҳрҳо музокира мешавад.

Баъд чанд лавоеҳи қонун бе мубоҳиса қабул мешавад.

Таклифи вазири молия дар бораи бонки миллӣ мӯҷиби баҳси зиёд мешавад. Баъд низомномаи умумии моҳигириро музокира намуда,  шуруъ ба музокираи масъалаи пайдо намудани ваҷҳ барои иншои боркоҳо музокира мешавад. Барои ин амр 216 милюн лозим аст. Муъаррифи кумисюн таклиф мекунад, ки харҷи авввалии ин боркоҳоро ки 93 милюн сум аст, хуб аст, ки ҳукумат ба ӯҳдаи худ бардошта ва дар арзи панҷ сол, ҳар соле 18 милюн бидҳад.

Кумисюни молия ба ин таклифи ҳукумат розӣ шудаву таклиф мекунад, ки музокираи ин масъала таъҷилӣ бишавад.

Лоиҳаи қонун дар бораи иншои боркоҳои Ҳоҷӣ Тархон ва Влодивостук қабул мешавад.

Таклифи вазири хориҷа дар бораи ин, ки ҳама мудохилоти боркоҳо бояд ба хазина бирасад, бе музокирае қабул мешавад.

Масъалаи лоиҳаи қонуни маъодини нафт музокира қабул мешавад, ки ҳукумат ҷоҳои нафтдорро ба зудӣ ба иҷора бидиҳад. Масъалаи сарбастии макотиби олияро ба мавқеъи музокира гузошта, баъзе аз вукало ҳаракоти вазири улумро дар бораи мадориси олия танқид намудаву баъзе таъриф мекунанд.

***

АХБОРОТИ ХОРИҶА

Ландан – Таътили фаълаҳои зуғолсанг аз се ҳафта то шаш ҳафта тӯл хоҳад кашид. Чунки маҷлиси мабъусон талаби фаълаҳоро қабул намекунад.

***

Ҳукумати Миср пружа ва тарҳу таркиби обёрӣ намудани Мисри поиниро ба масофаи чаҳорсад ҳазор қиктур (ҳектор-И.Н.) қабул намудааст.

Мақсади ин пружа он аст, ки мамлакатро мисли замони қадим маҳсулдор кунад. Ин кор ба шаст милюн фронк – тақрибан сӣ милюн сум тамом хоҳад шуд.

***

Мугадан – Аз манобеъи бохабар хабар медиҳанд, ки  гӯё мобайни Русияву Ёпун барои ҳаракати муттаҳидона дар Шарқи Ақсо эътилофнома баста шудааст.

Ба хабари дигар, фақат эътилофи муваққатҷ барои ҳаракати муттаҳидона намудан дар сарҳади Чин баста шудааст.

***

Берлин – Дар маҷлиси мабъусони Гирмониё дар вақти музокираи будҷаи вазорати хориҷа муовини вазири хориҷа  дар масъалаи сиёсати хориҷӣ изҳор кардааст, ки давлати Олмон бо дигар дувал ҳамрой аст дар ин, ки ба корҳои Чин дахолат накунад.

Лекин дар вақти лузум ҳаракати муттафиқонаи дувал ҷиддан ба масъалаи тақсим шудани давлати Чин зиддият хоҳад кард. Бояд давлати Чин мустақил мондаву дарҳои тиҷорат барои ҷамиъи дувал боз гардад.

Ба изҳори муовини вазири хориҷа дар бораи зиёд намудани харҷи асокири мустаҳфизи Олмон дар Чин ба маблағи шашсаду панҷоҳ ҳазор морк, (тақрибан сесад ҳазор сум)  кумисюн розӣ шудааст. Баъзе аз сусиёлистҳо (ҳурриятталабҳо) ҳам ба ин амр рой додаанд.

***

Тукию – Дар маҷлиси мабъусон ҷавоби вазири хориҷа ба суоли вукало дар бораи масоили Чин хонда шуд.

Дар ҷавоби худ вазир мегӯяд, ки давлати Жопун дар ҷануби Манҷуриё манофеъ дошта, давлати Русия дар шимоли Манҷуриё манофеъ дорад ва ба ин ҷиҳат баъзе масоил дар бораи муҳофизати манофеъ, ин ду давлат доиман бо ҳам мубодилаи афкор мекунанд.

