АхборҲуқуқи башар

Мирзои Салимпур: “ Рӯзҳои наздик “Бомдод” фаъъол хоҳад шуд”

Муассис ва сардабири сомонаи “ Бомдод” рӯзноманигор Мирзои Салимпур  дар як суҳбати телефонӣ бо “Равзан” аз барқарор шудани саҳифаи фейсбукияш ва дар рӯзҳои наздик дубора фаъъол шудани сомонаи “ Бомдод” хабар дод ва гуфт, ки саҳифаи ӯ дар Фейсбук аз аввали моҳи январ бар асоси шикоятҳои беасоси “Фермаи ҷавоб” аз ҷониби раҳбарияти ин  шабакаи иҷтимоӣ   масдуд шуда буд. Дар ҳамон рӯзҳо буд, ки фаъъолияти сомонаи хабарии “Бомдод” низ ба далели маризии сардабираш муваққатан фаъолияташро мутаваққиф сохт. Ӯ изҳор дошт, ки “тири мунофиқин бори дигар хок хӯрд ва Худо хоҳад  рӯзҳои наздик “Бомдод” низ дубора фаъъол хоҳад шуд”

Сомонаи иттилоотии “ Бомдод” охири соли гузашта пас аз қатъи фаъъолият намудани сомонаи “Ахбор” арзи ҳастӣ намуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон сомонаи мустақили “Ахбор”-ро, ки дар шаҳри Прага мустақар буд,  моҳи апрели соли гузашта ба рӯйхати вебсайтҳои мамнуъ дар кишвар дохил кард. Мақомот торнаморо ба он айбдор карданд, ки “ба созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  ва Паймони миллӣ хидмат мекунад”. Он замон Мирзои Салимпур ин иттиҳомотро рад карда, баста шудани онро як амали ғайриқонунӣ ва ҳамлаи рӯйирост ба озодии матбуот арзёбӣ намуд ва гуфта буд, ки сомонаи “ Ахбор”  ба ҳеч созмон ё ниҳоде тааллуқ надорад.

Сомонаи “Ахбор” моҳи ноябри соли 2016  ба кор оғоз карда, хабарҳои марбут ба Тоҷикистону минтақаро беғаразона ва бедуни парда бозтоб медод. Ба гуфтаи Мирзои Салимпур  дар муддати тақрибан чаҳор соли фаъъолияти сомона  хабару гузоришҳои нашркардаи онҳоро беш аз 27 миллион бор дидаанд. Дастрасӣ ба ин сомона беш аз ду сол боз дар Тоҷикистон масдуд буд.

Пас аз он Мирзои Салимпур   охири соли гузашта ба далели эҷоди  баъзе мушкилоти ҳуқуқӣ сомонаи мустақили “Ахбор”- ро баст ва ба ҷои он сомонаи хабарии  “Бомдод”- ро таъсис дод.

Рӯзноманигор Мирзои Салимпур аз соли 2000 дар дафтари радиои Озодӣ дар Душанбе ва аз соли 2002 дар маркази радиои Озодӣ дар Прага фаъолият мекард. Ӯ пас аз хатми  риштаи иқтисодии ДДМ дар соли 1990  дар нашрияҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Адолат” ва “Чароғи рӯз” кор кардааст. Барандаи ҷоизаи Дэшил Ҳаммет (1995) мебошад.

Бояд гуфт, ки вазъи озодии баён дар Тоҷикистон сол то сол бад мешавад.   Тоҷикистон дар феҳрасти озодии баёни Хонаи Озодӣ дар соли 2020  дар мақоми 178-ум, 15 зина болотар аз даҳгонаи кишварҳое ҷой дошт, ки бадтарин вазъи матбуотро доранд.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *