АхборОсиёи МарказӣСиёсат

Мулоқоти Аҳмад Масъуд бо раисҷумҳури Фаронса

Раисҷумҳури Фаронса Иммануэл Макрон дар Кохи Ализа  Аҳмад Масъуд – фарзанди Қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъудро ба ҳузураш пазируфта, бо ӯ мулоқот намуд. Дар ин бора Аҳмад Масъуд дар саҳифааш дар Твиттер хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки Аҳмад Масъуд аз раисҷумҳури Фаронса ба хотири номгузории маҳалле дар Порис ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд изҳори сипос кардааст ва наққошии падари худро ба ӯ тақдим намудааст. Ҷонибҳо ҳамчунин  дар мавриди вазъияти Афғонистон ва ҳамкории Иттиодияи Аврупо барои барқарории сулҳ дар ин кишвар суҳбат кардаанд.

“ Раисҷумҳури Фаронса муборизоти шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд дар баробари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва Толибону Алқоидаро дурахшонтарин намунаи озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ тавсиф кардаву омодагии Фаронса барои ҳимояти давомдор аз мардуми Афғонистонро эълом дошт”- омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки ду рӯз пеш дар маросиме бо ҳузури шаҳрдори Порис, Аҳмад Масъуд, Абдулло Абдулло-раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, Ҳомид Карзай- раисҷумҳури пешини Афғонистон ва як теъдод аз мақомҳои дигар дар як маҳаллаи шаҳри Порис маросими  пардабардорӣ аз лавҳи Аҳмадшоҳ Масъуд баргузор гардид.

Мақолаҳои монанд

Шарҳи Шумо

Нишонаи электронии Шумо нашр нахоҳад шуд. Ҳошияҳои ҳатмӣ ишора шудаанд *