***

Берлин – Вақти кор кардан дар иншои (сохтани – И.Н.) роҳи оҳани барқӣ дар зери замин, қаноли об шикаставу чанд чоқрим роҳи ҳозирро (омодаро – И.Н.) хароб кардааст.

***

Пешовар – Сесад хонавор оташ гирифтаву сӯхтааст.

***

Мукдин – (Манҷуриё) – Дастаи хунхузҳо, яъне “ғоратгарон” шаҳри Кунисёнро ғорат намудаву ҳокимро куштаанд. Аз Мукдин қувва фиристода шудааст.

***

Рим – Як даста аз вукалои маҷлиси Итолиё ба Тароблис озим мешавад, ки ба вазъи ҷанг ошно бишаванд.

***

Пекин – (пойтахти Чин) – Ба ҷиҳати ихтилоф дар миёни сарбозҳои салтанатӣ муҳофизини раиси ҷумҳур зиёд шудаанд. Дар наздикии манзили раиси ҷумҳур 1500 нафар аскар гузошта шудааст.

***

Ландан – (пойтахти Инглис) – Дафъаи дуввум дар маҷлиси мабъусон ба музокираи ҳаққи интихоб доштани занҳо шуруъ шудааст. Ба мӯҷиби ин лоиҳаи қонунӣ тақрибан як милюн зан ҳаққи интихоб хоҳанд дошт.

***

Рим – Дар мавқеъи музокираи смети (сиёҳаи махориҷ) вазорати хориҷа Қонжулёну  изҳор кардааст, ки дар ин вақт эзоҳот доданро ба суолот дар бораи сиёсати байналмилалӣ бо мавқеъ намедонад.

***

Рим – Рӯзномаи “Трибуно” хабар медиҳад, ки дар ин рӯзҳо чанд марокизи “стротезӣ” (яъне мавқеъе, ки дар вақти ҷанг аҳамияти зиёд дорад – Идораи рӯзнома./ истротежик – И.Н) дар халиҷи Бумба ва Кибриноикӣ, ки дар оянда маркази ҳаракати баҳрияи Итолиё хоҳад гардид, аз тарафи Итолиё, аз тарафи Итолиё ишғол карда хоҳад шуд.

(Дар охири ин саҳифа номи мудирони рӯзнома ва соҳиби имтиёзи он ва дар зери он  рекломҳои “Корхонаи муҳри сирри резин ва таҳаррук-и Ё. Коплун дар Бухорои Нав. Фармоишот дар матбаъаи Левин қабул мешавад” ва меҳмонхонаи “Турон” бо матни: “Меҳмонхонаи “Турон”

Бухорои куҳна, саройи Ойим.

Гост. “Туранъ”

Ст. Бухара. Сарай Аимъ

Меҳмонхонаи аввалест, ки ба таври Урупо(ӣ) боз шудааст. Дар меҳмонхона мавҷуд аст матбахи аъло дар таҳти назорати ошпазҳои моҳири урупоӣ ва осиёӣ. Ҳар рӯз лавозимоти тоза харида мешавад.

Мавҷуд аст: чойӣ, қаҳва, наҳору шом суфра боз аст. Аз соати 7 субҳ то 12 шаб дар буфет ҳама ҷур машруботи хунук ҳозир аст. Нам(р)аҳои хубу покиза аз 75 тин то 3 сум.

Соҳиби меҳмонхона М.Ф. Курниюкуф

Сод. М.Ф. Корнюковъ

САҲИФАИ 4

Ҳамон рекломҳои шумораҳои пешинро ба такрор оварда.

Баргадон аз порсӣ аз рӯи аксҳои рӯзнома ва тавзеҳ: Исфандиёри Назар

Нашри ин матолиб бо зикри номи таҳиягар муҷоз аст.

Аксҳо: Солоруддавла – ки дар ин шумораву шумораи пешин аз ӯ ёд шудааст.

Бахше аз саҳифаи 3-и “Бухорои шариф”

Related Articles

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *